Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ ПАНҶУМ



Саҳар шуд, чеҳраи модар шукуфтаст,
Агарчанде тамоми шаб нахуфтаст.

Қадам мемонад ӯ ҳар сӯй чолок,
Сараш, гӯё, расида то ба афлок.

Дилаш хурсанд, беандоза хурсанд,
Ки ҳоло меравад ӯ назди фарзанд.

Ҳамон фарзанд, ки номаш Мурод аст,
Хабар ҳатто ба тӯи худ надодаст.

Барои модар ин фарқе надорад,
Барад тӯёнаи худро, супорад.

Вале кори ако баҳри Латофат
Бувад зиштӣ, намояд чун ҳақорат.

Ба модар ноилоҷан дод рухсат,
Валекин гуфта буд: рафтан чӣ ҳоҷат?..

Басо нозук бувад қалби каси пир,
Латофат кард инро рӯи хотир.

Зи дигар сӯ, шарики хуб омад,
Ба коре Афзали маҳбуб омад.

Бишуд аз нияти холеш огоҳ,
Ки ҳоло мебарад бо хеш ҳамроҳ.

... Табассум карда Афзал гуфт: – Хола,
Қариб акнун шумо ҳаштодсола.


Ба ман гӯед, то ин лаҳза боре
Шумо бинмудаед мошинсаворӣ?

– Куҷо ҳам рафтаам ман, эй ҷигарбанд?
Ту аз девона мепурсӣ, ки маҳ чанд.

– Кунун назди Муроди худ равонед,
Самолётро шумо дидан тавонед.

– Самолёташ чӣ? Ман аз ғайри мошин
Надонам дигарашро, ҷони ширин.

– Савор имрӯз мегардед, модар,
Ба мурғи оҳанине, ҳаст хушпар.

Латофат дод ин шарҳу дам истод,
Дар ин дам мошин омад тез, чун бод.

Ба модар ҷой доданд аз кабина,
Ба раҳ сар кард бо суръат машина.

Ба ҷои худ Латофат муддате монд,
Вай аз пушти машина даст афшонд.

Дилаш маъюс шуд, ки модараш рафт,
Гумон мекард ӯ – болу параш рафт.

Ғамин гардиду андак рашкаш омад,
Бурун аз ихтиёраш ашкаш омад.

Ки модарҳо писарро дӯст доранд,
Ба духтар он қадар меҳре надоранд.

Чӣ мешуд, вай писар мешуд таваллуд,
Ба модар чун ако маҳбуб мешуд...

Сарашро хам намуда, шуд равона
Ба ҷои кор – бар беморхона.

Барои телеграмм додан сари роҳ
Даромад ӯ ба почта хоҳу нохоҳ.

Вале дасташ нарафт, истод хомӯш,
Тамоман рафта буд ӯро зи сар ҳуш.

Пас аз андак қалам бигрифту биншаст,
Чӣ шуд, нӯги қалам ногоҳ бишкаст.

Ба дил гуфт ӯ, ки "Афзал ҳаст ҳамроҳ,
Набошад пешакӣ, бигзор, огоҳ.

Хабардораш кунам гуфтам худи ман,
Қалам, охир, намехоҳад навиштан.

Бимонам, модарам ногаҳ дарояд,
Ки истиқбол чун ӯро намояд!

Надида ҳамдигарро ин қадар дер,
Наомад, рафт ҳоло модари пир.

Намехоҳам, агар шавҳар намоям,
Шавад ин гуна фарзанд аз бароям!"

Қаламро монда ӯ як сӯй, бархост,
Баромад аз дару бигрифт раҳ рост.

...Дили модар басо хурсанд мерафт,
Барои дидани фарзанд мерафт.

Ҳамин фикре варо дар сар ситодаст:
"Магар дунёи мо ин сон кушод аст?!"



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »