Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БА ҶОИ ХОТИМА



Чаро, эй осмон, хомӯш истӣ?
Ба чашми абр бояд мегиристӣ.

Ту ҳам, эй бод, тӯфоне барангез,
Бишав элак, ғубори роҳро без.

Ту ҳам, харсанги сабзи гӯшаи роҳ,
Наист ором, каш аз синаат оҳ!

Чунон оҳе, диҳад акси садое
Зи ҳар як гӯшаю аз тангное.

Шумо ҳам кӯҳҳо, шӯред... Шӯред!
Чаро ин гуна орому сабуред?

Ту, эй дарёи кӯҳӣ, аз раҳат ист,
Ки то фаҳмӣ ғаме дар синаи кист…

Шумо, эй навдаҳои муғҷабарсар,
Шукуфтан азм нанмоед дигар.

Агар бишкуфтаю ҳосил бароред,
Ҳамон ҳосил зи мағзи дил бароред,

Умед ин аст – бар дасте фарояд,
Ки бар номи шумо таҳсин намояд.

Шумо, паррандаҳои кишвари кӯҳ,
Ки дар парвоз ҳастед аз сари кӯҳ,

Ба ҳар ҷое раведу лона монед,
Хаёли зодгоҳ аз сар намонед.

Ки аз он ҷой болу пар гирифтед,
Дуои нек аз модар гирифтед!

Гаҳе ёди дами тифлӣ намоед,
Барои дидани он ҷой оед!..

Муроди мо, ки дар шаҳр аст ҳоло,
Зи модар қадри зан бар ӯст боло.

Наёмад назди модар, модар омад,
Ки сӯи деҳ ба ду чашми тар омад.

Дили модар-дия! Чун беғубор аст,
Муродашро зи нав ӯ интизор аст.

Туро, Модар, чунон як қудрате ҳаст,
Наё назди чунин фарзандҳо паст.

Муродатро ба дасти Роҳаташ мон,
Латофатро саробони сарат дон.

Ки аз ҷонаш туро маҳбуб донад,
Туро дар курсии заррин нишонад.

Ту, охир, модарӣ! Номат азиз аст,
Тамоми ҳарфу пайғомат азиз аст!

…Табиат! Дар замини пурсаховат,
Гул афшон дар раҳи Модар, Латофат!
1962, Москва






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »