БОБИ ЯКУМ
Мешитобанд аз паи ҳам рӯзҳо,
Мислашон суръат надорад бод ҳам.
Лек бо онҳо дили мо, ишқи мо
Чун ҷавонии Ватан шуд ҳамқадам!
Орзу дорам, ки бо мавҷи ҳаёт
Ҳамсадо бошад суруди ишқ ҳам.
Дӯстон, хонандагони меҳрубон,
Бо умеди нек бигрифтам қалам!..
Боз як бори дигар мактубро
Бигзаронд аз пеши чашмаш бо шитоб.
Шуд ҳувайдо бар лабонаш хандае,
Дар дилаш биншаст, гӯё офтоб!
Номаро бинҳод бар болои дил,
Як ҷаҳон шавқ аз нигоҳаш шуд аён.
Хотираш аз завқ дар парвоз шуд,
Гӯӣ, боле буд ҳар як сатри он.
Чеҳрааш бишкуфту ҳусни нав гирифт,
Чун гули садбарг аз боди баҳор.
Ин чӣ мактубест, к-аз он ин қадар
Бошад ӯро хуррамии бешумор?
Фурсате нагзашта, берун тохт ӯ,
Гӯиё, пай аз висоли ёр бурд.
Ончунон фаввора зад меҳраш зи дил,
Хона, мумкин, шодии ӯро набурд.
Буд ин вақте, ки акнун сабзаҳо
Аз замин қомат ҳамебардоштанд.
Аз нахустин муждаи фасли баҳор
Навниҳолон муғҷа бар сар доштанд.
Боз бори дигар аз пеши назар
Сатрҳои номаро як бигзаронд.
Хотираш андак парешон шуд магар,
Ки ба як самте нигоҳе карда монд.
Дар чунин ҳангом боди беқарор
Мӯйҳояшро парешон менамуд.
Дасти худро бурда гоҳе тори сар,
Дар талотум дил, худаш ором буд.
Ту гумон бурдӣ, ки чашмаш роҳ дид?
Ин ғалат! Овард иқболаш ба ёд.
Мумкин аст ӯ дар дили ҷӯшони худ,
Дар ҳамин фурсат, гиреҳеро кушод.
Лаҳзае ӯ мӯи худро дошта,
Як назар андохт бар атрофи худ.
Шавқаш аз нав чашмаосо ҷӯш зад,
Зад қадам ҳар сӯву шеъреро суруд…
"Анварам мумкин надонад, – гуфт, – ман
Аз хати ӯ мешавам ин гуна шод.
Дилхушам аз ҳар каломи дилкашаш,
Дар дилам ҷо дорад ишқаш умрбод.
Ёд дорам солҳои мактабӣ,
Бо ҳама хонандагон бекина буд.
Ҳар ду дар як ҷо нишаста, хондаем,
Дар хаёл – ин кор, гӯё, дина буд.
Рафт ӯ дар шаҳри Маскав хонданӣ,
Ин барояш мақсади дерина буд.
Институтро мекунад акнун тамом,
Дар хаёл – ин кор, гӯё, дина буд!
Бин, ки дар ин номааш Анвар маро,
Лолаи фасли баҳорон, гуфтааст.
Ӯ на танҳо лолаи фасли баҳор,
Балки беҳтар аз дилу ҷон, гуфтааст.
"Лолаи наврӯзро, – мегӯяд ӯ, –
Равнақу нашъунамояш дар баҳор.
Лолаи фасли баҳори ман, вале,
Менамояд доимо авҷу барор.
Лолаи наврӯз умри мавсимӣ
Дорад, аз ин рӯ напояд ҳеҷ дер.
Лолаи ман, лек, бо кори Ватан
Мешавад ҳар дам тавонову далер..."
Бингаред ин номаи бинвиштааш,
К-ӯ тамоман шахси дигар гаштааст.
Равшан ин ки Анвари дирӯза не,
Шахси донишманду дилбар гаштааст.
Номаро таҳ карду пас андешаманд
Лола бо тамкин як оҳе кашид.
Шавқи ӯ ҳозир-ку поёне надошт,
Лекин ин фикр аз куҷо омад падид:
"Рафту, танҳо, баҳри поси хотирам
Бар забонаш ин суханҳоро барад.
Аҳду паймон дошт бо ман… дар амал
Ишқи шаҳридухтареро парварад?!
Ҳар чӣ бошад, баҳри санҷишҳои он
Комёбӣ менамоям орзу.
Ҳар нафас, ҳар лаҳза мехоҳам зи ҷон
Хотири ҷамъу дили беғам ба ӯ!"