БОБИ ПАНҶУМ
Рӯз – рӯзи хуб, дар оғӯши деҳ,
Байни мардум хушхабар овоза шуд.
Дар ҳамин рӯзи накӯ аз Москва,
Анвари мо телеграмма дода буд.
Дӯстонро ин хабар дилшод кард,
Анвар, охир, бо зафар меомадаст.
Меъмори аввалин аз деҳи мо –
Анвари соҳибҳунар меомадаст.
Лола аз шодӣ нагунҷад дар либос,
Ки яке телеграмма бар унвони ӯст.
Худ ба худ болидаву мегуфт ӯ:
"Гашт маълумам, қавӣ паймони ӯст".
***
Вокзали шаҳр аст пур аз одамон,
Даст боло карда бо гулдастаҳо,
Дӯстон бар пешвози дӯстон
Гӯӣ, бинмуданд гулбоғе бапо.
Ҳо, ана, поезд ҳам наздик шуд,
Гашт гулбоғи муаллақ мавҷзан…
Аз миёни мавҷ меомад садо:
"Омадӣ бо фатҳ, эй фарзанди ман?"
Мӯсафеде чун кушод оғӯши худ,
Гӯӣ, оламро гирифт ӯ дар канор.
Бӯсид аз рухсори фарзанди азиз,
Дар дилаш пайдо бишуд аз нав мадор.
Ин ҷавон бошад, каме мондаст дер,
Дастагул дар даст, метозад ба пеш.
Одамонро тела дода ду тараф,
Роҳ меҷӯяд ба сӯи ёри хеш.
Дар ҳамин дам борҳояшро ба даст
Дошта Анвар фаромад аз вагон.
Бо нигоҳи худ шиносеро магар
Ҷустуҷӯ мекард байни одамон.
Дид Анвар чун ба истиқболи ӯ
На рафиқе буд, на як ошно,
Гуфт: "Дар пеш аст ҳоло навбатам,
Деҳа истиқбол мегирад маро."
Ӯ расид бар истгоҳе, ки аз он
Меравад мошина бар қишлоқашон.
Борҳояшро ба зери арча монд,
Як назар бинмуд сӯи ҳозирон.
Пас ба рӯи борҳои худ нишаст,
Ногаҳон бурдаш каме фикру хаёл.
Хешро медид дар оғӯши деҳ,
Дар ҳузури Лолаи соҳибҷамол.
Ёд дорад ӯ ки ҳангоми гусел
Гуфт бар Лола: "Ба ишқу аҳди мо,
Меҳрубонам, шоҳиде ин арча шуд,
Сабзу хуррам дор онро доимо."
Менишаст орому пайдо гашт боз
Ким-чӣ хел андешаҳо ӯро ба сар:
"Ман ба аҳдам устувор истодаам,
Лола дар паймони худ бошад магар?"…
Фурсате нагзашта "ГАЗ-51",
Дода сигнал, наздики истгоҳ шуд.
– Ҳар кӣ Октябр равон аст, марҳамат,
Як нафарро мебарам ҳамроҳи худ.
Чун шунид Анвар зи ҷо бархост тез,
Борҳояшро гирифта шуд равон.
Гуфт шофёр: – марҳамат, аз ин тараф,
Борҳоятро, ана, ин ҷо бимон.
Дида ӯро дар либоси наппа-нав,
Шод шуд шофёр аз одат бурун.
Бигзаронд аз дил: "Нигар, серпул барин,
Меситонам чанд червонаш кунун!"
– Эҳ, Анвар, ту? – Ҳабиб оғӯш кард, –
Марҳамат, хуш омадӣ, эй ҷӯраҷон!..
Мошинам то деҳа дар фармони туст,
Ҳастам аз дидори ту ман шодмон.
– Ҷӯраҷон, раҳмат, чӣ тавр аҳволи ту?
Ин қадар зебо шуда ин ҷойҳо.
Хайр, гап зан, дӯстони мо чӣ тавр,
Чӣ навиҳо ҳаст дар қишлоқи мо?
– Он қадар бад нест ҳоли дӯстон,
Деҳа бошад – он деҳи дерина аст.
Пурсӣ гар аз ҷӯраат мирзо Ҳабиб,
Росташ, ки Аҳмади порина аст.
– Ман гумон кардам, ки деҳа нав шудаст,
Ҷӯраи мо ҳам дигаргун гаштааст.
Лек мебинам, ки ин мулло Ҳабиб,
Бештар аз ақл берун гаштааст.
– Анвар, ин шӯхӣ чӣ лозим? Беҳтар,
Гӯй, ки акнун ба кори сохтмон,
Дар куҷо машғули хизмат мешавӣ,
Дар ҳамин ҷо, ё ки дар районамон?
– Меравам бар деҳамон, албатта, ман
Дар ҳамон ҷо мешавам машғули кор.
Институт бо даъвати колхозамон
Гашта розӣ, кард ин сӯ раҳсипор.
– Лоақал, монӣ ба район ё ки шаҳр,
Обрӯи ин, бародар, дигар аст.
Баъди Маскав меравӣ бар деҳае?
Ин аз он ақле, ки гуфтӣ, бадтар аст.
Дар тааҷҷуб монда з-ин гапҳои ӯ,
Бар Ҳабиб афканд Анвар як назар.
Дар ҷавоби ӯ гапе гуфтан нахост,
Як табассум карда, ҷунбонид сар.
– Ҷӯраҷон, ман нағз медонам туро
Деҳа бошад – як баҳона, равшан аст.
Дидани дидори ҷонон меравӣ,
Гар нагӯӣ ҳам, аён баҳри ман аст.
Орзуву мақсади ту Лола аст,
На хаёли деҳу кори сохтмон.
Лек ин андешаат беҳуда аст,
Вай барои ту муносиб нест, дон!
Аз раҳи асфалтии ҳамвору боб,
Аз раҳи бечанги байни пахтазор,
Медавад бо шаст "ГАЗ-51"
Сӯи хуррамдеҳи моён барқвор.
Дар сари рул, дар таранум шуд Ҳабиб,
Ишқи зебодухтари колхозро.
Зиндадил, форам бувад овози ӯ,
Ин ғазалро месарояд доимо:
"Бурдаӣ сабру қарору тоқатам,
Кай шавӣ огоҳ аз аҳволи ман?
Дар раҳи ишқи ту ҳастам устувор,
Дилбари ман, ёри некиқболи ман.
Ман зи роҳи назди ҳавлиат мудом,
Субҳу бегоҳӣ, азизам, бигзарам.
Хонаатро дида, ҳатто, бо ҳамин,
Ҷонакам, завқу ҳаловат мебарам.
Гоҳ-гоҳе бо раис, гаҳ бе раис,
Меравам то пахтазорони ту ман.
Вақти корат дида, доим мешавам
Қоили ду дасти чаққони ту ман…"
Гӯӣ, сар то пои Анвар гӯш буд,
Фикру ҳушаш гашт банди ин суруд.
Пеши чашмаш акси Лола ҳар замон
Гаштаю баргашта ҷавлон менамуд.
– Офарин, раҳмат, Ҳабибҷон, қанд зан,
Ин қадар овози форам доштаӣ!
Бин, ки дар як лаҳзае бо шавқи ёр
Фарсангҳоро қафо бигзоштаӣ.
– Дар гумонам буд, мегӯед, ки
Гашти мошин суст бошад ин қадар?
Чунки дил дар иштиёқи дӯстон
Меравад аз бод ҳатто пештар…
Ин дам Анвар сӯи берун чашм дӯхт,
Калла ҷунбонида ӯ гуфт инчунин:
– Ҷӯраҷон, диққат намо, ин ҷойҳо
Ин қадар гардида зебо, дилнишин!
Як тараф саҳрои ҳосилхези мост,
Сӯи дигар кӯҳҳои бошукӯҳ.
Бин, биноҳою иморатҳои нав…
Медиҳанд онҳо ба деҳи мо шукӯҳ.
Ҳо, ана, як сохтмони ГЭС-и нав,
Ҳо инаш, мумкин клуби нав шавад.
Деҳаҳои мо тамоман дигаранд,
Лек баъзе кас фақат наҳ мезанад.
Шуд намоён, шуд намоён деҳи мо,
Гӯӣ, бошад интизори меҳмон.
Бедарак не, чашми Лола роҳ дид,
Мунтазир албатта ёру дӯстон.
Анвар аз тиреза берун карда сар,
Кӯдакона сарфарозӣ менамуд.
Мӯйҳояшро парешон карда бод,
Гӯиё, меҳмоннавозӣ менамуд.
Пурсида аз Лола, дар ҳавлии ӯ
Баҳри Анвар хонае карданд соз.
Аз барои меҳмон – фарзанди деҳ,
Шуд зиёфат аз ҳисоби колхоз.
Пур зи ёру дӯст атрофи стол,
Марду зан, пиру ҷавонон, вақти шом
Баҳри табрики самимӣ омаданд
Бо камоли дӯстиву эҳтиром.
Сӯҳбати ёру рафиқон сар бишуд,
Аввалин Оқил амак аз ҷой хест.
Гуфт: – Ёрони азизу меҳрубон,
Бахти моро дар ҷаҳон ҳамтош нест.
Деҳи мо ҳар рӯз аз ҳаррӯзааш
Менамояд бештар нашъунамо.
Кадрҳои омили ҳар ихтисос
Мерасанд аз одамони деҳи мо.
Анвар акнун меъмор, охир, надошт
Ҳеҷ кас дар деҳа аз ин ихтисос.
Шодиовар, ки зи фарзандони деҳ
Дар тамоми соҳа мехонанд боз.
То кунун аз шаҳр баҳри сохтмон
Меъмор оварда, мекардем кор.
Анвар омад, кор осон мешавад,
Бар чунин як рӯз будем интизор.
Дӯстон, нӯшем ҷоми аввалин,
Аз барои бахти авлоди ҷавон,
Ман ҷавонам, гарчи мӯи ман сафед,
Мӯсафеди дилсиёҳам, дӯстон.
Гардиши сози қадаҳҳо шуд баланд,
Гашт ҳамоҳанги мавҷи хандаҳо.
Буд дар он рамзи ишқу дӯстӣ,
Буд дар он шодии беинтиҳо…
Исмат он ҷо менавохт оккордеон,
Ончунон завқовару роҳатрасон.
Санъаташро дида, бо шавқи зиёд,
Офарин гуфтанд ӯро ҳозирон.
Мӯсафед – Оқил амак саргарм буд,
Гуфт бар кампири худ бо ҳазл ӯ:
– Ҷонакам, ширинакам, бархез, то
Рақс бинмоем мо ҳам… "не" нагӯ!..
– Монда буд танҳо ҳамин як коратон.
"Пирию хартозӣ" – мегӯянд, рост.
Мӯсафед, аз мо тамошо кардан аст,
Дер шуд, рақсидани мо норавост.
Баъди ин гап, шармаш омад, сурх шуд,
Лек бобо боз ҳам такрор кард.
Бо ҳамин шӯхеш хандонида, ӯ
Ҳозиронро шоду миннатдор кард…
Баъди он ки шаб гузашт аз поси худ,
Меҳмононро намуд Анвар гусел.
Лекин ӯ бо Лола истиқбол кард
Субҳи навро шодкому шоддил.