Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ҲАБДАҲУМ



Мешавад оҳанги ҷонбахши суруд
Аз забони Лола дар саҳро баланд.
Медиҳад дар кӯҳу дашт акси садо,
Ҷӯр мегардад ба он илҳоми ман.

"Дил ба туғён ояд аз шавқи тамошои Шумо,
Дида вақти кор бинад рӯи зебои Шумо.

Азматон бемислу монанд аст дар кори Ватан,
Боиси хурсандии мо кори аълои Шумо.


Дардро ҳаргиз набинед, эй рафиқони азиз,
Дард оҷиз пеши бозуи тавонои Шумо…"

Гулнисо омад ба назди Лолаю
Гуфт оҳиста ба гӯшаш ин сухан:
– Лолаҷон, дигар нагуфта "қилу қол",
Ин амонатро бигир аз дасти ман.

– Ин чӣ?
– Аввал гир инро, пас бипурс.
– Боз хат-ку, ҳеҷ вақтам нест, мон.
– Хон канӣ, дар ин чиҳо бинвиштааст,
Мумкин аст фикри муҳим бошад дар он.

…Як нигоҳе кард сӯи Гулнисо,
Номаро вақте тамоман хонда шуд.
Кард пас бар нуқтаи дуре нигоҳ,
Гӯӣ, баъд аз кори сахте, монда шуд.

Сахт хатро Лола, баъд аз он, фушурд
Бо ду дасту муддате хомӯш монд.
Бо чӣ фикр, онро зи нав бикшода, боз
Гашта-гашта ким-куҷояшро бихонд.

Як лабонашро газиду пас бигуфт:
– Он касе, бошад ба аҳдаш устувор,
Дил диҳӣ, арзандаву зебанда аст,
Метавонӣ кардан аз вай ифтихор.

Булҳавас Анвар, дугона, булҳавас,
Нағз медонам хаташ аз баҳри чист.
Ончуноне, ки Ҳабибҷон гуфта буд,
Ҳоҷаташ бар духтари қишлоқ нест.

– Лола, ин беҳудагӯиро бимон,
Ки ба шаъни ту намезебад, бидон.
Кай Ҳабиб бар ту "Ҳабибҷон" шуд, аҷаб!?
Мешавӣ то кай зи Анвар бадгумон?

Дар давоми солҳо санҷидаӣ,
Гар ту Анварро надонӣ, ин бад аст.
Булҳавас не, ӯст марди бовафо,
Кардаӣ бовар ту бар як худпараст.

Лола маҳзунона гуфто: – Гулнисо,
Илтимос, андак маро танҳо гузор!..
Шуд намоён дар бари рухсори ӯ,
Бо арақ омехта, ашкаш қатор.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »