Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ШАШУМ



Аз паи фикру хаёли тӯй шуд
Чун Ҳабиб аз шаҳр омад бо шитоб.
Лек душвор аст акнун кори ӯ,
Омади Анвар диҳад ӯро азоб.

Гар бифаҳмад Анвар аз ин фикри ӯ
Меравад он гоҳ саъяш барабас.

Чорае мехост ёбад, ки аз он
Заррае воқиф нагардад ҳеҷ кас.

Хост Анварро занад аз роҳ, лек
Фикр кард, кораш нагирад гар барор,
Дар миёни одамони деҳааш
Мешавад иғвогариаш ошкор.

Модарашро ӯ ба кор андохт зуд,
То илоҷе тезтар пайдо кунад:
– Андаке ин кор агар ёбад кашол,
Вақти боб аз даст берун меравад.

Баски Анварро ниҳону ошкор
Лола аз ҷон дӯсттар дорад зиёд.
Лоларо аз он хунук бояд намуд,
То ки сӯи ман вазад боди мурод.

Модараш мегуфт: – Ин осон, писар,
Холаат устоз дар ин корҳост.
Борҳо гуфтам, нарафтӣ назди ӯ,
Дар натиҷа, духтари Сангин нахост.

Кӯр як борак асо гум мекунад,
Бори дигар мешавад ҳушёртар.
Холаат ҳар чӣ бигӯяд, ҷонакам,
Саъй кун, иҷро намояш ин сафар…
***

Назди оина Ҳабиб истод хуб,
Ӯ худашро тоза ҳам пардоз дод.
Одаташ ин буд, пеш аз сайру гашт
Ӯ ба худ медод орои зиёд.

Дар ҳақиқат ҳам, ба ҳусни худ расост.
Ӯ – ҷавони чорпаҳлуи базеб.
Дида пӯшокаш, намегӯяд касе,
Шофери колхоз бошад ин Ҳабиб.

Соате бигзашт бо ин карру фарр,
Галстуки хушрангубореро бубаст.
Туфлии нав пӯшиду аз ҷой хест,
Кастюмашро ҳам гирифт ӯ рӯи даст.

Боз бар оина наздиктар шуда,
Бигзаронд атрофи худро аз назар.
Хандае бинмуду бо завқе бигуфт:
"Кист дар ин ҷо зи ман хушрӯйтар?"

Пас гирифт оҳиставу боэҳтиёт
"Себи мақсад"-ро зи болои стол.
Берун омад, то расонад себро
Тезтар бар "Лолаи соҳибҷамол".

Себ-себ асту вале дар он Ҳабиб
Дид иҷрои умеди хешро.
Ин ҳамон себе, ки бар он холааш
Хонда аз гарму хунук афзун дуо.

Шод мерафту вале истода монд,
Бар сараш фикри ғамангезе фитод:
"Афтад ин себам ба дасти дигаре,
Меравад ин орзуи ман ба бод.

Не, наход бигрифта аз ман себро
Лола бар дасти каси дигар диҳад?
Бовари дорам худи вай мехӯрад,
Ки баҳори мақсади ман бар диҳад!"

Шуд Ҳабиб хурсанд чун меомаданд
Аз муқобил Лолаҷону Гулнисо.
– Ассалом, ой духтарони нозанин,
Шод мебошам зи дидори шумо.

– Мо куҷову нозанин гулҳо куҷо,
Баҳри чӣ гапҳои болохонадор?!
– Рост мегӯям, зи гул зеботаред,
Номатон ҳам зеби гулҳои баҳор.

Себро аз кисааш бигрифта зуд
Гуфт: – Ин аз меваҳои боғи мост,
Лолаҷон, як маззаи инро чашед,
Марҳамат, ин себ аз баҳри шумост.

Гулнисо бигрифт онрову гурехт,
Шуд Ҳабиб аз ин ҳаросон беҳисоб.

Як ба сӯи Лола афканда назар,
Аз қафои Гулнисо шуд дар шитоб.

– Гулнисоҷон, вай барои Лола аст,
Ҳаст аз баҳри шумо себи дигар.
Марҳамат, бинед, ин аз он калон,
Рангаш, охир, ду баробар сурхтар.

Гулнисо истода гуфт: "Ин гап дигар!"
Баъд ӯ он себро баргашта дод.
Лола баъд аз илтиҷо онро гирифт,
Шуд Ҳабиб з-ин ҳол беандоза шод.

Лола гуфто: – Гулнисо, будӣ, ту ҳам,
Дина Анвар себи зебо дода буд.
Аз барои хӯрданаш, аммо, дилам
Аз чӣ рӯ бошад, намедонам, нашуд.

Бурда дар болои раф бинҳодамаш,
Хона ҳоло пур шудаст аз бӯи он.
Бар машомам мерасонад рӯзу шаб
Як аҷоиб бӯи хуш – роҳатрасон.

Гарчи ин гапҳои Лола бар Ҳабиб
Ҳисси навмедонае оварда буд,
Лек вақте Лола себашро бихӯрд,
Ботинан ӯ хурраму хушҳол шуд.

– Аз барои себатон раҳмат, Ҳабиб,
Мазааш, аммо, каме монанди об.
Шояд ин ки лаззаташро бурдааст
Духтари ҳамсоя бо нозу итоб!?

– Панҷ рафтӣ! – Гулнисо бар Лола гуфт,
Хайр, сӯҳбат боқӣ, акнун меравем.
– Ин қадар бетоқатӣ аз баҳри чист?
Андаке истед, ҳамраҳ мешавем.

– Марҳамат, хоҳед агар ҳамроҳ шудан,
Лек, Анвар, Исмат он ҷо интизор.
Чун шунид ин ҳарф аз онҳо бигуфт:
– Ҳазл кардам, ман надорам ихтиёр.


…То панаҳ гардидани онҳо Ҳабиб
Бо хаёл он сӯ нигоҳе карда монд.
Баъди он якбора ӯ зад "қоҳ-қоҳ",
Аз дилаш ин гуна фикре бигзаронд:

"Лолаи машҳури соҳибэътибор,
Бар Ҳабиб – шофёр – фардо зан шавад.
Музди кораш роҳати ҷони ману
Обрӯяш – обрӯи ман шавад.

"Анвар, Анвар" – гуфта гаштанҳо тамом,
Баъд аз ин номи маро хоҳӣ гирифт.
"Себатон чун об", аз гарму хунук
Лаззаташро баъдҳо хоҳӣ гирифт!.."



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »