Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ПОНЗДАҲУМ



Бо телефон дар кадомин борае
Менамуд парторг ин дам гуфтугӯ.
Гуфтаҳои он тарафро гоҳ-гоҳ
Рад намуда, қатъиян мегуфт ӯ:

"Ин заруру он дигар камаҳмият –
Гуфтани мову Шумо фикри хатост.
Ҳамқатори соҳаҳои дигаре
Сохтмонро пеш бурдан кори мост.

Ҳеҷ мумкин не, ки кори сохтмон
Андаке аз дигараш монад қафо.
"Оммаро бо як назар бин" гуфтаанд,
О, тасаввур мекунед инро Шумо?

Гап ҳамин… Фаҳмида шуд? Бисёр хуб!
Сонитар ман ҳам ба он ҷо меравам.
Бо раис ҳам маслиҳат кардем мо,
Интизор андак ба Анвар мешавам…"

Анвар аз дар шуд намоёну бигуфт:
– Омадам, манро Шумо пурсидаед?
– Ҳа, Шумо лозим, писарҷон, марҳамат,
Камтарак гап дорам, ин ҷо биншинед.

Баъд аз он парторг аз ҷо хеста,
Аз стули паҳлуи Анвар нишаст.
– Хӯш, аз аҳволатон пурсам, писар,
Корҳотон сусттар гардидааст?

– Не, ба фикрам он қадар бад нест кор,
Ҳар чӣ бошад, тоб овардан зарур.
Ман ҷавон, бо азму меҳнат баҳри ман
Мушкилиро бартараф кардан зарур!

– Ин дуруст, Анвар, тамоман ин дуруст,
Кор омӯзад ба кас дарси ҳаёт.
Институти зиндагонӣ меҳнат аст,
Меҳнат аст орандаи бахту нишот.

Воқеан бояд бигӯям бар Шумо,
Нақшаҳое ки Шумо кардед равон,
Дод бар ман котиби райком хабар,
Ки шуда мақбул баҳри сохтмон.

Котиби райком даъват кардааст,
Субҳдам бояд ба назди ӯ равед.
"Гар дигар колхозҳо ҳам, – гуфт ӯ, –
Инчунии созанд – хуб!.." – огаҳ шавед.

Чун зи парторг ин суханҳоро шунид,
Анвар аз одат бурун дилшод шуд.
Гуфт: – Раҳмат, меҳрубон Оқил амак,
Бениҳоят ин хабар шодам намуд…

Шод берун гашту аз дил бигзаронд:
"Мешавад симои деҳи мо дигар.
Шодам аз ин ҳол, аммо чора чист,
Лола аз ҳолам намеҷӯяд хабар.

Гарчи ҷонамро бисӯзад ишқи ӯ,
Не, намеоям ба кори хеш суст!..
Мешавад рӯзе, ки мефаҳмад худаш,
Гар нафаҳмад, айби ман не, айби ӯст."



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »