Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

ДУР АЗ ШАҲР



Шумо, мумкин, ки ӯро дида бошед,
Ва ё дар борааш бишнида бошед!

Ҷавони чеҳрагарми қад чу шамшод,
Сафо – номаш, маро мондаст дар ёд.

Каме лоғарбадан, пайвастаабрӯ,
Либоси осмонӣ дар бари ӯ,

Ба чашмонам намоён аст ҳоло,
Хаёлам моили он аст ҳоло…

Намедонед?.. Мехоҳед донед?
Аҷаб хонандагони меҳрубонед!

Суханро соҳибаш гӯяд – хуш ояд,
Худаш, монед, бинмояд ҳикоят…

1.

"Шудам дар хонадоне ман таваллуд,
Ки ҳар як хоҳишам мешуд муҳайё.

Барои ман ҳама имконият буд,
Чу будам бар падар фарзанди танҳо.

Таваллудгоҳи ман шаҳр аст, ёрон,
Расидам бар камол андар бари он.

Ҳамеша шодмонӣ буд бо ман,
Басо хуш зиндагонӣ буд бо ман.

Ҳаётам буд якранги писанде,
Набуд онро ягон пасту баланде.

Вале чун хондани мо интиҳо ёфт,
Дили ман ғусса парварду ҷафо ёфт.

Ниҳоят чораҳо чустам, ки монам
Барои кор назди дӯстонам.

Дадои ман ба каcби худ калон буд,
Агар мононадам дар шаҳр, мешуд.

Агар аз мактаби шаҳрам ду соат
Диҳандам дарс, мекардам қаноат.

Зи шаҳру ҷӯраҳоям дур рафтан
Тамоман як муаммо буд бар ман.

Дадоям одами қатъист, з-ин рӯ
Худам не, модарам фаҳмонд бар ӯ.

Барои он сухан, он гуна хоҳиш,
Намуд ӯ модарамро сахт коҳиш.

Сипас бархосту ҷое равон шуд,
Ба ман ҳамдард танҳо модарам буд.

Ба донишгоҳи мо буд чойхона,
Дилам танг омаду рафтам зи хона.

Дар он ҷо, андаруни синаам ғам,
Ба сӯҳбат бо рафиқонам нишастам.

Сухан аз ҳар тараф бисёр кардем,
Ба ҳам матлуби дил изҳор кардем.

Зи тақсимот шахсе дам намезад,
Бишуд з-ин тоқати ман тоқ беҳад,

Ки оҳанги сухан дигар намудам,
Гап аз норозигиам сар намудам.

"Магар қишлоқ, – гуфтам, – ҷои кор аст?
Магар ҷои касони илмдор аст?

Ҷигар хун карда хонию туро боз
Фиристонанд бар як ҷои носоз.

Намедонӣ, ки одамҳош чунанд,
Яқин, ки бесаводонаш фузунанд.

Равад ранҷе, ки мо бурдем, барбод,
Ба кӣ донистаатро медиҳӣ ёд?"

Дар он ҷо чой нӯшида яке мард,
Ба ҳар як ҳарфи моён гӯш мекард.

Пас аз ин ҳарфи ман шӯрида гуфт ӯ:
"Чунин андеша аз нодонии ту.

Ба шаъни деҳа фикри бад намудан,
Бувад исботи кӯтаҳақл будан.

Чӣ сон бигрифтӣ маълумоти олӣ
Ту бо ин каллаи бемағзи холӣ?"

Ҷавобашро басе бо қаҳр додам:
"Кӣ пурсид аз ту, эй бефаҳм одам?

Даматро гир, бо роҳи худат бош,
Нашав ҷурғот, амакҷонам, ба ҳар ош!"

Табассум карду сар ҷунбонд он мард…
Ба ман як ҷӯраам бад-бад назар кард:

"Намудӣ аз чӣ беандеша таҳқир,
Гапи ин мард ҳаққонист, охир.

"Ҳимоятгор дорам" гуфта, акнун
Намехоҳӣ равӣ аз шаҳр берун?

Ба фикрат деҳа нобоб аст беҳад,
Дар он ҷо мешавад аҳволи ту бад?

"Ҳимоятгор дорам" гуфта, зинҳор
Нарав аз худ, киро нози ту даркор?

Ту фарқе дорӣ оё аз рафиқон?
Баробар ҳар як, инро хубтар дон!"

Набудам интизори ин суханҳо,
Хато кардам, ки гуфтам фикри худро.

Зи таъсираш арақ аз ҳар ду рӯям
Равон гашту надонистам чӣ гӯям.


Ба сар андешаҳои бекарона,
Шудам бар хона аз он ҷо равона…

Қадам мондам даруни хонаи худ,
Ба кат партофтам ман хешро зуд.

Чу модар дид ин аҳволи манро,
Кушод ӯ бар падар аз нав суханро.

Падар айнак ба чашмонаш ниҳода,
Ҳамехонд ӯ газетеро кушода.

Сари худро вай оромона бардошт,
Газеташро ба як ҷониб бигзошт.

Маро наздаш бихонду гуфт ин хел:
"Дар аввал мешавад албатта мушкил.

Вале, бояд равӣ, ин хоҳиши ман,
Ту хуб одам шавӣ – ин хоҳиши ман!"

Аз ин амри падар афзуд дардам,
Ки ҳатто ноилоҷан гиря кардам.

"Маро монед, гуфтам, эй падарҷон,
Намехоҳам шавам дур аз рафиқон".

Ба қаҳр омад падар, аз ҷои худ хест,
Қадам зад фурсате дар хона беист.

Сипас истода оҳе баркашид ӯ,
Ғазаболуд овард он ба ман рӯ:

"Падар гӯӣ маро, бояд равӣ ту
Ва ё маҳрум аз лутфам шавӣ ту.

Билети роҳ ин – то ҷои корат,
Худат ҳал кун кадомаш, ихтиёрат!"

Баромад, чун билетам дод, аз дар,
Ба пушти худ назар нанмуд дигар.

Чунин рафтори ӯ ҳуш аз сарам ронд,
Билети раҳ фақат дар дасти ман монд…

"Дилам танг омад, аз ғам танг омад,
Барои шишаи дил санг омад.
2.

Тасаввур мекунед он рӯзи манро?
Ба модар ҳам нагуфтам ин суханро.

Падар рафту бадар рафтам зи хона,
Бадар рафтам ҳазину маъюсона.

Парешон аз хиёбон мегузаштам,
Надида ҳеҷ инсон мегузаштам.

Худамро ман ба назди Кӯл дидам,
Надонистам, ки чун он ҷо расидам.

Накарда ҳеҷ як шахсе далолат,
Гирифтам заврақе, ошуфтаҳолат.

Шино кардам камеву шом омад,
Ба сар фикри чунин иқдом омад;

Миёни кӯл партоям худамро,
Раҳо аз ғусса бинмоям худамро.

Дилам танг омад, аз ғам танг омад,
Барои шишаи дил санг омад.

Занад он сангу бинмояд ҳалокам
Ба зери об, на болои хокам.

Дар ин дам моҳро аз дур дидам,
Варо ҳам мисли худ ранҷур дидам.

Гузашт аз паҳлуи ман заврақе зуд,
Дар он як навҷавон бо дилбараш буд.

Ҷавони хушдиле, заврақ ҳамеронд,
Гаҳе ин байтро бо ҳазл мехонд:

"Як дам туро оғӯш гирам,
Ҷаҳон донад, ки з-он пас ман намирам!"

Шунидам, аз хаёлам ор кардам,
Ҳамон як байтро такрор кардам.

Ба гӯшам он миёни шом омад,
Маро з-он фикри нангу ном омад:

"Падар арзи маро нашнид, зинҳор,
Худам бо қисматам созам сару кор.

Дареғ омад варо як бурда нонаш
Зи фарзанди азизу меҳрубонаш.

Илоҷам нест, акнун меравам ман,
Худам бо қисмати худ мешавам ман!"

Пас аз ин заврақи худро бирондам,
Ҳамон як байтро такрор хондам:

"Агар як дам туро оғӯш гирам,
Ҷаҳон донад, ки з-он пас ман намирам!"

Ба модар ҳам нагуфтам ин суханро,
Тасаввур мекунед он рӯзи манро?.."
3.

"Самолёт аз замин парвоз бинмуд,
Ба як дам бин, ки дар авҷи фазо шуд.

Назар афкандам аз боло ба поён,
Ки шаҳр аз дида мегардид пинҳон.

Зи як сӯ кӯҳҳои сар бар афлок
Аён гаштанд дар чашмам фараҳнок.

Зи як сӯ водии хуррам намоён,
Ки дар ҷӯш аст меҳнат дар бари он.

Зи як сӯ оби руди ҳосиловар,
Шуда ҷорӣ ба майдонҳои кишвар,

Замини киштро сероб мекард,
Ватанро шоду нусратёб мекард.


Вале ман ғарқи баҳри фикр будам,
Ҳама бегона он гаҳ менамудам…

Нарафта фурсати як чойҷӯшӣ,
На, ҳатто, фурсати як чойнӯшӣ,

Самолёт аз ҳаво поён фаромад,
Ба манзилгоҳи худ осон фаромад.

Шитобиданд он ҷо интизорон,
Ба истиқболи фарзандону ёрон.

Падар фарзандро оғӯш мекард,
Писар ҳарфи падарро гӯш мекард.

Рафиқон ҳолпурсӣ менамуданд,
Зи васли ҳамдигар хурсанд буданд.

Вале аз ман касе ҷӯё намешуд.
"Чӣ мешуд, – гуфтам, – эҳ ин шаҳр мебуд!

Маро, охир, дар ин бегона ҷое
Кӣ мепурсад, набошад ошное?"

Қадам мондам ба як сӯ бо хаёле,
Падид омад маро ошуфтаҳолӣ.

Дар ин дам сӯи ман омад ҷавоне,
Ки пурсид ӯ: наед оё фалонӣ?..

Машини боркашонеро нишон дод,
"Раис инро, – ба ман гуфт ӯ, – фиристод".

Машинро аз назар як бигзарондам,
Басе дар ҳайрат аз ин кор мондам.

Ба дил гуфтам, раис чун шуд хабардор,
Магар худ ҳайратовар нест ин кор?

Гумон кардам, падар фаҳмонда бошад,
Телефон карда огоҳонда бошад!..

Азобам он машини боркаш дод,
Ба паҳлӯи идора рафта истод.

Раис будаст он ҷо интизорам,
Фароварданд аз мошина борам.

Ду-се кас бо раис он ҷой буданд,
Ҳама хуш ҳолпурсиам намуданд.

Ба як дам мӯсафеде чою нон кард,
Яке шафтолую гелос овард.

Яке ҷурғот оварду яке нон,
Ҳама овардаашро наздамон монд.

Чунин одат нахустин бор дидам,
Русуми мардуми кӯҳсор дидам.

Касе, к-он ҷо биёмад аз аҳолӣ,
Наёмад ҳеҷ кас бо дасти холӣ…

Ҳама рафтанду ман мондам, раис монд,
Ба назди мо фақат бобо Нафис монд.

Пас аз як дам раис ҳам хест аз ҷо,
Дами рафтан бигуфт ӯ сӯи бобо:

– Ту бобо, аз муаллим бохабар шав,
Дар ин қишлоқ ин кас одами нав.

Саҳар мо хона пайдо менамоем,
Шароитро муҳайё менамоем..."
4.

"Нахустин шаб, ки хоби ман наёмад,
Бароям сарҳисоби ман наёмад.

Ба берун муддате кардам назора,
Ки ҳатто осмон ҳам беситора…

Пас аз борони кӯтаҳмуддати соз,
Ҳама атроф шуд хушбаҳратар боз.

Ва як дам аз гулу барги дарахтон
Ғубору гардро ҳам шуст борон.

Парешон гашт абри даргузар ҳам,
Дурахшон тофт моҳи шӯълавар ҳам.

Валекин абри фикр аз сар намерафт,
Ғамам ҳам аз дилам дигар намерафт,

На аз наздик, на хамгашти роҳе,
На аз ҷои аён, не аз паноҳе,

Намеомад ягон овоз бар гӯш,
Ки ҳатто мурғи шаб ҳам буд хомӯш.

Ба дил гуфтам, ки: "Ҳайф, аз шаҳр дурам,
Кунун барбод рафт айшу ҳузурам.

Падар бошад калону яккафарзанд
Шавад дар деҳаи нобоб побанд?

Аҷоиб ин худаш, охир, чӣ ҳол аст?
Ба фаҳмаш рафтанам амри маҳол аст.

На ванна, на кран... Бар шустани рӯ
Магар ман меравам акнун лаби ҷӯ?

Ду-се рӯзи дигар истода бинам,
Ба ҳар ҷониб диққат дода бинам,

Агар шуд – шуд, нашуд – як нома ҳатман
Фиристонам ба унвони падар ман.

Агар фарзанди худро дӯст дорад,
Чаро дар хорию зорӣ гузорад?

Мана, охир, раисро кард огоҳ,
Ки истиқбол бинмуданд аз роҳ.

Аз он шояд ба мондан ӯ нафармуд,
Ки назди дигарон ноҷой мебуд..."
5.

"Фақат се рӯз бигзашт аз миёна,
Ки дурам аз бародарҳою хона.

Тамоман дил дар ин се рӯз хун шуд,
Кӣ медонад, маро аҳвол чун шуд?!

Театр нест дар ин деҳа ҳоло
Ва боғи истироҳат нест ин ҷо.

Мани дар шаҳр одаткарда, охир,
Чӣ сон одат кунам ин ҷой ҳозир?

Яке бобо Нафис дорад набера,
Аҷоиб духтарак, номаш Назира.

Ба ман гаҳ ширу гаҳ қаймоқ орад,
Ки бобояш ба ман ихлос дорад.

Маро бисёр ҳурмат менамоянд,
Калону хурд иззат менамоянд.

Ин аз он, ки падар шахси калон аст,
Ҳама ҳурмат барои номи он аст.

Кунун аз назди мактаб хона доданд,
Ба ман қишлоқиён бо эътиқоданд.

Барои сӯхтан вақти зимистон
Зи ҳоло ҳезум оварданд онон.

Вале бо ин ҳама ёди рафиқон
Намояд хотири манро парешон.

Шумо, эй ҷӯраҳо, ҳоло куҷоед,
Маро ҳам ёд оё менамоед?..

Ҷудоӣ дар ҳақиқат сахт будаст,
Ба сар фикри зиёде мефузудаст.

Намемонам дар ин қишлоқ зинҳор,
Нахоҳам дошт ин ҷо ман сару кор.

Таваккал, шаб басе ман боб карда,
Нависам нома, тарки хоб карда.

Ҷавоби мусбате ояд, ҳамон дам
Равон гардам аз ин ҷо шоду хуррам!"
6.

"Шаби ғамовар омад боз, ҳайҳот!
Дилам пур аз хаёлу роз, ҳайҳот!

Надонам аз чӣ ғамгин мешавам ман?
Ҷавоби нома кай ояд, равам ман?

Чунин мегуфтаму дилтанг будам,
Ки бо оҳанги маҳзуне сурудам:

"Мадеҳ, эй дил, маро озор бисёр,
Ки андӯҳи худам аз ҳад зиёд аст.

Дар ин манзил надорам шахси ғамхор,
Намедонӣ, ки корам оҳу дод аст?

Намедонистам оҳи сардро ман,
Валекин омаду бо ман қарин шуд.

Намекардам тасаввур дардро ман,
Расид он ҳам, бубин, табъам ҳазин шуд.

Намеояд ба чашмам хоб ҳаргиз,
Сарам аз зӯрии фикрам варам кард.

Ба ин ҳолат надорам тоб ҳаргиз,
Падар манро асири дард у ғам кард.

Мадеҳ, эй дил, маро озори бисёр,
Ту, эй хотир, нашав як дам парешон.

Ба дӯшам бе шумо ҳам ғам бишуд бор,
Ҷудо аз хонаву ёру рафиқон…"

Зи ҷо бархостам, рӯ-рӯи хона
Шудам ин сӯю он сӯ пас равона.

Гумон кардам, ки аз дил мечакад хун,
Зи тиреза назар кардам сӯи берун.

Шаб аз шаб рафтаву дар пушти боғе,
Ҳанӯз афрӯхта ҷо-ҷо чароғе.

Ҳамон кӯҳе, ки дар он сӯи дарёст,
Чунон бадҳайбату пурбим ҳолост.

Сараш болои деҳа, гӯӣ, каҷ буд,
Чу дидам, дар дилам з-он ваҳм афзуд.

Накардам он тараф дигар нигоҳе,
Натобад то ки ҳар гуна сиёҳӣ.

Нишастам омада назди столам,
Зи нав гардида ман ғарқи хаёлам.

Сурудеро шамол овард ногоҳ,
Хаёламро парешон кард ногоҳ:

"Дилам дар ихтиёрам буд доим,
Хаёлу хотирам ҳам ҷо ба ҷо буд.

Ба худ сабру қарорам буд доим,
Парешонӣ ба ман ноошно буд.

Ҳар он чӣ буд дар ман, буд бо ман –
Ҳамеша ростқавлӣ, устуворӣ.

Ҷавононро ягон диққат надодан,
Агарчи доштанд уммедворӣ.

Ҳар он шахсе ба ин дил дом партофт,
Нашуд бар мақсадаш зинҳор ноил.

Илоҷи дигареро низ мекофт,
Намешуд муддаояш ҳеҷ ҳосил.

Шикори чашми шаҳлое намешуд
Ягон бор ин дили якроҳаи ман.

Ҳамеша касбу кораш саркашӣ буд,
Ки мешуд бар ҷавонон тез равшан.

Дили якроҳаи гарданшах имрӯз,
Чӣ шуд, аз ихтиёрам рафт берун.

Намедонад каси дилбурда, афсӯс,
Ки фикру ёди ман бо ӯст акнун.

Туро шояд намедидам, азизам,
Дилам дар ихтиёрам боз мемонд.

Туро дидам, чаро дидам, азизам?
Дилам акнун маро з-осудагӣ ронд…"

Чи хуб аст! Ин қадар овози форам!
Чунон ёре ба дил уммед дорам.

Аз ин ҷо будани ӯ даргумон аст,
Аҷаб не, ӯ дар ин ҷо меҳмон аст.

Аз ин ҷо бошаду гардам шиносо,
Агар хоҳад, барам ҳамроҳ ӯро.

Чӣ гуфтам?.. Рафту шавҳардор бошад,
Ба фарзандони худ ғамхор бошад?..

На оромӣ, на аз хобам асар буд,
Чунин андеша то вақти саҳар буд.
7.

"Ҳанӯзам аз падар як нома ҳам нест,
Ба дил зад интизорию чунин зист.

Даруни хона бетартиб, ифлос,
Барои ман набуд ин зиндагӣ хос.

Ба шаҳр ин корҳои модарам буд,
Набуд як ҷои хона гардолуд,

Ҳамеша тозаву озода будам,
Ба ин ҳолат кунун одат намудам.

Ҷавобе аз дадоям нест, афсӯс,
Шавад оғоз дарсам баъди як рӯз.

Ба наздам Мустафо бегоҳ омад,
Ки аз ҳолам шавад огоҳ, омад.

Муаллим ӯ, ба ман ҳамихтисос аст,
Валекин донишаш аз ман каме паст.

Маро ҳурмат кунад з-ин рӯй беҳад,
Дадоямро, аҷаб не, мешиносад…

Аз ин рӯ назди ман ояд ҳамеша,
Ки то хурсанд бинмояд ҳамеша.

Вале аз ҳарфи ӯ шавқам наояд.
Дадоям кошкӣ даъват намояд.

Илоҷам чист, мондам чанди дигар,
Пагоҳ, афсӯс, дарсам мешавад сар.
8.

Муаллимҳо нишаста дар идора,
Фикандам сӯи онҳо як назора.

Саломе дода аз як сӯ гузаштам,
Ба назди Мустафо рафтам, нишастам.

Даромад дар ҳамин дам аз дар он мард,
Ки ӯ дар чойхона коҳишам кард.

Аҷоиб, ӯ наход омӯзгор аст,
Ва ин мактаб барояш ҷои кор аст?

Худоё, ман чаро зудтар нарафтам,
Ақаллан бар деҳи дигар нарафтам.

Қариб буд ки ҳамон гапро кушоям,
Ки ӯро шармсор он ҷо намоям.

Мудири илмии мактаб намешуд,
Чунин рафтори ман он ҷо яқин буд.

Нигоҳам кардаву оҳиста хандид,
Конспекти маро ором пурсид.

Ба дасти ӯ конспектам бидодам,
Аз ӯ ноканда чашмонам ситодам.

Намуда диққат ӯ ҳар сафҳаро хонд,
Табассум карду пас имзои худ монд:


"Ягон мавзӯатон душвор бошад,
Мабодо ёрие даркор бошад,

Накарда ҳеҷ шарм, аз ҳар яки мо
Шумо дар вақти худ пурсед онро.

Ба пурдониатон-ку шубҳае нест,
Шуморо чунки маълумот олист.

Вале дар кори худ охир ҷавонед,
Ки пурсидан аз ин рӯ метавонед.

Дурусташ, мешавад ин кор осон,
Яке аз беҳтарин омӯзгорон –

Рафиқ Исмат Шариф, то метавонад,
Ба вақти лозимӣ ёрӣ расонад".

Ҳама ин ҳарфро тасдиқ карданд,
Ба ман "устод"-ро наздик карданд.

Ҳамон марде, ки ман бад дида будам,
Даруни сина нафрат менамудам,

Қабул кард ин суханро бо ишорат,
Ниҳонӣ кардамаш хело ҳақорат.

Гузашт аз дил: "Чӣ меомӯзам акнун
Зи шахсе, ки худаш аз фаҳм берун?

Напурсида аз он ҳам метавонам
Ба хубӣ дарси худро бигзаронам.

Ҷавоби номаам ояд, ҳамон дам
Равон гардам аз ин ҷо шоду хуррам!"

Садои занги аввал гашт боло,
Надонам, чун шавад ин дарс ҳоло..."

Пас аз дарс омадам бар хонаи худ,
Ки омад аз паи ман Мустафо зуд.


Ҷавони хушкалому меҳрубон ӯст,
Барои ман ниҳоят қадрдон ӯст.

"Сафо, – гуфт ӯ ба ман, – шуд рӯз бегоҳ,
Ба манзилгоҳи мо рафтем ҳамроҳ!

Каме биншаста рози дил кушоем,
Аз ишқу орзу сӯҳбат намоем.

Барои он ки сӯҳбат бигзарад хуш,
Ду-се касро хабар бинмудаам дӯш.

Макун фикреву зудтар бош, рафтем,
Ту бо ёру бародар бош, рафтем!"

Набуд аз баҳри рафтан ихтиёрам,
Вале нагзошт ӯ бар ҳоли зорам.

Ба ӯ гуфтам: "Набошад, андаке мон,
Каме ман кор дорам, Мустафоҷон.

Ту рав ҳоло, худам ҳам меравам ман,
Пас аз ним соат он ҷо мешавам ман."

Дар аввал нею-нестон карду сонӣ
Бирафту гуфт: дер аммо намонӣ!..

Чӣ коре?.. Менишастам, фикрам афзуд,
Хаёлам банд бо Исмат Шариф буд.

"Чӣ сон бигрифтӣ маълумоти олӣ
Ту бо ин каллаи бемағзи холӣ?"

Чунин гуфт ӯ ба ман дар шаҳр, охир,
Дар ин ҷо ӯ ба ман вобаста ҳозир.

Аҷаб вобастагиҳо дар ҷаҳонанд,
Ки онҳо гаҳ аён, гоҳе ниҳонанд.

Агар настонам аз ӯ интиқомам,
Намонад дар китоби даҳр номам.

Даме, ки дар дили кас доғ бошад,
Чӣ ҷои фикри сайри боғ бошад?

Бирафт аз сар хаёли меҳмонӣ,
Хаёли сӯҳбат бо дӯстоне.

Стул бигрифтаму дар беруни дар
Нишастам бо хаёли шаҳру модар.

Баногоҳ дидам, аз мактаб баромад
Ҳамон Исмат Шариф… Назди ман омад.

"Чӣ шуд, – гуфт ӯ, – парешон менамоед?
Ба ёру дӯст пазмон менамоед!"

"Бале, чун хотирам осуда бошад,
Ба дил вақте, ки ғам афзуда бошад?

Ба ёд оред, чун дар шаҳр будед,
Шумо аз ман басе дар қаҳр будед.

Ана, ман омадам, дидам саросар,
Ҳамон фикрам, чӣ мегӯед дигар?"

"Бихонам аз ҳаёт андак китобе
Бигӯям, пас ба ин гапҳо ҷавобе..."

"Шумо дар шаҳри мо доред хона?"
"На, мехондам дар он ҷо ғоибона".

"Аёнам шуд, чаро коҳиш намудед,
Фақат з-он, ки Шумо инҷоӣ будед."

"Шуморо ҳарфҳои кӯдакона
Намезебад, бигӯям дӯстона.

На чандон бад дар ин ҷо кор кардан..."
"Надорам сабр, аз ин ҷо меравам ман!"

"Чунин андеша бардоред аз сар
Ки ҳоло мекунед одат, бародар.

Нахустин бор, вақте омадам ман
Ба ин қишлоқ, фикрам буд рафтан.


Биноҳои наве он гаҳ набуданд,
Тамоми хонаҳояш паст буданд.

На кино, на чароғи иличӣ буд,
Дили ман ҳам дар он дам танг мешуд..."

Ба дил гуфтам: "Ниҳӣ дар як тарозу?
Замину осмон – фарқи ману ту!"

Бароварда зи ними роҳ овоз,
Биёмад дар ҳамин дам Мустафо боз.

"Сафо, – гуфт ӯ, – чаро таъхир кардӣ?
Сухан додию аммо дер кардӣ.

Муаллимҷон, Шумо ҳам дар ҳамин ҷо?
Равем, охир, ҳама дар хона кайҳо!"

"Маро маъзур дор имрӯз, ҷонам,
Каме нотоб фарзанди калонам.

Хавотир андак аз ин рӯй ҳастам".
Нарафт Исмат Шариф, ман шод гаштам.

Ҳаминро гуфту ӯ аз мо ҷудо шуд,
Ба чашми ман чунон ҳам баднамо буд.

Намудам аз паяш бад-бад нигоҳе,
Шудам бо Мустафо он гоҳ роҳӣ.
***

Даруни хона буд аз меҳмон пур,
Ҳама хушчақчақанду шоду масрур.

Ба сӯҳбат бо муаллимҳои қишлоқ
Нишаста агроному як геолог,

Ки онҳо ҳам ба мисли ман ҷавонанд,
Ҷавонони далеру кордонанд.

Чунон ҳам шӯх буданд он рафиқон,
Ба хубӣ давраро карданд гардон.

Фақат як ман дар он ҷо гӯш будам,
Тамоман бегапу хомӯш будам.

Яке аз ин сабаб аския партофт,
Ки пинҳонӣ диламро, гӯӣ, бишкофт.

Ҳама хурсанду ман дилгир мондам,
Китобе хостам, як лаҳза хондам.

Китоб аз дастам онҳо дур карданд,
Барои гап задан маҷбур карданд…

Таом омад, сипас майро кушоданд,
Ба ман ҳам як қадаҳ пур карда доданд.

Валекин ман "наменӯшам" бигуфтам,
Геолог он замон бо қаҳр гуфтам:

"Ба нею-нестон оғоз кардед,
Шумо монанди духтар ноз кардед.

Нагӯед ин ки ин ҷо майпарастон
Нишаста бода менӯшанд аълон.

Шумо меҳмони иззатманд ҳастед,
Ба ин ҷо бори аввал омадастед.

Ба моён Мустафо ҳам маслиҳат кард,
Шуморо гуфта, андак бода овард.

Вагарна расму оин нест ин ҷо
Мураттаб боданӯшӣ, ҷӯраи мо.

Намехоҳед, мо зӯрӣ надорем,
Дар ин ҷо кори маҷбурӣ надорем.

Барои деҳаю ояндаи он,
Барои мардуми дилзиндаи он,

Агар нӯшед ҳам – мешуд, бародар,
Вагарна мо намепурсем дигар!"

Ба дил гуфтам; "Барои шаҳр бошад,
Барои бода дар дил баҳр бошад.

Бинӯшам, боз нӯшам, боз нӯшам,
Дар ин ҷо ман намехоҳам, хамӯшам."

Нанӯшиданд аз як ҷом афзун,
Сухан карданд в-он гаҳ шоду мамнун.

Яке барҷасту даф, танбӯр овард,
Геологи ҷавон рақси хуше кард.

Яке танбӯр бигрифту яке даф,
Суруди Мустафо шуд осмонкаф:

Ёрам наояд, –
Ҷонам барояд.
Ёрам, ки омад,
Дил месарояд.
Хандон ёр,
Рақсон ёр,
Дил месарояд!.."

Дар ин асно шуморо ёд кардам,
Дилам бо меҳратон ман шод кардам.

Шумо, эй ҷӯраҳо, ҳоло куҷоед,
Маро ҳам ёд оё менамоед?

Чӣ шуд, ки духтари ҳамсоя кай боз
Намесозад суруди хеш оғоз?

Ба овози хуши ӯ дӯсторам,
Сурудашро ҳамеша интизорам.

Ту, эй ҳамсоядухтар, дар куҷоӣ,
Чӣ мешуд як суруди нав сароӣ?

Надонам, рафту шавҳардор бошӣ,
Ба фарзандони худ ғамхор бошӣ.

Надонам, ё ки бар зебоҷавоне
Ту нав дил додаию меҳрубонӣ?

Суруде хону фаҳмонам, аё гул,
Кадомин боғро ҳастӣ ту булбул?

Сурудатро ниҳоят кардаам ёд,
Ба овозат ҳазорон офарин бод!.."
9.

"Пас аз дарсам, ду навбат дарси ман буд,
Шитобидам ба сӯи хонаи худ.

Рафиқам – Мустафо бояд биёяд,
Ки дар шоҳмот ӯ бозӣ намояд.

Зиёфат кардан ӯро хостам ман,
Вале душвор шуд хӯрок пухтан…

Фақат як чою нон, он шуд тановул,
Ба шоҳмот он замон гаштем машғул.

Мароқовар басе шуд бозии мо,
Паи ҳам се карат монондам ӯро.

Вале ногоҳ дард омад танамро,
Надонистам ба ӯ чун гуфтанамро.

Сару поям тамоман дард мекард,
Бигуфтам: аз куҷо омад ба ман дард?

Худ аз худ ман баровардам ҳарорат,
Ки мондам назди меҳмон дар хиҷолат.

Рафиқам хест аз ҷояш ҳаросон:
– Чӣ шуд бо ту, бародар, тез фаҳмон!

Чаро шуд ранги рухсори ту дигар?
Биё, паҳлу каш аз болои бистар.

– Ту рав, аз ман нашав ҳаргиз хавотир,
Ба фикрам меравад ин дард ҳозир.

– Ҳарорат дар танат, охир, баланд аст,
Агар духтур нагӯям, хавфманд аст.

–Бародар, ман саҳат, ин дардҳо чист,
Намо бовар, ба духтур ҳоҷате нест.

– Ту оромона бинмо, ҷӯра, роҳат,
Ҳароратсанҷ орам то бароят…

Ба дил гуфтам, ки ин дард аз куҷо буд,
Сиҳат монад маро оё намешуд?

Магар шаҳр ин, ки кас даъват намояд,
Ба болин духтури навбатчӣ ояд.

Дар ин ҷо модаросо одамам нест,
Намедонам илоҷи дарди ман чист.

Рафиқам гар ҳароратсанҷ орад,
Магар бо он табамро мефарорад?

Ба ман "духтур бигӯям" гуфт, аммо
Канӣ дар деҳа духтурҳои доно?

Ба шаҳр онҳо ки медонанд истанд,
Ба деҳа бесаводашро фиристанд.

...Биёмад Мустафо, таб дид, ки чил,
Ба ман гуфт ӯ кашида оҳ аз дил:

"Бихоб осуда, рафтам ман ба духтур!"
Ба худ гуфтам: Чаро аз шаҳр ман дур?

Барои хонадонам эрка будам,
Профессор табобат менамудам.

Дар ин ҷо? Оҳ, дар ин ҷо надонам,
Киро орад рафиқи меҳрубонам.

Ба ман ин, хайрият, ки меҳрубон шуд,
Маро даъват ба меҳмонеш бинмуд.

Ана, ҳоло ба ҳар сӯ мешитобад,
Ба дардам то давоеро биёбад.

Бувад ин меҳрубониҳо бароям
Фақат бо ҳурмати номи дадоям.

… Худаш омад, магар духтур наомад,
Ки бо ӯ як нафар ҳамшира омад.

Вале ҳамшира ҳам ҷонона будаст,
Назокатпешаи якдона будаст.

Ба тан хилъат, аҷаб хушқадду қомат,
Ду кокул то хами зонӯш мезад.

Ду абрӯ дилфиребу чеҳра хандон,
Нигоҳаш гарму чашмонаш дурахшон.

Чунин дандонсадаф, зебонигоҳе,
Аз ин қишлоқ?.. Дорам иштибоҳе.

Агар ҳамсояи хушхон намебуд,
Дилам мумкин ба ин пайванд мешуд…

Стул бигрифтаю биншаст наздам,
Бипурсид аз ман ӯ таърихи дардам:

– Шумо гӯед, кай сар зад чунин дард?
Куҷотон пеш аз ин дард мекард?

Касе пурсидани ҳамшираро дид?..
Саволу пурсупоси ӯ нафорид.

Калонгирии ӯ чун қаҳр овард.
– Ҳамин бегоҳ. – Гуфтам бо дили сард.

– Чӣ дод озор, гӯедам бидонам…
– Шумо донед лозим, ман чи донам.

Шумо "духтур"-ку! Ман донам чӣ дард аст,
Табамро менамудам тезтар паст.

Агар донад касал, духтур чӣ лозим?
– Шавед ором, осуда, муаллим!

– Касалро карда натвонад муайян,
Чаро духтур шавад? Гӯед бар ман!

Намебинед, сӯзам аз ҳарорат,
Диҳедам доруе, табро фарорад!


– Шумо худро каме осуда доред,
Чаро бар ҷаҳл худро месупоред?

Нишондоде ба духтур шарт беҳад,
Ба ман гӯед, ин дард аз чӣ сар зад?

Ба ҳар ҷое касал бошад, расидам,
Вале мисли Шуморо ман надидам.

Нафаҳмам медиҳам нобоб дору,
Намеорад ягон фоидае ӯ.

Магар дишаб Шумо камхоб будед?
Ба тафси рӯз оббозӣ намудед?

– Бале, дишаб нишастам бо яке кор,
Намудам оббозӣ, ҳастам иқрор.
Ҳамин…

– Ин ҳам барои ман басандаст.
Канӣ, ин куртаро доред бо даст!

Нафас гиред, озодона гиред!
Табобатро агар лозим пазиред,

Шумо ин доруро нӯшед ҳозир,
Худи ҳозир, наандозед таъхир!

Чунон ҳам нозук ин ҷисми Шумо. Эҳ…
Ба ташбеҳаш ниҳоли лему ҳам беҳ.

Шамоле гар расад нотоб дарҳол,
Муаллим, эй муаллим, ин чӣ аҳвол?

Ба варзиш кардан оё шавқатон нест,
Чунин нозукниҳолӣ, охир, аз чист?

Надорад ин зарар, моён шуморо
Диҳем албатта обу тоб ин ҷо,

Ки на аз зӯрии кори зиёде
Касал гардеду на аз тундбоде!


Шуморо дида будам, лек ҳаргиз
Намегуфтам, ки бошед инчунин тез.

Фаромад ҷаҳлатон? Гаштед ором,
Ки байни мо кашокаш ёфт анҷом.

Шифо ёбед! Меоям саҳар боз,
Шумо печидаву хобед бе ноз!..

…Пичингу таънааш хело асар кард,
Мани нотобро нотобтар кард.

Вале хуб шуд, ки худдорӣ намудам.
Чаро ӯ гуфт, ки "ман дида будам"?

Рафиқам ҳам "сиҳат шав" гуфта, зуд рафт,
Маро партофта бо ҳоли худ, рафт.

Дар он вақте, ки ӯ аз дар баромад,
Суруди ошно бар гӯшам омад:

"Дилам дар ихтиёрам буд доим,
Хаёлу хотирам ҳам ҷо ба ҷо буд.

Ба худ сабру қарорам буд доим,
Парешонӣ ба ман ноошно буд…"

Риоя нонамуда ман ба духтур,
Зи ҷо якбора барҷастам, дилам пур.

Чӣ хуш, ҳамсоядухтар месарояд,
Ба дил хурсандиамро мефизояд.

Ба берун ман нигоҳи гарм кардам,
Худ аз худ ногаҳонӣ шарм кардам.

Киро мебинам акнун пеши чашмон,
Ба ман ҳамсоядухтар будаст он.

Агар гӯям – сурудаш шеъри шоир,
Вале монанд овозаш ҳам охир.

Агар донам ҳамон ҳамсоя будаст,
Ба густохӣ намебардоштам даст.

Худаш, оре, худи ӯ, шубҳае нест!
"Шуморо дида будам" гуфтанаш чист?

Табибам шуд зи пеши дида пннҳон,
Ман аз тарзи гапам будам пушаймон.
10.

"Саҳар шуд, лек ман нотоб будам,
Ба бистар ноилоҷан хоб будам.

Рафиқи меҳрубон аз хонаи худ
Ба ман мастоба оварду бифармуд,

Ки ошомам тамоман, чун давоист,
Нахезам ман зи ҷоям, қувватам нест.

Худаш, дарси туро ман мебарам, гуфт,
Сиҳат шав тезтар ту, додарам, гуфт.

Баромад рафт ӯ, танҳо бимондам,
Хат омад аз падар, онро бихондам.

Намудаст орзуи тандурустем,
Ки бошам шоду хушаҳвол доим.

Ба ман ҳар як каломи ӯ азиз аст,
Вале ҳоло ба мисли бодбез аст.

Ки мебардорад оташро ба боло,
Бале, чун бодбbrез ин нома ҳоло!

На ин ки ӯ чунин бераҳму қатъист,
Ба фарзанди ягона шафқаташ нест?

Навиштаст ӯ: "Ту мехоҳӣ биёӣ
Ба назди мо, ба коре пас дароӣ?

Накун ин корро зинҳор, зинҳор,
Суханҳои маро дар хотират дор!

Ҳамон рӯзе, ки хондант интиҳо ёфт,
Туро кори ҳақиқӣ ибтидо ёфт.

Ба қишлоқат фиристодем, акнун
Ту омӯзону ҳам омӯз афзун.

Батамкин бош дар корат, ҷигарбанд,
Падарро то ки бинмоӣ ту хурсанд!.."

Набуд аз ӯ маро ин гуна матлаб,
Магар ман хостам аз ӯ фақат гап?

Ҷавобан номае ҳоло нависам,
Дар он нотобии худро нависам.

Пас аз ин шояд ӯ шафқат намояд,
Дилаш сӯзад, маро даъват намояд…

… Дар ин дам духтари ҳамсоя омад,
Бо ӯ Исмат Шариф аз дар даромад.

– Салом! Аҳволатон чун аст акнун?
– Ман аз лутфи Шумо бисёр мамнун!

Пас аз ин духтари ҳамсоя хандид.
Зи ман Исмат Шариф ҳам ҳол пурсид.

– Ташаккур! – гуфтаму ором хуфтам,
Ба ӯ ҳарфи зиёде ман нагуфтам.

Қариб гӯям, ки: "Бо роҳи худат бош,
Шудӣ имрӯз ҳам ту пашша дар ош!"

Ба духтур ҳар чӣ бошад зеҳн мондам,
Ниҳонӣ аз дили худ бигзарондам:

"Худаш-ку дар назар хело ҷавон аст,
Набошад шавҳараш, корам калон аст.

Чӣ овозу чӣ рӯ, бин, нур пошад!
Чӣ мешуд, дӯстдораш ҳам набошад?"

Нишаст ӯ дар стул аз рӯ ба рӯям,
Хиҷолатманд ин дам назди ӯям.

Зи кори дина содиркардаи худ,
Магар ҳоло дили ман шод мешуд?

– Агарчанде Шумо ранҷед аз ман,
Уколе чанд мебояд намудан.

Барои кор рухсат не шуморо,
Шумо ҳам майл нанмоед ҳоло.

Бигуфт Исмат Шариф: – То метавонед,
Назокат, хубтар ёрӣ расонед!

– Ба ҷону дил! – бигуфт ӯ бо табассум.
Ба ман гуфто: – Шумо дар хона маҳкум!

– Дигар кас фанни манро бигзаронад,
Чу ман ӯ дарс бурдан метавонад?

– Муаллим бошад ӯ, бояд тавонад,
Шумо донистаро, шояд, ки донад.

Шифо ёбед, он гаҳ мешавад кор!..
Маро таъкид кард ин гуна бисёр.

– Шифо ёбед, он гаҳ мешавад кор! –
Бигуфт Исмат Шариф бинмуда такрор.

Пас аз ин гуфтаҳо рафтанд ҳар ду –
Яке бефаҳму дигар шахси дилҷӯ.

Дили ман буд аз ҳар гуна гап пур,
Нашуд имконият гӯям ба духтур.

Назокат буда номи ӯ, чӣ ном аст,
Худаш ҳам дар назокат моҳи том аст.

Ба ман Исмат Шариф – он бефаросот,
Халал оварду маҳкам зарбае дод.

Ман аз ҷо хестам, андеша дар сар,
Ки бинам духтурамро бори дигар.

Ана, боз ин чӣ гап?.. Исмат Шарифро
Гирифта аз таҳи каш, меравад роҳ?


На ин ки бетамиз аст ӯ чунин ҳам,
Надонад фарқи одамро аз одам?

Чунин як ҳолати пурнанг дида,
Нишастам бо алам оҳе кашида..."
11.

"Навиштам номаи дигар, кай ояд
Ҷавоби мусбату шодам намояд?

Гузашт аз байн чандин рӯзу дар кор
Набудам, хуфтаам дар хона ночор.

Сиҳат ман! Духтури ҳамсоя акнун
Диҳад рухсат, равам аз хона берун.

Ба дил ишқ омаду рафт ихтиёрам,
Рақибам ҳасту аз ин дилфигорам.

На ин ки духтур ӯро дӯст дорад,
Муносиб аз барои худ шуморад?

Канӣ, аввал бипурсам аз худи ӯ,
Набошад боз дар ин сеҳру ҷоду.

Ман ӯро ончунон ҳам доштам дӯст,
Гумон кардам зи ҷонам беҳтар ӯст.

Вале афсӯс, ишқам бебарор аст,
Илоҷам чист? Дил уммедвор аст!

…Мана, ҳоло ба ин сӯ мешитобад,
Ки бинад ҳосили ранҷу табобат.

Ба ин ҳамсоядухтур ман чӣ гӯям,
Ана, истода, ҳоло рӯ ба рӯям.

"Туро шояд намедидам, азизам,
Ки дил дар ихтиёрам боз мемонд.

Туро дидам, чаро дидам, азизам?
Маро дидорат аз осудагӣ ронд…


Дилам аз чашми ман шояд аён шуд,
Ки бар ман ҳам нигоҳи гарм бинмуд.

– Кунун фикри дигарро ҳам пазиред,
Муфид аст он – ҳавои тоза гиред!

Агар хоҳед, алъон ҳамраҳи худ
Шуморо мебарам то соҳили руд,

Ки ман ҳам он тараф ҳоло равонам.
– Аз ин таклиф хело шодмонам!

Ба ӯ дар роҳ гуфтам: Як савол аст.
Бипурсам аз Шумо,
гар бемалол аст.

– Бифармоед!
– Форам месароед,
Ба дил як нашъаи хуш мефизоед.

– Савол аст ин магар?
– Не, матлаи он.

– Канӣ, ман бишнавам, гӯед чаққон!
– Сухан беҷо шавад, доред маъзур,
Шумо ҷуфтед ё тоқед, духтур?

– Шуморо рӯзи аввал дида будам,
Басе дигар тасаввур менамудам.

Ғубори чанги раҳ дар рӯятон буд,
Хамида то ба абрӯ мӯятон буд.

Даме истода дар назди идора,
Бияфкандед бо ҳайрат назора

Ба сӯи кӯҳҳо, аммо чӣ дидед,
Ки ногаҳ китфатонро даркашидед.

Қаду басти баланде, ки шуморост,
Тану тӯши писанде, ки шуморост,

Ду рухсори сафеди кулчамонанд,
Васеии ҷабин, абрӯи пайванд,

Дар он соат ҳама дилҷӯй буданд,
Магар аз фазлатон огаҳ намуданд?

Басе диққат намуда дидам аз дур,
Ки дигар хел мекардам тасаввур.

– Бипурсам: рафтагӣ будед оё
Ягон ҷое, намедидам Шуморо?

– Аз ин ҷо дур, дар саргоҳи ин об,
Яке чӯпонписар гардид нотоб.

Барои ёрӣ он ҷо рафта будам,
Ки дар қишлоқ як муддат набудам.

Бубахшедам, ки танҳо мегузорам,
Ана, дар он тараф ман кор дорам.

Дар он ҷо баччаи хурде касал буд,
Равам бинам, ки аҳволаш чӣ сон шуд…

… Ба сӯям дасти худ афшонда мерафт,
Хаёлаш дар сари ман монда мерафт.

Лаби дарё, ҳавои тоза, танҳо
Каме истода, бинмудам тамошо.

Ба дил якбора фикрам шӯр андохт,
Хаёлам ҷониби шаҳру падар тохт.

Ҷавоби ин хатам ояд агар, зуд
Равам бо духтари ҳамсояи худ.

Магар фикри маро ӯ мепазирад?
Агар ҳарфи маро дар гӯш гирад,

Мисоли беҳисобе мебиёрам,
Илоҷе карда аз раҳ мебарорам.

Чаро тарзи дигар ҳарфе бипардохт?
Ба сабр аз ғӯра ҳалво метавон сохт.


Худаш фаҳмад дадоям кист, он гоҳ
Равад бе ҳеҷ гап, албатта, ҳамроҳ!.."
12.

"Илоҷе карда, дарсам интиҳо ёфт,
Вале як ғурбате имрӯз рӯ тофт.

Чаро он баччаи бефаҳм, охир,
Чунин шаккокие бинмуд зоҳир?

Саволе аз география дод ӯ,
Маро дар ҳолати сахте ниҳод ӯ.

География ҳам дорад муаллим,
Аз он пурсидани ӯ буд лозим.

Саволи додаашро маззае нест,
Ба рӯям бад нигаҳ бинмуданаш чист?

Баҳои "ду" ман аз инсоф мондам,
Хато кардам, ки аз синфаш нарондам.

Ба назди баччаҳо ғавғо барангехт,
Маро дар он миёна обрӯ рехт.

Маро ҳурмат накард он бефаросот,
Ки вақти коҳиши ман дам наистод.

Чӣ бояд кард акнун, рӯзи дигар
Яки дигар кунад рафтор бадтар.

Магар Исмат Шарифро огаҳонам?
На, инро ман ба худ лоиқ надонам.

…Дар ин дам духтури ҳамсоя омад,
Дарамро кӯфту секин даромад.

Ба истиқболи ӯ бархостам ман,
Бифармудам варо баҳри нишастан.

– На! Мебахшед, фурсат кам, Шуморо
Муаллим, мебарам ҳозир ба як ҷо.


Шумо бисёрҳо танҳоипарвар,
Намехоҳед рафтан ҷои дигар.

– Куҷо?
– Он ҷо клуби хушнамуд аст,
Киножурнал ба шаҳр оид будаст.

Бигуфт оҳиста ӯ дар нимаи роҳ:
– Барам Исмат Шарифро рафта ҳамроҳ.

–Бимонедаш! Чунон ҳам дӯст ҳастед,
Ба фикри ман, ки мағзу пӯст ҳастед.

Надонам бо чӣ мафтун кардааст ӯ,
Чӣ завқе бар Шумо овардааст ӯ?

Ба ӯ лутфи Шумо хело зиёд аст!
Худи ӯ кист?... Шахси бесавод аст,

– Нагӯед ин суханҳоро, муаллим,
Ба шаъни ӯ хато гуфтан чӣ лозим?

Шумо ӯро намедонед ҳоло,
Ки аз ӯ хешро донед боло.

…Ана, рафтему дар як ҷо нишастем,
Ду тан паҳлуи ҳам зебо нишастем.

Раис аз ҷои худ бархост ором,
Назар кард ӯ ба мардум рост, ором.

Бигуфт он гоҳ: – Аз Исмат Шариф мо
Ҳама дорем ин сон хоҳишеро,

Ки то оғози журнал бар шумоён
Бигӯяд з-инкишофи шаҳр чандон!"

Ба зал қарсакзанӣ дар авҷ омад,
Вале ман ҳис намудам хешро бад.

"Чаро инро нафармуданд бар ман,
Ки медонистам аз ӯ хубтар ман.


Чӣ ҳам мегӯяд ӯ дар бораи шаҳр?
Набошад шаҳрӣ! Ӯ овораи шаҳр…"

Имо кардам Назокатро: "Бароем,
Расида то ба вақти журнал оем!"

Нигоҳам карда бо ҳайрат, наҷунбид,
Рухашро тофт, оё сахт ранҷид?

Шудам маҷбур ман ҳам, то нишинам,
Чӣ мегӯяд, канӣ, як лаҳза бинам.

Зал орому зи ҷо бархост нотиқ,
Ба оромӣ сухан орост нотиқ:

"Рафиқон, ман чӣ мегӯям? Надонам,
Қаноатманд кардан метавонам?

Сазад, дар бораи шаҳре, ки дорем,
Сухан чун шоҳбайти шеър орем.

Ватан гар достони давлати мост,
Дар он як шоҳбайт ин шаҳри зебост…"

Ба фикрам, нутқи ӯ хело равон буд,
Ки ҳатто баҳри ман роҳатрасон буд.

Ман ӯро бо тааҷҷуб мешунидам,
Худамро ногаҳон дар шаҳр дидам.

Дар он ҷое, ки мегӯяд, набудам,
Надорам ман тасаввур андаке ҳам.

Падарро ном бурду кори ӯро?
Чаро фарзанд огаҳ нест ҳоло?

Ба ман нею ба дигарҳо аён аст,
Барои ин магар шахси калон аст?

Ба ман Исмат Шариф бефаҳм метофт,
Аҷоиб, ин қадар гап аз куҷо ёфт?..

Ба духтур гуфтаам бад бениҳоят,
Намебардоштам сар аз хиҷолат.


Бишуд "Журнал" тамому менишастам,
Касе омад гирифт аз банди дастам.

Раис – марди тануманди сарафроз,
Табассум дар лабонаш, кард оғоз:

– Шумо ҳайрон шудед дар вақти омад,
Ки аз баҳри Шумо мошин баромад.

Ман аз Исмат Шариф бисёрҳо шод,
Телефон карда, дар вақташ хабар дод.

Ба хизмат доимо ҳастем тайёр,
Зи моён ёрӣ, аммо аз Шумо кор!

– Ташаккур! – гуфтаму дар изтиробам,
Пас аз ин гап фузунтар шуд азобам.

…Равон духтур Назокат аз бари ман,
Хаёли беҳисобе дар сари ман.

Раис на аз падар фаҳмида будаст,
Варо Исмат Шариф огаҳ намудаст.

Вай огаҳ карда бошад ҳам ба номи
Падар дорад зиёда эҳтироме…

Намебахшид агар ин фикр таскин,
Бурун аз ҳад дили ман буд ғамгин.

Диҳад раъйе маро ҳамсоядухтур,
Барам ҳамчун арӯс аз деҳаи дур.

Биё, ман ҳар чӣ бодо бод, гӯям,
Раҳи хуби ҳаёти хеш ҷӯям:

– Маро маъзур доред, арз дорам,
Вале аз гуфтани он тарс дорам.

– Тааҷҷубовар ин! Арзан накорад,
Зи гунҷишк он касе, ки тарс дорад.

– Набинмоед аз ин ҳарфи ман қаҳр!
Ҷавонии саодатманд дар шаҳр.

Ба ин ақлу тамизу фаҳми комил,
Шумо, духтур, маро кардед қоил.

Дилам аз меҳратон гардид равшан!
Шумо бо ман намехоҳед рафтан?

– "Ҷавонии саодатманд дар шаҳр"
Наояд чун аз ин ҳарфи Шумо қаҳр?

Шумо худро, ки доно метарошед,
Чаро дар ин чунин андеша бошед?

Дар оғӯши Ватан, ки модари мост,
Ҷавонии саодатманд ҳар ҷост!

… Ба назди ҳавлиаш наздик омад,
Ҷудо шуд аз ману тозон даромад.

Ғамамро як ғами дигар барафзуд,
Азоби рӯҳиам бисёртар шуд…"
13.

"Агар дил бошад – ишқу орзу ҳаст,
Ба ҳар гул тоза-тоза рангу бӯ ҳаст.

Гуле, ки бошад он гул – хор дорад,
Дили пайванди ишқ – озор дорад.

Нашуд розӣ ба фикрам булбули ман,
Магар Исмат Шариф хори гули ман?

Варо огаҳ кунам то рӯй тобад,
Вагарна аз ман ӯ озор ёбад.

… Дар ин ҳангом шахсе кӯфт дарро,
Парешон кард бо ин фикри сарро.

Рафиқам – Мустафои меҳрубон буд,
Нишасту бар сухан оғоз бинмуд:


– Ба ту мехостам, гар бемалол аст,
Бигӯям ду гапе, к-он дар хаёл аст.

Ҳамон шаб хостам гӯям, валекин
Нагуфтам, чун шудӣ нотоб вазнин.

Ту он рӯзе ба ман меҳмон, ки будӣ,
Басо рафтори нохубе намудӣ.

Рафиқон аз ту ранҷиданд афзун,
Ба ман гуфтанд онҳо: "Огаҳаш кун!"

Ҳама хурсанду ту пурғам нишастӣ,
Китобе хонда он ҷо, дам нишастӣ.

Надодӣ ҳеҷ касро эътиборе,
Чуноне ки ту з-онҳо фарқ дорӣ.

Ба меҳмонӣ намудам боз даъват,
Вале мондам басе ман дар хиҷолат.

Яке бар ман: Рафиқат гар биёяд,
Дили касро хиҷил ӯ менамояд.

Дар он сӯҳбат набудан беҳтар, гуфт
Чунин мазмун барин шахси дигар гуфт.

– Бигӯ, оянд онҳо, метавонам
Ба ҳавлиат қадам дигар намонам.

– Нагӯям буд оё?.. Дар рафоқат
Хаторо дида, гуфтан – фарзу суннат!..

Туро Исмат Шариф даъват намудаст.
– Бале, дар хона ҳам хат монда будаст.

– Дар он ҷо ан


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »