Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ЧОРУМ



Наҳри шӯхи тезобе мегузашт,
Аз миёни пахтазори пурсафо.
Киштзори ин ду бригадро зи ҳам
Кардааст он мисли деворе ҷудо.

Оби зарбахши ҳамин наҳри калон
Ҳамчу кори ғолибон дар ҷӯш буд.
Шилдиросу мавҷҳои шӯхи он
Зеби саҳрои баҳороғӯш буд.

Қад кашида дар бари он наҳри шӯх
Як чанори шохаҳояш бешумор.
Бо таманною ғурур истодааст,
Лаззате дорад вай аз боди баҳор.

Чоштгоҳон он дарахти пирро
Ҳаст дар саҳро ҷавонии дигар.
Сояи салқини он ҷои хушест
Аз барои роҳати аҳли ҳунар.

Бо қадаш, бин, рост омад офтоб,
Вақти дамгирии нимрӯзист ин.
Ҳо, ана, бар истироҳат омаданд,
Сабр кун андак, тамошоро бубин…

Гуфт Лола: – Ҳой, тасфон дойраро,
Ту ба рақсидан, канӣ, тайёр шав.
Гулнисо бошад, бихонад шеър, ӯ
Ёд бинмудаст чандин шеъри нав.
"Рақси ҷононро бин,
Дилбари хандонро бин,
Дастҷунбонии ин
Духтари давронро бин!...

– Духтарон, ҳамсояҳо ҳам омаданд,
Истед, албатта, бинмоем боб.
Мекашем Исмат – звеноро ба рақс,
Рад намояд, тела бидҳемаш ба об.

Лаҳзае бигзашт, онҳо омаданд,
Ҳазлу шӯхӣ байни онҳо сар бишуд.
Гулнисо рақси Шумо, бошед зуд!

– Мо-ку аз баҳри тамошо омадем,
Дидани рақси шумоён муддаост.
– Гап набахшад суд дигар, марҳамат,
"Осиё бо навбаташ", рақс аз шумост.

– Не, асло не!
– Пушаймон мешавӣ.
– Ман намедонам-ку…
– Исто… Духтарон! –
Чашмакӣ зад Гулнисо, якборагӣ
Тела додандаш ба он наҳри калон.

Ногаҳон дар байни об афтод ӯ,
Каллапӯши ӯ равон дар об шуд.
Ханда бинмуданд он ҷо "қоҳ-қоҳ",
Гулнисо мегуфт: – Хуб шуд, боб шуд.

Тоқиашро бо азобе дошта,
Турш бинмуда рухашро, гуфт пас:
– Рафтаед аз худ ҷудо ҳам, бар шумо
Арзише ҳатто надорад ҷони кас,

Гар сарам мезад ба санге ногаҳон,
Пас чӣ мешуд?
– Дору мекардем мо.
Рақсро ҳам нағз меомӯхтӣ…
– Боз шӯхӣ?
– Хайр, аз ҷаҳлат фаро!

– Гар рафиқе менамуд ин ҳазлро,
Ман саломаш ҳам намедодам дигар.
Ҳар чӣ бошад, ҳазли духтарҳо раво,
Хайр, боре тар шудам, ин безарар.

Гулнисо пас Лоларо даъват намуд:
– Мон писарҳоро худат як рақс кун.
Кафзанон бо як ҳаво ин шеърро
Духтарон хонданд бо шавқи фузун:

"Духтари колхозии пуриқтидор,
Ғайрати ту боиси сад ифтихор.
Чун шудӣ сардори звенои мо,
Мекунӣ бар ваъдаву қавлат вафо.
Зи ту хурсандем,
Ба ту дилбандем.
Мекунӣ бар ваъдаву қавлат вафо.

Ордени Ленин ба сари синаат
Равшану пурнур ҷило медиҳад.
Ҷаҳд намо, то бишавӣ қаҳрамон,
Номи туро ҳар кӣ барад бар забон.
Ин шарафу обрӯст,
Шоҳиди мардии туст,
Ҷаҳд намо, то бишавӣ қаҳрамон!"

Бо киноя баъди ин Исмат бигуфт:
– Фотеҳонро рақсу бозидан хуш аст.
Чун бибардорем ғалберро аз об,
Баъд пушти калла хоридан хуш аст.

Гуфт Лола: – Гӯй хобатро ба об,
Пушти сархорист одат бар шумо.
Духтарон хандону Исмат лол шуд.
"Қанд зан, эй Лола!" – гуфто Гулнисо.

Мумкин аз ин гап ливо ҷавлон бизад,
Оби наҳри шӯх ҳам дар ҷӯш буд,
Шӯхию рақси ҷавонони матин
Зеби саҳрои баҳороғӯш буд!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »