Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ НӮҲУМ



Рӯ ба рӯи ҳамдигар биншастаанд
Дар идора Анвару Оқил амак.
Буд вақти шом… Анвар ким-чӣ гуфт,
Рафт дар фикре фурӯ Оқил амак…

– Хубтар фаҳмед, роҳи зиндагӣ
Гоҳ ҳамвор аст, гаҳ пасту баланд.
Пора бояд кард ҳар як садди он,
То ки ояд пеш роҳи дилписанд.

Баҳри истиқболи неки наслҳо
Дар талошу кор пухтан лозим аст.
Илматон ҳасту вале хомед, хом,
Хешро гиред маҳкамтар ба даст!

– Кошкӣ, Оқил амак, мисли Шумо
Мешудам пуртоб дар тоби ҳаёт.
Рафтанӣ будам ба шаҳр, аммо кунун
Бо Шумо монам ба корам умрбод.

– Хом нашморед, уко, тушбераро,
Аз худи Маскав Шуморо хостем.
Хомфикриҳо набахшад ҳеҷ суд,
Шартнома бо Шумо мо доштем.

Аксари мардум тарафдори Шумо,
Пас, Шумо ҳақ, нест ҷои гуфтугӯ.
– Баҳри ғамхориатон раҳмат, амак,
То тавонам, мекунам коре накӯ!

– Нағз медонед, гуфтам борҳо,
Дар правления ҳал шуд инчунин:
Колхоз дар кӯчаи нав, ҷони ман,
Дод баҳри ҳавлӣ ҷои дилнишин.

– Сарфарозам! – гуфта Анвар хест зуд,
Шуд ба сӯи меҳмонхона равон.
Ҷониби дигар бирафт Оқил амак
Дар шиои лампаҳои нурфишон.

Модари Лола кашида ошро,
Рӯи дастурхон даме оварда монд.
Шуд дари ҳавлии онҳо кӯфта,
Рафтаву бикшод дарро он замон.

– Марҳамат, парторг-ако, хуш омадед,
Ё шамоле ин тараф паррондатон?
Дар ҳақиқат ҳам, ба вақташ омадед,
Ош тайёр, интизори меҳмон.

– Бо шамоли дидани дидори дӯст
Омадам, хоҳар, ҳамеша шод бош.
Нағз бинад ҳар киро модарарӯс,
Мерасад ҳар ҷой ӯ болои ош!

Лола дар ин ҷо?
– Бале, омад зи кор.
– Ман дар ин ҷо, марҳамат, мо интизор.

– Лолаҷон, бардам, саломат ҳастӣ-мӣ?
Офарин, эй духтари овозадор.

Бишнидам, имрӯз ҳам корат сара,
Биншинетон, биншинетон, марҳамат.
– Бигзаред, Окил амак, аз ин тараф,
Ё стул орам-мӣ?
– Не, не, мешавад.

– Хоҳарам, – оғоз кард Оқил амак, –
Қасри колхозӣ шавад ин ҷо бнно.
Ҳар кӣ дар ин давр соҳибихтиёр,
Лек боре шав ба фикри мо ризо.

Аз қарори аҳли маҷлис рӯ натоб,
Хоҳар, аз ту илтимоси ман ҳамин.
Манзили нав медиҳад баҳри Шумо
Колхоз аз кӯчаи нав ҷои ин.

Модари Лола намонд, Оқил амак
То ки бинмояд гапи худро тамом.
– Не, ако, ман нестам розӣ ба ин,
Ҷои дигар баҳри ман бошад ҳаром.

– Фикри ман не, хоҳарам, ин фикри халқ,
"Нею нестон"-ат зи рӯи ақл нест.
Хайр, ман рафтам, худи ту фикр кун,
Фарқ байни оммаву як шахс чист…

Лола бар модар нигоҳе карду монд,
Бо нигоҳаш, гӯиё, мегуфт ӯ:
"Ман намедонам, чӣ ҳосил медиҳад
Пайравӣ бинмуданам бо фикри ту?!"
***

– Ҷӯраҷон, бо шавқ хондам дина ман
Ин асарро, бениҳоят шуд писанд.
Медиҳам ман маслиҳат, инро бихон,
Мешавӣ албатта хело баҳраманд.

– "Фома Гордеев"-ро кардам тамом,
Хонданӣ ҳастам китоби дигаре.

– "Баччагӣ", "Дар байни мардум"-ро бихон,
Ростӣ ҳам, хонда лаззат мебарӣ.

– Хондам онҳоро аз ин ду сол пеш,
Беш аз Горкий асарҳо хондаам.
Дӯст медорам ман осори варо,
Меҳр бар ҳар як каломаш мондаам.

– "Дони ором"-ро ту оё хондаӣ?
– Ҳа, бародар.
– Вақтат оё мерасад?
Кори саҳро беш, ҳастӣ бригадир,
Аз саҳар то шом он ҷоӣ фақат.

– Вақт, ин вобаста бо хоҳиш бувад,
Майли кас бошад ба хондан – вақт ҳаст.
Ҳар китоберо бигирам, дар ду шаб
Хонда онро, дигараш гирам ба даст.

– Ин қироатхона бой аст аз китоб,
Ҳар китобе хостӣ, пайдо шавад.
Лек ҷояш хурд, омад вақти он,
Ки бинои дигаре барпо шавад…

Дар ҳамин дам Гулнисову Лола ҳам
Омаданд ин ҷой аз баҳри китоб.
Рӯихатро дидаву ду номгӯй
Аз барои худ намуданд интихоб.

Аз қироатхона чун берун шуданд,
Анвар омад, дод бар онҳо салом.
Гулнисо истод бо Анвар каме,
Лола бошад, кард бар роҳаш давом.

Гулнисо бар Лола гуфт: – Оҳистатар,
Ин қадар аз баҳри чӣ дорӣ шитоб?
Ист андак, мақсади Анвар шунав!
– Мон, дугона, ман шунидам беҳисоб.

– Ин гапи нав, ӯ қироатхонаро
Ҳам васеу бобтар месохтаст.
Боз баҳри дӯстдорони китоб
Як зали озода меандохтаст.

– Дар ҳақиқат ҳам, плони ӯ васеъ,
Кори ман чӣ? Ман надорам эътироз.
Гашта-гашта маънии ин ҳолро
Гулнисо пурсид, ӯ накшод роз.

Гуфт: – Ин гапҳо надорад аҳмият,
Гулнисо, имрӯз филми нав, агар
Хоҳишат бошад, тамошо мекунем.
– Ман бипурсидам зи ту чизи дигар.

Мон, дугона, о, ҳамин ҳам кор-мӣ,
Рози худро доштӣ аз ман ниҳон.
Боварат мумкин намеояд ба ман?
Дӯстӣ – ин нест, охир, Лолаҷон!
– Қаҳр нанмо, ин "муаммо" худ ба худ,
Мешавад, албатта, рӯзе ошкор.
Ман чӣ сон бовар намесозам ба ту,
Илтимос, ин фикрро як сӯ гузор.

– Ман-ку парвое надорам, лек ту,
Ростӣ, з-ин кор мебинӣ зиён.
Гар нагӯӣ ҳам, ба ман ин равшан аст,
Пас, пушаймонӣ надорад суд, дон!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »