Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - ОФТОБ ДАР РОҲ

БОБИ ДУЮМ



Баъди як олам талошу корҳо,
К-аз барои равнақаш тайёр кард,
Деҳа дар оғӯши хоб осуда буд,
Субҳи кор омад, варо бедор кард.

Рӯзи нав баҳри ривоҷи кори нав,
Ҳам барои фатҳи нав оғоз ёфт.
Зери оҳанги наи чӯпон зи нав,
Бин, рама сӯи чарогоҳон шитофт.

Мурғбони фермаи колхоз низ
"Ти-ти"-гӯён, баҳри мурғон дона дод.
Подаи колхозро ҳам аз сарой
Бар чарогоҳ подабон овард шод.


Чир-чири паррандагони хушнаво
Мерасид аз ҳар тараф форам ба гӯш.
Мисли оҳангест аз оғози кор,
Бахшад он бар ҳар диле ҷӯшу хурӯш.

Чун ба атрофат назар андохтӣ: –
Боғ сабзу дашт сабзу сабз кӯҳ.
Аз гилеме, ки табиат паҳн кард,
Боғу майдонҳои мо дорад шукӯҳ.

Чун арақҳое, ки пайдо мешаванд
Дар ҷабину рӯи ҷонон вақти кор,
Шабнами болои ҳар себаргае
Менамояд дар назар дурдонавор.

Лола ҳам аз хоби роҳат хеста,
Дасту рӯяшро ба оби ҷӯй шуст.
Ҳавлиашро об зад, покиза рӯфт,
Модараш хурсанд аз ин кори ӯст.

Пас биёмад назди дастурхон нишаст,
Кард ноништову нӯшид чой он.
Бо муҳаббат модарашро бӯса кард,
Хест аз ҷо, сӯи саҳро шуд равон.

Модараш чун одати ҳаррӯзааш,
Кард ӯро бо нигоҳи худ гусел.
Дар нигоҳаш буд ин маънӣ аён,
К-ин суханро бигзаронид ӯ зи дил:

"Нури чашмонам, набинам доғи ту,
Кору ғайрат кун барои бахти худ!"
Лаҳзае бигзашту аз хамгашти роҳ
Шуд баланд овози пуравҷи суруд.

Дар фазои деҳа медод он садо,
Паҳн мешуд байни кӯҳҳову дара.
Акси он яксар фаро бигрифта буд
Рӯи дашту водии хушманзара.

– Лола! – овозе ба гӯш омад зи дур,
Ин садо ӯро зи роҳаш боздошт.
Ҷониби овоз рӯй оварда зуд,
Баъди он як-ду қадам он сӯ гузошт.

Дид, меояд ба сӯяш Гулнисо,
Духтари сабзинаи хушқаду баст.
Бар сари китфаш каландаш; ин саҳар
Мӯи худро гирди сар печондааст.

– Офарин, нотиқ! – бигуфту ханда кард.
Дастҳои Лоларо маҳкам фушурд. –
Пахтаҳомон нағз, парвое накун,
Боз ҳам мо шартро хоҳем бурд.

– Аз куҷо ман нотиқам, албатта ту
Бе пичинг асло намегӯӣ сухан.
Нестам нотиқ, зи минбар ман, фақат,
Мақсадамро гуфта додам ду даҳан.

– Не дугона, гуфтаи ман ҳазл не,
Буд гапҳои ту хеле дилнишин.
Пухтаву оддиву буррою саҳеҳ,
Гап занад ҳар нотиқе ҳам инчунин.

– Хайр, ин гапро, биё, як сӯ гузор,
Лек дон, парво накардан хуб нест.
Мо сухан додем, ғайрат лозим аст,
Ваъдаро иҷро накардан хуб нест.

Баски "ҳеҷ осон намеояд ба даст,
Бе ҷадал, мақсуди аъло!" гуфтаанд.
Ӯҳдадориро чу бигрифтем мо,
Бояд афзоем суръатро дучанд.

Обчакорон, боғдорон, ҷони ман,
Шартнома баста байни ҳамдигар.
Кӣ намехоҳад, ки ӯ ғолиб шавад?
Ҳар кӣ мехоҳад, ки бинмояд зафар!

– Бар дили танги ту қоил ман, чӣ хел
Ишқи Анварро дар он кардӣ ту ҷо?
Дил аз они ман, чу як дашти фарох,
Корамон пеш аст, дилтангӣ чаро?

Ин суханҳоро, биё, таҳ карда мон,
Лаҳзае аз ишқ сӯҳбат мекунем.

– Ишқ? Охир, дар плони кор нест,
Сонӣ чақ-чақ аз муҳаббат мекунем.

Гулнисоро ханда омад з-ин сухан,
Лек онро дошт ӯ бо сад азоб,
Гуфт: – Ҳар як дил, ки ҳаст аз ишқ сард,
Гарм нанмояд варо ҳеҷ офтоб.

Дар чунин субҳи фурӯзони баҳор
Чақ-чақи ишқу муҳаббат дилкаш аст,
Нисфирӯзӣ, бо гурӯҳи духтарон,
Гуфтугӯй аз кору ғайрат дилкаш аст.

Мекунӣ мулзам ту шайтонро ба гап,
Ин суханро Исматат гар мешунид…
– Ҳеҷ гап не... мешунид, албатта ӯ
Боз маҳкамтар ба ман мебаст умед.

Вай намеранҷад зи ҳар гап мисли ту,
Чун худам шӯх аст Исматҷони ман.
Лола ҳам овард Анварро ба ёд,
Лек шуд ғарқи хаёл аз ин сухан:

"Гулнисо парво надорад, чунки ӯ
Ҳаст дар дониш зи ёри худ баланд.
Баҳри ман душвор, Анвар боз хонд,
Ман нахондам, мешавам оё писанд?"

Гулнисо оҳиста гуфт: – Парво накун,
Анвар ояд, тӯй барпо мекунем.
Ончунон рақсем дар тӯи шумо,
Халқро мафтуну шайдо мекунем.

Бо лабони пуртабассум Гулнисо
Сӯи Лола як нигоҳи гарм кард.
Лола сар хам карду андак сурх шуд,
Ӯ магар аз он суханҳо шарм кард.

Бар сари майдони меҳнат омаданд,
Ҳар ду шодон бо тулӯи офтоб.
Саф кашида аз қафо меомаданд
Пахтакорони далеру комёб.


Ҳусни дигар ёфт саҳрои васеъ,
Баски оромӣ аз он ҷо дур шуд.
Бар суруди субҳи меҳнатзои мо,
Савти буррои садоқат ҷӯр шуд!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »