БОБИ ШАШУМ
Замона неку одамҳош неканд,
Ба шодию ғамат доим шариканд...
Баҳор ояд табиат мехурӯшад,
Замин ҳам ҷомаи махмал бипӯшад.
Барояд дил ба дашту кӯҳсорон,
Ба ҷӯш ояд мисоли чашмасорон.
Бифармояд, ки дастат лола чинад,
Бифармояд, ки чашмат хуб бинад.
Бифармояд, ки гӯшат бишнавад хуб,
Навою нағмаҳои бас дилошӯб.
Бифармояд, ки ҳар ҷо гул бирӯяд,
Димоғат бо камоли меҳр бӯяд.
Бифармояд, ки ишқи духтаронро
Ба ҷон пайвандию бандӣ забонро.
Бикӯшӣ дар вафо, бо ҷон бикӯшӣ,
Валекин пеша бинмоӣ хамӯшӣ.
Бифармояд, ки модарро навозӣ,
Ки бо меҳраш расӣ бар сарфарозӣ.
Чу то фасли баҳорон фурсате ҳаст,
Қалам баҳри дигар нақле миён баст.
Муроду Роҳате дорам, ки онон
Ба ҳам бастанд маҳкам аҳду паймон.
На паймоне, ки бошад то дами тӯй,
Надоранд ин ду тан акнун ғами тӯй.
На паймоне, ки доим дӯст бошанд,
Зи кайҳо ҳар ду дар як пӯст бошанд.
На паймоне, рафиқон беш гарданд,
Намехоҳанд пурташвиш гарданд.
Аз он рӯзе ки он мактуб омад,
Ба ҷони ин ду тан ошӯб омад.
Ба модаршӯй Роҳат дил надорад,
Сари таслим шавҳар мефарорад.
"Барои ман ба олам як ту ҳастӣ,
Ғамам ҳам, шодиам ҳам як ту ҳастӣ!"
Ба Роҳат роҳате овард ин ҳарф,
Дилашро шоду хуррам кард ин ҳарф.
Ҷавононе, ки модардор буданд,
Ба Роҳат хостгорӣ менамуданд.
Шуниданд аз падар, аз модари ӯ
Ҷавоби рад, бирафтанд аз дари ӯ.
Мурод аз мақсади шӯҳратпарастӣ
Равон шуд бар чунин як роҳи пасте.
Ба ҳар ҷо, хоҳиши дерини ӯянд,
Ки "домоди фалон шахс"-аш бигӯянд.
Ба ин андеша рафт аз пушти Роҳат,
Кунун ҷону дилаш дар мушти Роҳат.
Агар духтар калон гардад ба хона,
Калон гардад даруни ошхона.
Фақат маҳдуд бо хондан намонад,
Тариқи хонадорӣ ҳам бидонад.
Ба ҷуз олуфтагию рангу боре,
Намедонист Роҳат ҳеҷ коре.
Падар, модар аз ин дар ваҳм буданд,
Каси бекас суроғе менамуданд.
Диёри мо каси бекас надорад,
Каси бефикр ин сон мешуморад.
Чӣ гӯям?.. "Ёфтанд"-у тӯй карданд,
Басо биштофтанду тӯй карданд.
Пас аз он номаи хоҳар – Латофат,
Набуд осоише як дам ба Роҳат.
Мабодо диданӣ оянд онон,
Тамоми айб бикшоянд онон…
– Муродам, дар ҳақиқат дӯст дорӣ,
Шарики зиндагии худ шуморӣ,
Ба назди ту яке ман шарт монам,
Ки то сидқу вафоятро бидонам.
– Чӣ шарт аст он, бигӯ, Роҳат, азизам,
Ки аз кӯи вафоят барнахезам.
Барои ман ту моҳу офтобӣ,
Барои корҳоям сарҳисобӣ.
Қариб омад, ки модар мешавӣ ту,
Даруни хона сарвар мешавӣ ту.
Зи амрат ҳеҷ гоҳе сар натобам,
Бигӯй, эй моҳи ман, эй офтобам!
– Зи хат маълум шуд, ки модарат ҳаст,
Фузун хешу табору хоҳарат ҳаст.
Худат пинҳон намудию аён шуд,
Ки дарду ғуссаи ман ҳам калон шуд.
Ягона шарти ман ин аст: – онон
Ба ин манзил намегарданд меҳмон!
Мурод аз ин каломи ногаҳонӣ
Ба фикр афтод, дар фикри гароне.
Бипӯшид чашми худ, хомӯш истод,
Вале Роҳат саропо гӯш, истод.
Ду чашми ӯ намешуд дур аз шӯ,
Ба дасташ шона мекард ӯ сари мӯ.
Хамӯшӣ лаҳзае аз хона ҷо ёфт,
Ҷавоберо Мурод аз сина мекофт.
– Ягон ҳарфе намегӯӣ, сабаб чист?
Ҷавобе деҳ, ки сабру тоқатам нест.
– Ба ин шартат илоҷе нест, Роҳат,
Агар оянд, азобат чист, Роҳат?
Аҷаб не, модарам ҳаргиз наояд,
Басо пир асту раҳ дурӣ намояд.
Вале, гар хоҳарам ояд, равад зуд,
Ки дорад кор вай андар деҳи худ.
Дар ин шаҳр аз ҳама хешу таборам –
Фақат як Афзалу як хола дорам.
Ба онҳо чун бигӯям, ки наоянд?
Намемонам магар аз дар дароянд?
Расо ду сол мо ҳамроҳ гаштем,
Лаби дарё ба нури моҳ гаштем.
Аз ин танҳо ту медонистию ман,
Фақат дар тӯямон гардид равшан.
Зи хешу ақрабо, бо сад баҳона,
Накардам ман хабар ҳоло ба хона.
Вале гапро ту аз ҳад бигзарондӣ,
Ки дар байн инчунин як шарт мондӣ.
– Напухтам ман хӯроке ҳеҷ, донанд,
Ту мехоҳӣ ба ман сад айб монанд?
Чунин будаст, аввал мешунидам,
Ба шахси дигаре ман мерасидам.
Зи сар як тора мӯям кам намешуд,
Ғами авқот пухтан ҳам намешуд.
Кунун бояд кашам ман бори ғамро,
Сафедӣ пахш бинмояд сарамро?
Ба назди модарам осуда будам,
Надонистам, ки ман шавҳар намудам…
Худашро бар диван партофт Роҳат,
Зи шӯяш рӯи худро тофт Роҳат.
Ба овози баланде гиря сар кард,
Ҳамеша бо ҳамин кораш зафар кард.
Мурод ин ҳолати вайро бидида,
Ба болои сараш омад давида.
– Чунон ҳам ашки ту тайёр, азизам!
Намеоянд!.. Ман хат менависам.
Табассум бар лабони Роҳат омад,
Ба чашму рӯи шавҳар бӯсаҳо зад.
Мурод ӯро ба рӯи даст бигрифт,
Дар оғӯшаш ғизоли маст бигрифт.
Дигар бо оламе коре надорад,
Ҳама ҳастеш бар вай месупорад.
Ба ин манзил наояд ҳеҷ меҳмон! –
Чунин бастанд онҳо аҳду паймон.
На паймоне, ки буд он то дами тӯй,
Надоранд ин ду тан акнун ғами тӯй.
Тамоми шарти инсонӣ шикастанд,
Ба ҳам бастанд аҳдеву нишастанд.
Суруде хонд Роҳат, гӯш карданд,
Ки фориғ ҳарду аз андӯҳу дарданд.
Дар ин фурсат бишуд занги телефон,
Мурод аз гӯшакаш бигрифт чаққон.
– Салом, Афзал, салом! Кай омадӣ ту?
Ҳавои кӯҳҳо бисёр некӯ!
Саломат ҳаст он ҷо модари ман?
Чӣ гапҳо гуфт бар ту хоҳари ман?
Чӣ гуфтӣ, а? Ту як бори дигар гӯй!..
Фиребу ҳазли худро мон ба як сӯй.
Қасам хӯрдан бароят мисли об аст,
Ту меаллониам? Хезӣ, ки хоб аст.
Ҳаминро гуфту рангаш ранги каҳ шуд,
Баногаҳ пеши чашмонаш сияҳ шуд.
– Бале! Хуб кардӣ овардӣ. Надонам...
Ба таксӣ зуд расида метавонам.
Ба ҷояш монд гӯшакрову шах шуд,
Саволи Роҳаташ овард бар худ.
– Чӣ мегӯяд, азизам, Афзали ту?
Ягон нохуш хабар ҳоло расонд ӯ?
– Бале… Ин ҷост ҳозир модари ман!
– Чӣ ташвиш омад акнун бар сари ман?
– Худаш омад, илоҷи дигаре нест,
Сари сахтам, дигар чун ту саре нест.
Дили Роҳат ба ларзидан даромад,
Ба маъюсӣ Мурод аз дар баромад!..