БОБИ ҲАФТУМ
Ҳалқаосо кӯҳҳо печондаанд
Водии зарбахшу ҳосилхезро.
Гӯӣ, мебошанд онҳо посбон
Кишти саҳроҳои гавҳаррезро.
З-ин сабаб ҳам бо виқор истодаанд,
Чун ба постистода солдатҳо хамӯш.
Фасли тобистон агарчи гарм, лек
То кунун ҳам қуллаҳошон барфпӯш.
Рӯзи кор оҳиста мегардад тамом,
Мевазад боди хуш аз кӯҳу дара.
Бин ту, рассоми табиат, деҳи мо
Ин қадар ҳам дилкашу хушманзара.
Офтоб оҳиста пинҳон менамуд
Рӯи худро дар ақиби кӯҳҳо.
Шӯълаҳои охирини он, вале
Лолагун метофт дар авҷи фазо.
Ғарқи нури ГЭС шуд якбора деҳ,
Кӯчаҳо ҳам аз ҷавонон пур бишуд.
Сайр мекарданд дар боғу кино,
Ҳар яке бо ҳамдаму бо ёри худ.
Лолаву Анвар ҳам, ин бегоҳи хуш,
Ҷониби дарёча раҳпаймо шуданд.
Ҳар ду бигзашта зи роҳи байни деҳ –
Байни шаб оҳиста нопайдо шуданд.
Ҳаст он дарёча дар самти ҷануб,
Деҳа пайванд аст аз як сӯ ба он.
Гарчи роҳаш аз миёни деҳа нест,
Лек шохобаш зи байни деҳ равон.
Оби ин дарёча бо сад печу тоб
Бигзарад аз байни кишту боғҳо.
Кишти саҳрову дарахти боғу роғ
Бо ҳамин об аст дар нашъунамо.
Сангҳо, харсангҳо дар соҳилаш,
Сел онҳоро зи кӯҳ овардааст.
Ё табиат дар лаби дарёи шӯх
Ҷои биншастан муҳайё кардааст?
Лолаву Анвар нишаста дар яке,
Чашм бар нури чароғон дӯхтанд.
Аз чароғон деҳа ҳамчун баҳри нур,
Лампаҳо дар бому дар месӯхтанд.
– Лола, – гуфт Анвар, – аҷаб даври хуше.
Ҳар нафас як комёбии нав аст.
Равнақи ин деҳаи моро нигар,
Ҳусни он аз офтоби Маскав аст.
Дар лаби дарёча дар домони кӯҳ –
Ин қадар ҳам хушҳаво ин деҳи мо.
Истироҳатгоҳ аз рӯи план
Мешавад соли дигар ин ҷо бино.
Аз чӣ бошад, ки дар ин ҳангоми хуш,
Лоларо хотир парешон гашт зуд.
Гуфт: – Анвар, аз ту мепурсам, бигӯ,
Он хатеро, ки гирифтӣ, аз кӣ буд?
– Баҳри ин гардид авзоят дигар?
Лолаҷони ман, ту хотир ҷамъ дор.
Имтиҳонам гир аз аҳду вафо,
Ман ба аҳди хеш ҳастам устувор.
Аз Мария ном як ҳаммактабам
Буд он хат, меҳрубонам Лолаҷон.
Гуфта буд боре ба ман, ки "Меравам,
То ки бинам сарзамини тоҷикон…"
Ман чӣ мегуфтам дигар, ҷуз: "Марҳамат,
Мардуми мо – мардуми меҳмоннавоз.
Гар биёӣ, нури дида, тоҷи сар,
Менамоӣ дӯстонат сарфароз!"
Лола чашми худ ба Анвар дӯхта,
Як табассум кардаву чизе нагуфт.
Бо навозиш номи он "меҳмон"-ро
Чунки ҳоло аз худи Анвар шунуфт.
Ёд овард он суханҳои Ҳабиб…
Гарчи рашк овард аъзояш ба дард,
Шуд хабарҳои наверо интизор,
З-ин сабаб ҳам рашки худ зоҳир накард.
Лек Анвар пай набурд аз фикри ӯ,
Шод буд аз ин саёҳат беҳисоб…
Сӯи деҳа баъди он роҳӣ шуданд,
Ҳар ду хомӯшона зери моҳтоб!