БОБИ ҲАШТУМ
Шаб…
Музайян хона аз нури чароғ,
Як тараф истода рафҳои китоб.
Хона чандон зебу зинат ёфта,
Мисли он ки боғу роғ аз офтоб.
Буд дар девор расми Лола ҳам,
Кокулашро гирди сар печонда аст.
Ордени Ленин ба рӯи синааш
Оламе ҳусну сафо афшонда аст.
Нақшаҳои сохтмони деҳи мо
Низ болои стол истодаанд.
Менишаст Анвар сарашро дошта,
Диққати худро ба онҳо карда банд.
Пас гирифт оҳиста бар дасташ қалам,
Шуд ба рӯи нақшаҳои хеш хам.
Гаштаю баргашта он хат мекашид,
Мегузошт аз шавқ ҷо-ҷое рақам.
Дастҳояш ончунон часпон буданд,
Дар ҷаҳон, гӯё, ба ин кор омадаст.
Гоҳ хат мезад, гаҳе хат мекашид,
Гоҳ бо фикру хаёле менишаст.
Шаб гузашт аз поси худ, аммо ҳанӯз
Анвар аз кораш намебардошт сар.
Ин на як шаб, аз паи ин кори худ
Кард ӯ чандин чунин шабро саҳар…
***
Нақшаҳоро кард Анвар пешкаш
Баҳри аҳли деҳа бо шавқи калон.
Маҷлиси имрӯза тезу тунд гашт,
Ихтилофи сахт омад дар миён.
Он касе, ки дошт фикри нав ба сар,
Шуд басе хурсанд аз ин нақшаҳо.
Вай намехоҳад, ки монад кулбааш
Дар қатори хонаҳои барҳаво.
Дигаре дар фикри он ки хонааш
Пурбаҳотар ҳаст аз қасри калон.
Чунки дар он зиндагонӣ кардаанд
Ҳам падар, ҳам модару бобои он.
Хуни нофи вай ҳам ин ҷо рехтаст,
Дар ҳамин ҷо рӯзи хуш омад ба ӯ.
З-ин сабаб мегуфт: "Дар он зистан,
Ҳаст баҳри ман фараҳбахшу накӯ!"
Он яке мегуфт: ин беҳуда аст,
Дигаре мегуфт: ин фикри дуруст.
Лола бошад, бетараф истода монд,
Бо дигар андеша ҳоло банд ӯст.
Модарашро гуфтаву гап сар кунад,
Мумкин Анвар ранҷад аз ин кори ӯ.
Гар ба Анвар ӯ тарафдорӣ кунад,
Модараш меранҷад аз рафтори ӯ.
Лек ҳайрон аст: охир, баҳри чӣ
Хонаи ӯ пеш вайрон мешудаст?
Хонаи баъзе касон з-он дертар,
Ё дар ин кораш ниҳон асрор ҳаст?
Дар ҳамин дам модараш бархост рафт,
Лола диду лек аз ҷо барнахост.
Гуфт: "То охир нишастан қарзи ман,
Инчунин рафтор аз ман норавост."
Буд равшан, ки аз Анвар модараш
Сахт ранҷидаст, аммо чора чист?
Лола фикре кард: "Анвар баҳри ман,
Раъю хотир, лоақал, мекардагист…"
Дод бар Анвар сухан вақте раис,
Бо чапак ӯро гирифтанд пешвоз.
Аҳли залро бигзаронид аз назар,
Гуфт: – Ҳастам бо шумо ман сарфароз.
Аз баромадҳо, рафиқони азиз,
Бар шумо гардид равшан, ҳам аён.
Баъзеҳо бо фикри ман норозианд,
Лек бо ман аксарият дӯстон.
Ман гирифтам дар ҳамин ҷо хатчае,
Лек бе имзост, ин бисёр бад.
"Ҳуй Анвар, ҳеҷ аз ёдат набар,
Зӯри беҳуда миёнро бишканад!"
Ҳозирон хандида аз ин як назар
Кардаву монданд сӯи ҳамдигар.
Садри маҷлис дар тааҷҷуб монда буд,
Чун шуд аз маънои он хат бохабар.
Дод Анвар бар гапаш аз нав давом:
– Бар шумо маълум, ман аз пеши худ
Н-омадам ин ҷо, шумоён хостед,
Ки дили ман ҳам ниҳоят шод шуд.
Мумкин аст, ин буд з-он, ки ҳар ваҷаб
Хоки ин деҳа бароям пурбаҳост.
Роҳи умрам сар шуд ин ҷо, гуфт дил:
Сар шавад корат ҳам аз ин ҷо – равост.
Дар хате, ки ман гирифтам аз шумо
Гуфта мешуд: "Давлати колхозамон,
Бештар аз пахта меафзояд, ин
Медиҳад имкон барои сохтмон…"
Кам итоаткори аксар, гуфтаанд,
Ин хати бе ном, охир, баҳри чист?
Ҳар касе бинвиштааст ин хатчаро,
Нағз донад, – зӯри мо беҳуда нест!
Зери мавҷи қарсаки пурғулғула,
Анвар аз минбар фаромад бошитоб.
Шояд аз баҳри тамошо буд, ки
Аз тиреза чашм афканд моҳтоб.
Маҷлис охир ёфт, бо ҳар гуна фикр
Ҳозирон гаштанд ҳар ҷониб равон,
Лола аммо бо шариконаш нарафт,
Аз барои Анвар ӯ истода монд.
Хотири Анвар парешон шуд, даме
Зиддият дар кори ӯ омад дучор.
Буд, гӯё, ин барояш зарбае,
Бар сараш овард фикри бешумор.
Пири оламдидае аз аҳли зал,
Баъди маҷлис гуфт ӯро дошта:
– Устувор истед дар ин фикри худ,
Азму ғайратро зи каф нагзошта!..
Ҳур-ҳури шаббодаи роҳатрасон
Дар тану ҷон баҳраи нав мефузуд.
Ин шаби маҳтобии қишлоқ ҳам
Бениҳоят дилкашу арзанда буд.
Лолаву Анвар зи роҳи яккагард
Лаҳзае гаштанд оромона роҳ.
Лола сир нодода гоҳо менамуд
Бо умеде ҷониби Анвар нигоҳ.
Лола чизе хост гӯяд, лек ӯ
Аввал аз Анвар сухан бишниданист.
Анвар аз хомӯшӣ танг омад, ки гуфт:
– Лолаҷон, фикри ту дар ин бора чист?
Гар ба ҷои хонаҳои беплан
Хонаҳои боплан барпо шавад,
Ганда-мӣ оё аз ин ҳам деҳи мо
Дилработар гардаду зебо шавад?
– Хуб, ин фикрат, вале бо фикри ман,
Сохтмон хуб аст дар ҷои кушод.
Ҳеҷ кас нанмояд он гаҳ зиддият
Гашта аз ин кори ту мамнуну шод.
Лек вақте манзили бобоиро
Сарнагун созӣ барои сохтмон,
Соҳибонаш аз ту меранҷанд, низ
Зиддият ҳам тез гардад дар миён.
– Инчунин бошад, ту ҳам рози наӣ,
З-ин планҳо мисли баъзе одамон?
Нағз-мӣ монад чу доғи рӯи маҳ
Хонаҳои кӯҳна дар мо, Лолаҷон?
Аз барои баъзе касҳо аллакай
Хонасозӣ сар шуд аз рӯи план.
Ин на фикри шахсии ман, ҳаст ин
Фикри давлат, мақсади халқу Ватан.
– Хонаи мо ҳам магар дар ин қатор
Мешавад вайрон?
– Аҷаб, вайрон чаро?
Ин қадар ранҷу азоби мо магар
Баҳри вайронист бо фикри шумо?
Ёрии ту баҳри мо бошад зарур,
Мо назар созем бояд дуртар…
Лола андак оташин шуд баъди ин,
Гуфт ӯ бинмуда бар Анвар назар:
– Хонае, ки кардаам одат ба он,
Мешавад нобуд аз дасти "шумо"?
Ман зи ту уммеди дигар доштам,
Лек фаҳмидам кунун фикри туро.
Дар тааҷҷуб монд Анвар з-ин сухан,
Чун набуд аз Лола инро интизор,
Изтиробе дар дилаш пайдо бишуд:
– Хуб ёрӣ мерасонӣ баҳри кор!?
– Ман нафаҳмидам, "ташаккур", шод бош,
Орзу дорам ривоҷи кори ту.
Ҳар чӣ мехоҳад дилат, онро бикун,
Нақшаҳои тоза бинмо ҷустуҷӯ.
Лола рафт, Анвар каме истода монд,
Гуфт: "Зери коса як нимкосаест.
Сабр бояд кард, гардад ошкор,
Росташ, ин фикр – фикри Лола нест."
Лола аз дарвоза чун дохил бишуд,
Модарашро пурғазаб, пурхашм дид.
Дид, ки чизҳои Анвар пушти дар,
Наштаре, гӯё, ба ҷони ӯ халид.
Гуфт: Модар, ин чӣ кори кардаат,
Хуб не, модар, ту охир нағз дон.
Колхоз ин ҷо варо ҷо кардааст,
Чизҳояшро ба ҷояш бурда мон.
Гуфт модар: Хонаи ман – кори ман!..
Бас! Дигар ҳарфе назан – дар борааш.
Лола хам шуд то бигирад аз замин
Расми ӯ аз байни чизу чорааш.
Модараш гуфто: Маро ҳурмат кунӣ,
На ба хона, беруни дарвоза бар.
Ман намехоҳам ки бинам рӯи ӯ,
Чизҳояшро барад ҷои дигар.
Гуфт Лола: Модари дилсӯз, гӯй,
Ту намехоҳӣ магар бахти маро?
Ин дили нарми ту оё санг шуд,
Ки намудӣ сар чунин як моҷаро?
Модараш омад гирифт аз дасти ӯ,
Гуфт: Ашкатро нарезон, духтарам.
Рав, бигӯ, ӯ аз плонаш бигзарад,
Ман ҳам аз ин фикр он гаҳ бигзарам.
Баҳри ман ҳар як дарахти ин макон,
Духтарам, бошад муқаддас, арҷманд.
Ёдгорӣ аз дадоят ин ҳама,
Ман намехоҳам зи байн онҳо раванд.
Дар ҳамин ҳангом шуд дарвоза во.
Лола худро зуд даруни хона зад.
Беруни дар дида бору буди хеш,
Лаб газид Анвар, ба модар дам назад.
Андаке дар ҷои худ истод рост,
Дар ҷабинаш чин фитод, ғам шуд фузун.
Гуфт: "Ҳоли одами бекас ҳамин!"
Бори худ бардошт, аз дар шуд бурун.
Ними шаб, ҳоло куҷо боист рафт?
"Меҳмонхона!" – зи фикри ӯ гузашт.
Дар ҳамин дам як навои дилхарош
Мерасид бар гӯши ӯ аз сӯи дашт…