Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ ҲАФТУМ



Мурод оҳиста аз як кӯча бигзашт,
Ба тарфи ҳавлии Афзал-ино гашт.

Ба ҷон шодию хурсандии беш,
Чаро бошад, фитодаст ӯ ба ташвиш.

… Агар инсон бидонад қадри худро,
Бидонад қимати буду набудро,

Тавозӯъ мекунад доим ба модар,
Ба ҷони хеш медонад баробар.

Агар донад, ки наздаш модар ояд,
Ба истиқболи модар бо сар ояд.

Ба назди ӯ сари зону нишинад,
Дар ин кораш адои қарз бинад.

Дилаш болида кӯдаквор хандад,
Намояд ҳазл, то модар писандад.

Аҷаб не, ки бигӯяд: "Модари ҷон,
Калон гардидаам акнун дучандон.


Гумон дорам, наметобед гӯшам,
Ки ҳоло андаке боақлу ҳушам.

Ба вақташ хуб гӯшамро кашидед,
Ки ҳамчун барги шалғам гашт, дидед!?

Худам гапнодаро будам, сазоям,
Кунун ёдоварӣ ҳар гаҳ намоям,

Зи кори кӯдакӣ ояд ғашам рост!
Худам аз худ хиҷолат мекашам, рост".

Аҷаб не, аз чунин гапҳои фарзанд
Намояд модари хушнуд лабханд.

Ба дил гӯяд, ки: "Ранҷи ман самар дод!"
Биёрад кӯдакии баччааш ёд…

Вале фарзандҳо ҳархела ҳастанд,
Чунон ки панҷ бар каф лела, ҳастанд.

Зи роҳи дур, аз як деҳи кӯҳсор
Биёмад модари муштоқи дидор.

Нахустин бор ӯ рӯи ҷаҳон дид,
Худашро дар канори осмон дид.

Нахустин бор аз деҳаш сафар кард,
Бар ин қасдаш варо ёди писар кард.

Ба мошин ҳам нахустин бор биншаст,
Дилаш, гӯё, ки буд андар кафи даст.

Ба мурғи осмонпар чун нишаст он,
Каме тарсиду тарсаш кард пинҳон.

Аз ӯ Афзал ҳамеша бохабар шуд,
Барои хола маҳбуби сафар шуд.

Ба модар меҳри зӯре бол ато кард,
Ки ин сон тез бар ин ҷояш овард.

Кунун модар дар ин шаҳр аст, шод аст,
Аз он шод аст – дар шаҳри Мурод аст.

Вале қалби писар аз ин ҳазин аст,
Арӯсаш ҳам шунида, оташин аст.

Дар ин ҳавлист ҳоло модари пир,
Ду чашмонаш ба дар чоранд ҳозир.

"Басо фарзанди вай шодӣ намояд,
Ки пеши по хӯрад, аз дар дарояд".

Намоён шуд. Муродаш аз паси дар,
Ба истиқболи ӯ биштофт модар.

Гирифт онро дар оғӯши вафояш,
Муқаддас буд ин як дам барояш.

– Писарҷонам, писарҷони азизам,
Бақои умру бо ақлу тамизам!

Расидам ман, ба дидорат расидам!
Худоё, ман Муроди хеш дидам.

Накардӣ ёди мо, ҷонам фидоят,
Аз ин дурӣ шудам обу адоят.

Шунидам зан гирифтӣ, омадам ман,
Раҳат бодо тамоми умр равшан!

Туро ҳаргиз намекардам тасаввур
Чу марди чорпаҳлӯи баҳодур.

Расо се сол, охир, ман надидам,
Тамоман дигарӣ акнун, умедам…

Мурод истода ҳамчун марди айёр,
Чунин як ҷумларо мекард такрор:

– Равон будам, Шумо заҳмат кашидед!
Аҷаб дур аст роҳи мо, бидидед?!

– Ба ман дурӣ накард ин роҳ, ҷонам,
Аз ин пас омадан ҳар гаҳ тавонам.


Намедонистам аз ин пеш ҳаргиз,
Самолёташ расонад ин қадар тез?!

Фақат андак дилам беҳол гардид.
– Шумо чун қаҳрамонон кор кардед.

Баромад Афзалу гуфто: – Дароед,
Даруни хона сӯҳбат менамоед.

Ба гирди хони пурнеъмат нишастанд,
Назар мекард модар сӯи фарзанд.

Вале хеле Мурод ошуфтаҳол аст,
Сараш пайваста дар банди хаёл аст.

– Занат бо ақлу доно-мӣ, азизам?
Ҳунарманду тавоно-мӣ, азизам?

Ба ту дилсӯзу ғамхор аст оё,
Ба дасту панҷа дар кор аст оё?

Тариқи хонадориаш чӣ гуна?
Дилам мехост вай бошад намуна.

Мурод аз ҳар саволи модари худ
Мушавваш гаштаю дилтанг мешуд.

Ҷавобе доданаш он қадр душвор,
Фақат гуфт ӯ: – Бале, дилсӯзу ғамхор!

Дар ин дам холааш омад зи берун,
Бигуфт: – Аз омадат ҳастем мамнун.

Гумон кардам, ки роҳи ҳавлии мо
Барои ту, азизам, ношиносо.

Муборак, зан гирифтӣ, тӯй кардӣ,
Гули бахту саодат бӯй кардӣ.

– Ташаккур, хола!
– Мо хизмат накардем,
Ту мебахшӣ, ки мо бо хеш сардем.


– Дар ин шаҳрию дар тӯяш набудӣ?
Чӣ мешуд, рафта хизмат менамудӣ?

Ба ҷои ман ақаллан рафта, хоҳар,
Ту бояд мешудӣ он, ҷо сарубар.

– Апа, мегуфт – мерафтем тозон!
– Мурод, аз кори ту ман моту ҳайрон.

Нагардад холаат ҳатто хабардор,
Надонам, он чӣ тӯй асту чӣ рафтор?!

На модар омаду на хоҳар омад,
Магар ин расму одат нав баромад?

– Гунаҳгорам магар ман, инчунин шуд,
Барои ин набояд оташин шуд!

Бишуд он тӯй – тӯи бодахорон,
Нагуфтам з-ин сbrbrабаб хешу таборон.

Мурод инро бигуфту дам фурӯ баст,
Ки бо қаҳр аз забони хола барҷаст:

– Канӣ меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ?
Канӣ қоидаи хешу таборӣ?

Ба мо на ошу на нони ту даркор,
Фақат бедардии ҷони ту даркор.

Арақхӯрон арақ хӯрданду рафтанд,
Гапатро ҳар тараф бурданду рафтанд.

Ба дард ояд сарат – модар бисӯзад,
Ба дард ояд сарат – хоҳар бисӯзад.

Фақат зан гуфтию – модар нагуфтӣ,
Фақат зан гуфтию – хоҳар нагуфтӣ,

Зи модар, ҷои он, ки узр хоҳӣ,
Худатро вонамоӣ бегуноҳе!

Барои ким-кадомин духтари шум
Ту ҳисси одамиро кардаӣ гум.

Ба наздат модарат аз дур омад,
Агарчи хаставу ранҷур омад,

Зи рӯят нури хурсандӣ аён нест,
Зи ҳарфат меҳри фарзанд аён нест.

Агар се сол Афзалро надида,
Бубинам чун ту, мерафтам давида.

Намекардам назар ҳаргиз ба рӯяш,
Намемондам қадам дигар ба кӯяш!..

– Чунон ҳам ҷаҳлатон тез аст, хола…
Маро созед бо бахтам ҳавола.

– Мурод, ин гуфтаҳои холаат рост,
Дили ман аз ту дигар чиз мехост.

Расӣ бар воя, боандеша бошӣ,
Хирадманду адолатпеша бошӣ.

Назар меафканам ҳоло ба сӯят,
Намебинам хирадро ман зи рӯят.

Бидидам дар газета сурататро,
Ба чашмам тофтӣ чун марди доно!

Зи расмат дар танам қувват даромад,
Асо бигрифтан аз ёдам баромад.

Ба парвоз омадам наздат, ки бинам,
Тамоман дигарат дидам, ҳазинам.

Пазируфтӣ маро бисёрҳо сард,
Ки ин шуд дар дили ман ҳасрату дард.

Ба рӯи пурчину чашмони модар
Нишони ғам падид омад саросар.

Кашид аз синаи худ оҳи сарде,
Ки дар дил ҷо намуд андӯҳу дарде.


Хаёлаш ҳам ба роҳи дур биштофт,
Латофатро ба ҷои кор дарёфт,

"Латофатҷонаки хуршедрӯям,
Фақат як ту умеду орзуям.

Накардам гӯш бар гапҳот, ҷонам,
Ки аз кӯтоҳии ақлам бидонам".

Бикард ӯ пок чашмони наминаш,
Ниҳон аз дигарон, бо остинаш.

– Накардам ман муроди хеш ҳосил,
Надонистам писандат нест бар дил!

Мурод ин гуна гапҳоро шунида
Нишинад дам, ба ҷои худ расида.

Намефорид ин гапҳо ба гӯшаш,
Ба Роҳат буд ҳоло фикру ҳушаш.

Бигуфт охир: – Касе назди ман ояд,
Нахуст аз остони ман дарояд.

Шумо бар хонаи хоҳар давидед,
Ки қаҳрам омаду сардам бидидед.

Ба Афзал ин сухан таъсир бинмуд,
Димоғаш сӯхт, хело оташин шуд.

– Мурод, аз ту чунин гапро шунидан?!
Тааҷҷуб мекунам, дар ҳайратам ман.

Телефон карда будам аз фурудгоҳ,
Касе нагрифт гӯшакро, шав огоҳ.

Агар дар ҷонат андак меҳр мебуд,
Дар ин ҷо ҳам қабули гарм мешуд.

Занат ҳам чун худи ту "Меҳмондӯст",
Надонам таъсир аз ту ё ки аз ӯст!

Зани қишлоқ бар ту нописанд аст,
Барои он ки парвозат "баланд" аст?

Ту бо хешу табори зан нишинӣ,
Дар он сон давраҳо роҳат бубинӣ.

Ҳама бообрӯянду амалдор,
Барои ту каси дигар чӣ даркор!

Зани қишлоқӣ омад, модарат ин,
Кушо чашмони худро, хубтар бин!

Чӣ шуд, гар аввал омад назди хоҳар?
Наёмад шармат аз ин гап, бародар?

– Пичингу таънаҳоят дилнавозанд,
Агарчанде ки хело ҷонгудозанд.

Канӣ, рафтем, модар!
– Не, писарҷон!
Маро имшаб ба назди хоҳарам мон!

Ман, охир, бениҳоят ёд кардам,
Зи дидораш диламро шод кардам.

Бимон, ки хоҳарамро сер бинам,
Аҷаб не, баъди ин ман дер бинам.

Маро ҳамроҳи худ овард Афзал,
Ки аз ин дар қадам бинҳодам аввал.

Нашав ҳаргиз хавотир, бар занат гӯ,
Намемонам кадам ман аз дари ту!!!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »