Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ СЕНЗДАҲУМ



Кӯчаҳо ором, аҳли деҳа хоб,
Ҳеҷ овозе намеояд ба гӯш.
Ҷуз навою чир-чири паррандагон,
Ҷуз садои мавҷи рӯди пурхурӯш.

Хонае дар меҳмонхона. Нигар
Анвар он ҷо мекашад рӯҳан азоб.

Мекунад андеша бо тарзи дигар,
Лола ҳам, шояд, намуда тарки хоб.

Гирд мегаштанд Анварро ба сар
Ким-чӣ хел андешаҳо парвонавор:
"Дил ба ту бастам, магар кардам хато?
Бурдаӣ аз ман ту орому қарор.

Ваъда додӣ, қавл додӣ, ин чӣ гап,
Будаӣ бар аҳди худ ноустувор.
Ё ки дар банди фиреб афтодаӣ?
Ман надорам ҳеҷ наздат эътибор.

Бурдаӣ аз ёдат оини вафо,
Дил, надонам, дигареро бохтӣ?
Ошиқи деринаатро з-ин сабаб,
Мумкин, аз ёдат бурун андохтӣ?

О, чаро охир, намефаҳмӣ маро,
Лолаи фасли баҳорам, гӯш дор.
Ман зи рафторат ба ҳайрат мондаам,
Фикри бадро аз хаёли худ барор!

Хонаҳои кӯҳна дар мо беш не,
Одамони кӯҳна ҳам монанди он.
Вақти он омад, ки онҳо нав шаванд,
Гӯш бинмо, фаҳм инро, Лолаҷон!"

Баъди ин андешаҳо, аз ҷой хест,
Рӯи хона, ҳар тараф, мезад қадам.
Аз тиреза дид ӯро чун Ҳабиб,
Омад аз дар, гуфт: – Мумкин?.. Омадам.

– Марҳамат бинмо, ту дар ин ними шаб,
Доштӣ оё ба ман кори зарур?
– Раҳгузар будам, вале дидам туро,
Омадам пурсам, ки аҳволат чӣ тур.

Аз чӣ ғамангез чашмонат чунин,
Ё ки танҳоӣ туро дилгир кард?
Ё ки камхобӣ кашидӣ, ҷӯраҷон,
Мекунад оё ягон ҷои ту дард?


– Кор бисёр аст! – Анвар гуфту монд,
Бар саволи он дигар ҳарфе нагуфт.
Хонаро бигрифт хомӯшӣ фаро,
Бо чӣ фикре рози худ аз ӯ нуҳуфт.

Дид расми Лоларо вақте Ҳабиб,
Пой рӯи пой монда, гап кушод:
– Камтаре шарму ҳаё ҳам лозим аст,
Ин-ку кайҳо бар дигар кас қавл дод!?

Бохабар кардам туро дар роҳ ман,
Лек гапро карда андак пардапӯш.
Авф бинмо, ки рафиқат ман, чӣ хел
Дидаву дониста, биншинам хамӯш?

Боз мегӯям такроран, рафиқ,
Лола ҳаргиз нест лоиқ бар ту, дон.
Росташ, аз баҳри ин савдо гузар,
Ҷони худро дар азобу ғам намон!

Аз Ҳабиб Анвар чу ин гапро шунид,
Рост шуд аз ҷои худ беихтиёр.
Гуфт: – ин гапро, биё, таҳ карда мон,
Мақсади ман, фикри ман, ҳолост кор!..

Чун бидид авзои Анварро дигар,
Пас Ҳабиб аз ҷои худ бархост зуд.
Гуфт: – Шаб хуш, кор бошад, мешавад,
Хоб кун, бингар, саҳар наздик шуд.

Рафт ӯ… Анвар намеҷунбид зи ҷо,
Буд, гӯё, рӯи хона ҳайкале.
Ҳайкале, ки ботинан месӯхт ӯ,
Худ ба худ чун сӯхтори машъале!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »