Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ДАҲУМ



Чун ба кас душворие пайдо шавад,
Ҳамдами ӯ мешавад фикру хаёл.
Анвар омад ними рӯз, ошуфта буд,
Ӯ нишаст оҳиста аз назди стол.

Назди стол гарчи ӯ биншаст дер,
Рӯи коғаз, лек, як ҳарфе набуд.
Даст бар пешонааш бинҳода ӯ,
Пас ба ин мазмун хатро сар намуд:

"Узр мехоҳам, Мария, то кунун
Гарчи ман мактуб нанвиштам ба ту.
Дӯстон бар дӯстон дар ҳолате,
Ки бувад душвор, меоранд рӯ.

Ҳаст дар ёдат, ба ман мегуфтӣ:
"Мешавам дар рӯзи тӯят меҳмон."
Ман кунун огоҳ месозам туро,
Тӯи мову Лола ҳоло дар гумон.

Лола ранҷидаст аз ман бесабаб,
Ӯ зи ман имрӯзҳо рӯ тофтаст.
Ман ба ҳайрат мондаам аз кори ӯ,
Эҳтимол, ӯ шахси дигар ёфтаст.

Дар дами тангию дилозурдагӣ,
Ҳамраҳи Саша ба ёд орам туро.
Дар дили худ орзуҳо доштам,
Дар вафову аҳд бошам чун шумо.

Ҷон Мария, дӯстам, ҳаммактабам,
Зиндагонӣ зиддиятҳо доштаст.
Корҳоям нағз, аммо Лолаҷон
Дар дили ман бори ғам бигзоштаст".

Такя кард Анвар пас аз ин бар стул,
Рост бар девор афтодаш назар.
Дид расми Лоларо…
Он дам бигуфт:
"Ханда кун бар ҳоли зорам бештар!?

Кош бинам бори дигар рӯ ба рӯ
Дар лабони нозукат ин хандаро.
Лек, расмат медиҳад ҳар дам фиреб
Анвари дар сина доғ афкандаро".

Кард Анвар боз бар кораш давом,
Охирин ӯ нуқтаи хатро гузошт.
Таҳ намуд мактубро, аз ҷой хест,
Шуд буруну хонаро танҳо гузошт.

Куртаи шоҳии сабзе дар танаш,
То ба абрӯяш хамида хаскулоҳ.
Ӯ равон оҳиставу ором буд,
Карда бар атроф бо диққат нигоҳ.

Мегузашт аз кӯчаи нав, ки дар он
Хонаҳои нав бино меёфтанд,
Хонаи вай ҳам дар ин ҷо мешавад,
Ҷои таҳкурсии он мекофтанд.

Эҳтимол, ин ҷой – ҷои Лола аст,
Аллакай гардида девораш баланд.
Бахтро бин, дар иморатҳои нав
Лолаву Анвар ба ҳам ҳамсояанд…

– Мондаҳо, Саркор амак, корҳо чӣ тавр?
– Нағз, аммо чӯб камчинтар ҳанӯз.
Техника мушкилкушо, ин хона ҳам
Мешавад тайёр баъд аз чор рӯз.

– Дастатон ҳаргиз набинад дардро, –
Гуфта Анвар, кард бар роҳаш давом.
Гуфт марде зери лаб аз пушти ӯ:
"Анвари мо лоиқи сад эҳтиром!"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »