Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ҲАЖДАҲУМ



Анвар аз хобаш саҳар барвақт хест,
Гарчи шаб бевақт ӯ хобида буд.
Баъди ноништо, китоберо гирифт,
Ҷониби дарёча раҳпаймо бишуд.

Рафта дар соҳил ба он санге нишаст,
Ки шабе бо Лола дар он менишаст.
Фикр бурдаш… Сила кард он сангро,
Гӯиё, мезад ба мӯи Лола даст.

Буд дар оғӯши дашт оғози кор,
Пахтачинон сӯи саҳро раҳсипор.
Ногаҳон овард Анварро ба худ,
Он суруди Лолааш, аз пахтазор.

Мушкил аст, оре, агар дар дил бувад
Шавқ аз як сӯю ғам аз як тараф.
Аз ҳамон рӯзе таваллуд ёфт ишқ,
Сина мебошад ба тири ғам ҳадаф.

Гар намешуд ишқ, шояд зистан
Мешуд осон дар ҷаҳон аз баҳри кас?
Чист маънои ҳаёту зиндагӣ,
Чун набошад андар он ишқу ҳавас?..

Сохтмон дорад ривоҷу равнақе,
Ин ба Анвар шодмонии дил аст.
Давр ӯро менавозад, лек нест
Баҳри ӯ лутфе зи ёраш, мушкил аст.

Хест аз ҷо, бо муҳаббат чашм дӯхт
Бар ҳамон сӯе, ки он ҷо Лола буд.
Пас ба сӯи сохтмонҳо рӯ ниҳод,
Раҳравон аз таҳти дил ӯ ҳам суруд:

"…Дашти беоб аз самар холист,
Дили беишқ ҳам мисоли он.
Дашти беобро кунун ғам чист,
Ба сараш нур борад ин даврон.

Дар ҳақиқат замони мо некӯст,
Даштро ташналаб намемонад.
Дили ман ташнаи висоли туст,
Ту магар дил надорӣ, фаҳмонад?

Синаро мефишорад, оҳ ин дил!..
З-он гаҳе шоду гоҳ ғамгинам,
Ростӣ ҳам, барои ман мушкил,
Лаҳзае лутфи ту намебинам…"

Ногаҳон омад ба ёдаш, ки варо
Кардаанд таклиф мактаббачагон.
Бояд он ҷо рафта, ӯ сӯҳбат кунад
Дар хусуси нақшаҳои сохтмон!
***

Офтоб аз теғаҳои кӯҳсор
Чун қади як найза боло сар кашид.
Деҳаро бо пахтазорони васеъ,
Бо иморатҳои он дар бар кашид.

Лола дар ин дам қанори пахтаро,
Ки худаш танҳо варо пур карда буд,
Бар сари хирман биёварду бирехт,
Теппа-теппа, ҳар тараф, аз пахта шуд.

Боз гашт ӯ ҷониби кораш, вале
Бо чӣ фикре, аз раҳаш истода монд.
Баркашид оҳ аз ҷигар, оҳи чуқур,
Пас чунин андеша аз дил бигзаронд.

"Азму ғайрат мекунӣ аз таҳти дил,
То ки бошад кору борат пурсамар.
Хуб корат, боз меёбад фишор
Сина аз дил! Оҳ, ин дил фитнагар.

Кас намедонад, ки чун аз ихтиёр
Сабру тоқат меравад хамроҳи дил.
Кас намедонад, ки рӯзе бар сараш
Боз ин дил оварад фикри чигил.

Оҳ, Анвар, ёди он даври хуше,
Бо ту лутфу меҳрубонӣ доштам!
Бехабар аз бевафоиҳои ту,
Дар дили худ шодмонӣ доштам…"

Риштаи фикри варо ногоҳ канд
Шарфаи пову суруди Гулнисо.
Лола боз аз ҷӯяки нав сар намуд,
Пеши роҳаш дар табассум пахтаҳо!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »