Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ СЕЮМ



Лола шуд бедор ними шаб зи хоб,
Хуфта натвонист баъд аз он дигар.
Хест аз ҷо, лампаашро даргиронд,
Журнали навро ба хондан кард сар.

Ногаҳон шуд раъду барқе, Лола тез
Назди дар омад, ба берун дӯхт чашм.
Осмонро абри ғафсе пахш кард,
Бӯи борон буд, ӯ омад ба хашм.

Баъди борон андаке шуд жола ҳам,
К-ин намефорид ба табъи пахтакор.
Бо як оҳанги ҳазине Лола гуфт:
"Ин қадар нобоб омад ин баҳор?!

Чанд вақт аз дасти ин боронгарӣ
Ёфт, охир, киштукори мо кашол.
Чун чигит бо сад азобе неш зад,
Жола онро менамояд поймол?.."

Ҷомае бар сар гирифта, бо ғазаб
Сӯи саҳро Лола роҳӣ гашт зуд.
Ҷӯйҳоро, кӯлмакҳоро гузашт,
Аз сараш то пой ӯ шип-шилта шуд.

Пеши роҳи обдавҳоро кушод,
То миён дар обу лой олуда буд.
Баъди як дам, хайрият, ки жола монд,
Пора шуд абру маҳ аз нав рух намуд.

Кишти худро Лола як-як давр зад,
Хам шуд, мекард бо диққат нигоҳ.
Дид, чун дубаргаҳо беофатанд,
Пеш бигрифт ӯ ба сӯи хона роҳ.


Дар гумонаш, моҳ аз дунболи ӯ,
Роҳпаймо ҷониби маъвои ӯст.
Истад ӯ, гӯё, ки истад моҳ ҳам,
Роҳ гардад, боз маҳ ҳамроҳи ӯст.

Лола бар гирду канораш чашм дӯхт,
Дид мегарданд ҷо-ҷо одамон.
Гуфт: "Инҳо ҳам чу ман биштофта,
Ки бимонад пахта маҳфуз аз зиён!"

Лек нашносонда худро, тез рафт,
Дар даме ӯ андаруни хона шуд.
Рӯ ба рӯ гардид бо оинае,
К-ӯ ба девори даромадгоҳ буд.

Мӯи ғула, чашму абрӯи сиёҳ,
Пайкари камгӯшти чун навниҳол,
Буд олуда даруни обу гил...
(Дар бари абрӯи чап ӯ дошт хол).

Гуфт чизе худ ба худ дар оина,
Хешро дар обу лой олуда дид:
"Кори ман бо обу хок аст доимо
Хуш, ки ин афти маро Анвар надид.

Дар чунин ҳолат бубинад ҳам, вале
Меҳрам аз ёдаш намесозад бурун.
Бо тамоми орзу омехта
Ишқи ӯро парваридам то кунун!"

Лола баъд аз ин сухан беихтиёр
Расми Анварро гирифт аз як китоб.
Дид онрову ба ҷояш боз монд,
Гуфт: "Дидам ман туро дишаб ба хоб!"

Бо хаёле сар ба рӯи дасти худ
Монду баъди андаке бурдаш ғанав.
Дар ҳамин дам бар сари саҳрову кӯҳ
Шуд таваллуд аз дили шаб субҳи нав!






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »