Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ШОНЗДАҲУМ



– Диққат! Ин ҷо радиои "Октябр".
Бишнавед ахбору эълон мухтасар.
Кори саҳроӣ назар бо рӯзи пеш
Хуб дар суръат, сифат ҳам хубтар.

Шуд плони пилла иҷро, дӯстон,
Мешавад иҷро плони ғалла ҳам.
Як-ду фоизи дигар мондасту бас,
З-ин шуморо, дӯстон, огаҳ кунам.

Лолаҷон имрӯз ҳам пеш аз ҳама,
Байрақи Сайёра дар дасташ ҳанӯз.
Мондааст Исмат – звено дар қафо,
Дина кардаст кор ӯ то ними рӯз.

Дар клуби боғ аввал лекция –
"Пахтакорӣ, нафъи он бар ҷамъият".
Лектор аз шаҳр ин ҷо омадаст,
Лекция дорад ба мо хуб аҳмият.

Инак, оҳанги наверо бишнавед! –
Шуд суруди фораме он гаҳ баланд.
Сайру гашти мардумон оғоз шуд,
Мисли ҳар бегоҳи деҳи дилписанд.

Кард аз район Анвар бозгашт,
Як ҷаҳон шавқ андаруни синааш.
Котиби райком ӯро шод кард,
Гардид иҷро мақсади деринааш.

Дар дигар колхозҳо барпо шавад
Дар асоси нақшаи ӯ қасрҳо.
Хотири ӯ чун наболад з-ин сухан,
Шӯҳрати ӯ меравад бар ҳар куҷо.

Бо хаёлу орзуҳои хуше
Шуд ба мавҷи рафтуо ҳамроҳ ӯ.
Бар иморатҳо назар андохта,
Ногаҳон бар дӯстон шуд рӯ ба рӯ.

Гуфт Исмат баъди андак пурсупос:
– "Шер ё рӯбоҳ" гаштӣ, ҷӯраҷон?
Дар ҷавоб Анвар табассум карда гуфт:
– Шер ман, парво накун, корам калон.

Гулнисо, Исмат бигуфтанд: – Офарин!
Мо ҳам инро аз ту будем интизор.
Боварӣ дорем, Анварҷон, кунун,
Ки тамоми кори ту гирад барор.

– Чун шумо, вақте ки дорам дӯстон,
Кори ман албатта меёбад ривоҷ.
Лек, танҳо монда як кори чигил,
Баҳри бикшодан намеёбам илоҷ.

– Гар ки натвонӣ кушодан як чигил,
Пас худатро "шер" мегӯӣ чаро?
Гулнисо гуфто, ки: – Дар чанголи ишқ
Шер ҳам афтад, намеёбад даво!

– Ҷӯра, аз ин ҳеҷ гаҳ ғамгин нашав,
Дар ҳама корат қадам неҳ шервор.
Гулнисои ман кушояд ин чигил,
Ғуссаву андӯҳро як сӯ гузор!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »