Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ЁЗДАҲУМ



Лоларо рӯзе дучор омад Ҳабиб,
Гапзанон рафтанд онҳо то клуб.
Буд шодии Ҳабиб беинтиҳо,
Ботинан хурсандиҳо мекард хуб.

Дар ҳамин ҳангом аз баҳри Ҳабиб,
Баҳри иғво вақти бобе ёфт шуд.
Байни гап наҳ мезад Анварро мудом,
Лола бар гапҳош диққат менамуд.

–Лолаҷон, кай боз дар дил доштам,
Бар шумо аз рӯи виҷдон гап занам,
Нағз медонед, ки дар ин деҳа
Хайрхоҳу одами холис манам.

Лек метарсам, ки гӯям, ногаҳон
Қаҳратон меояд аз гуфтори ман.
– Марҳамат, гӯед!
– Анварро Шумо
Дӯст медоред ҳамчун ҷону тан.

Ӯ ба ёри дигаре дил бастааст,
Мекунам исбот инро бар шумо.
Як рафиқам, ки ба Маскав рафта буд,
Ҳар дуро дидаст бо ҳам борҳо.

Бар Шумо чизи дигар мегӯяду
Лек бо вай сахт паймон бастааст.
Мактабашро чун намояд ӯ тамом,
Назди Анвар, росташ, меомадаст.

Гар набошад дар дилаш гап, пас чаро
Аврупоӣ хонаҳо барпо кунад?
Чунки дар ин хонаҳои тоҷикӣ,
Айб донад, дилбарашро ҷо кунад.

Дина бо чашмони худ дидам, ки ӯ
Баҳри ёраш кард мактубе равон,
Номи он духтар Мария будааст,
Рафтаву пурсед боз аз хаткашон.

Бар Шумо ҳаргиз муносиб нестанд,
Росташро гӯям, ин хел одамон.
Эҳ, мушкил будааст бишнохтан
Одамонро, меҳрубонам, Лолаҷон.

Лола то ҳоло зи гапҳои Ҳабиб
Гоҳ меранҷид, аммо ин сафар,
Чун шунид номи Мария, ногаҳон
Оташи рашкаш басе шуд шӯълавар.

Лола рафт… Омад зи дар шодон Ҳабиб,
Пас ба рӯи суфа якпаҳлу кашид.
Гарм буд оё ҳавои бегаҳӣ,
Куртаи шоҳии худро ӯ кашид?

Модараш чун нону чой оварда монд,
Гуфт: – Биншинед, модарҷон, Шумо.
Ончунон бахшид нафъе себатон,
Дар ҳақиқат ҳам Шумоед авлиё.

Лола аз Анвар тамоман рӯй тофт,
Ин далели хуби некӯии кор.
Боварӣ дорам, ки розӣ мешавад,
Гар фиристонед бар ӯ хостгор.

– Холаатро ту ҳазил донистаӣ,
Баъд аз ин донӣ ту ӯро хубтар.
– Эҳ, модар, бе Шумою холаам,
Метавонам зиндагӣ кардан магар?

– Хайр, илоҳо мақсадат иҷро шавад,
Холаатро шод кун, баҳри худо.
Нури чашмам, як сарупояш бикун,
То бароят боз бинмояд дуо.

– Ман ба ӯ, албата, меорам пагоҳ,
Якта не, балки, ду-сето куртавор,
Ин – фатире, гуфта, аз нӯги хамир.
Шод гардад, – кори ман гирад барор!..



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »