Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ЧОРДАҲУМ



Рӯзи тобистон ниҳоят гарм буд,
Аз замин як ҳавли тафсон медамид.
Аз фазо гармии нури офтоб
Бар сару гардан чун сӯзан мехалид.


Офтоби кишвари мо гарм, лек
Ин ба меҳнатпарварон набвад писанд.
Байни саҳро авҷи меҳнатро бубин,
Гарчи тафси рӯз мебошад баланд.

Ҳо, ана он – пахтазори Лола аст,
Азми духтарҳо ба кори худ қавист.
Дар рухи онҳо арақро бингаред,
Он арақ аз офтоби дигарест. –

Офтобе, ки даруни дил бувад.
Он ҳарорат дорад аз меҳри ҳаёт.
Он арақ, оре, бувад з-он офтоб
Чун нишони мардиву азму сабот.

Аз замини пахта дар пеши назар
Менамояд сохтмони деҳа хуб.
Дар сари девори нав марде, ба ӯ
Техника, бин, мерасонад хишту чӯб.

Ҳо, ана, бо роҳи нав аз тарфи кӯҳ,
Рафта меоянд мошинҳо қатор.
Сангу рег оранд онҳо, то шавад
Боз чандин пойдевор устувор.

Аз лаби дарё, дар ин дам, сӯи деҳ
"Оҳу пуф" бинмуда, меомад Ҳабиб.
Навдае бигрифта бар ҷои асо,
Ки варо бибридааст аз шохи себ.

Тӯппиашро нимта монда рӯи қош,
Ки бурун аз он намоён нисфи мӯй.
Тугмаҳои куртааш бикшодагӣ,
Инчунин дар чангу хок олуда рӯй.

Ким-чӣ бӯе бар димоғи ӯ расид,
Чун ба назди хона омад бозгашт.
Модараш ин дам ҳазориспандро
Дуд карда, гирд-гирдаш мегузашт.

Гирд мегашту чунин мехонд ӯ:
"Ҳар балое бошад, аз тан дур кун.
Дарди сарро аз сарам берун намо,
Чашми бадбинони моро кӯр кун!"

Дида ин кирдори модарро Ҳабиб,
Инҷ бинмуда лабонаш, ханда кард.
Гуфт: – Модарҷон, худам дидам ба чашм
Аз дари моён гурезон рафт дард.

– Садқаат модар, биё, гирди сарат
Давр гардонам ҳазориспандро.
Ин гиёҳи ҳазрат аст, аз дуди он
Мегурезад аз тани кас ҳар бало.

– Ман ҳамеша розӣ ҳастам, дуди ин
Гар намояд Лоларо дилбанди ман.
– Аз сарат гардам, ту шаккокӣ накун,
Баҳри бахтат ин ҳама, фарзанди ман!..

Лек дар оғӯши саҳро кор бин,
Сохтмонро бин ту дар оғӯши деҳ.
Дида, гӯӣ: "Аҳли меҳнат, то абад
Бош фирӯзу саодатманд зеҳ!

Дар ҳамин дам, дар яке ҳавлии хурд,
Гуфтугӯи модару фарзанд буд.
Дар ҳамин дам корашон, рафторашон,
Дар сари дуди ҳазориспанд буд.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »