Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ



Вар-вари мотоцикл омад ба гӯш,
Аз ҷануби пахтазор, аз дур, дур.
Ҳар қадар наздиктар меомад он,
Он қадар ҳам вар-вараш мегашт зӯр.

Вар-вари мотоцикл наздик шуд,
Наздик омад, наздик омад хаткашон.
– Марҳамат, Ориф ака, мактуб ҳаст?
Гуфт Ориф: – Шодиёна, духтарон.
– Ҳа, чӣ гап? Аввал бигӯ!
– О, тез бош!
– Гар бигӯям, шодиёна медиҳед!
– Тез гӯй.
– Аввал, канӣ, як рақс кун!
– Рақс-мӣ? Ҳозир.
Шумо қарсак занед!..

– Раҳмат! Акнун, хоҳаронам, бишнавед,
Хат наовардам, вале беҳтар аз он,
Ман газет овардаам, бинед, ана,
Ҳаст дар ин сурати сардоратон.
– Э, канӣ?
– Дар ин саҳифа, марҳамат.
– Нағз афтодаст расмат, Лолаҷон.
– Офарин, сардор!
– Раҳмат бар шумо.
Ҳосили кори шумо ин, дӯстон!

Дӯстон, аз ин ҳам акнун бештар
Саъю ғайрат кардани мо лозим аст.
Лоиқи таъриф монад корамон,
Эътибори мо нагардад ҳеҷ паст!

Ориф ояд, Гулнисо мекард ҳазл,
Дар лабонаш ханда меомад падид.
Лек ҳоло дида расми Лоларо,
Аз чӣ бошад, ки каме кайфаш парид.

Зери дасти Лоларо ӯ дошта,
Бурд онро аз дигарҳо дуртар.
Гуфт: – Чизе гӯямат, аз ман наранҷ,
Ҳар дуи мо – дӯсти қилногузар!

Нағз медонӣ, туро чун хоҳарам
Дӯст медорам, надорам фикри бад.
Ҳар қадар таърифу тавсифат кунанд,
Кӯр гардам, гар барам рашку ҳасад.

Лек аз имрӯза расмат дар газет,
Нестам, аз ростӣ, ҳаргиз ризо.
Менавиштам ман агар дар бораат,
Инчунин тасвир намекардам туро.

"Кори пахта нағз!" – гуфтаст, ин дуруст,
Дар хусуси сохтмон фикрат – хатост.
Ҳақ бувад Анвар, ту инро нағз дон,
Рост не-мӣ? Гӯй, айбаш дар куҷост?

Лола аз ин гуфтаҳои Гулнисо
Мот гашту бо тааҷҷуб лаб газид.
Духтарон машғули кори худ буданд,
Ин суханҳоро, фақат, Ориф шунид.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »