Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ ЧОРУМ



Зи рӯи қуллаҳо хуршеди тобон
Намуд оҳиста рӯяшро намоён.

Намоӣ сӯи он ҳоло нигоҳе –
Бувад бар қулла монанди кулоҳе.

Баланд ин қуллаҳо дар дидагонанд,
Гумон созӣ – сутуни осмонанд.


Баромад модар ин дам рӯи айвон
Ба истиқболи хуршеди дурахшон.

Латофат аз паи модар баромад,
Ба ҳавлӣ хаткашон он дам даромад.

Саломе доду баъди он хате дод,
Ки модар бениҳоят шуд аз ин шод.

Баромад хаткашон бо тезӣ аз дар,
Ки бидҳад номаи шахсони дигар...

Латофат нома пеши дида овард,
Ки модар бо муҳаббат гӯш мекард:

"Саломи оташин, модар, Латофат!
Ба хат кардан накардам ҳеҷ одат.

Барои ин маро маъзур доред,
Пичингу таънаам бар сар наборед.

Хаёлам мекашад сӯи шумоён,
Валекин кори ман бисёр алъон.

Илоҷе кардаву гар вақт ёбам,
Ба сӯи деҳ ҳамоно мешитобам.

Нагардетон шумо аз ман хавотир,
Тамоми кору борам нағз ҳозир.

Аз ин ҷо шавқу шодӣ ман гирифтам,
Бубахшетон маро, ки зан гирифтам..."

Бишуд модар аз ин гап шах ба ҷояш,
Биларзиданд он гаҳ дасту пояш.

Ба по истода натвонист зинҳор,
Ба пушташ такя кард он дам ба девор.

Латофат китфи худ дарҳам кашида,
Бари модар фишонид оби дида.

– Магар мо лоиқи тӯяш набудем?
Чӣ кори бад барои вай намудем?

Барои вай шумо, модар, нагирйед,
Ба ёди диданаш дигар нагирйед.

Аҷаб не, келин аз ҷои калон аст,
Ки тӯяш ҳам барои шаҳриён аст.

– Латофат, фикри ту беҳуда бошад,
Бимон, ки бо худаш осуда бошад!

Азизам, ашки ман – ин ашки шодист.
Шудаст ӯ хонадор, армони ман нест.

Чӣ, охир, тӯй рафтан? Як даҳан ош,
Аз ин ҳаргиз наранҷу шодмон бош.

Акоят шод бошад – шод ҳастем,
Зи ободии ӯ обод ҳастем.

Маошатро бигирӣ – мо ягон рӯз
Равем бар дидани домоди фирӯз.

– На! Модарҷонакам, ояд худи вай,
Чунин беҳурматӣ, гӯед, то кай?

Хабар мекард ӯ, то ҳадди имкон
Гирифта тӯҳфа, мерафтем чаққон.

Гузори ман ба шаҳр афтад ягон бор,
Ба назди вай нахоҳам рафт зинҳор.

– Латофатҷонаки ман, кинадорӣ,
Чӣ мешуд, кинаро аз дил барорӣ?

Бад асту нек, охир, вай акоят,
Гузар аз ии хаёли норавоят.

Ту рафтанро нахоҳӣ, меравам ман,
Ба дидораш мушарраф мешавам ман.

Ту духтур, кори ту бисёр, ҷонам,
Худам мерафтаму раҳро надонам.


Ягон ҳамроҳ ёбам, хуб мешуд.
– Намемонед аз дилнармии худ.

– Ман, охир, модари шӯ, нозанинам
Равам, то худ арӯсамро бубинам.

Барояш андаке тӯёна дорам,
Барам онрову бар дасташ супорам.

Бубинам шаҳрро бо ин баҳона,
Нишинам то ба кай дар кунҷи хона?

Дар он ҷо холаи ту – хоҳарам ҳаст,
Дар он ҷо дӯстони дигарам ҳаст.

Шавам меҳмони онҳо, ҷони ширин,
Ту фикри ҳамсафарро зудтар бин.

–Намемонам шуморо, модари ҷон,
Шумо дар роҳ мегардед сарсон.

– Шунав оҳи дили ин модари пир.
Ҷигарбандам, дуои неки ман гир!

Латофат чашми худ бар нуқтае дӯхт,
Даруни сина пинҳонӣ ҳамесӯхт.

Барои ӯ дуои неки модар
Зи ҳар дороии дунёст беҳтар.

Азоби раҳ барои одами пир
Ниҳоят сахту душвор аст, охир.

Валекин азми модар сахту қатъист,
Илоҷи манъ бинмудан дигар нест.

Агар ҳамроҳи хубе пеш ояд,
Намояд бовару роҳӣ намояд.

Ба духтурхона, сад афсӯс, танҳост,
Худаш мерафт, агарчанде, намехост.

Вале модар ба ҳарфаш интизор аст,
Ҷавоби мусбате уммедвор аст.

Латофат гуфт: – Модар, меравам ман,
Паи ҳамроҳкобӣ мешавам ман.

Табассум кард модар, шод гардид,
Муродашро магар дар рӯ ба рӯ дид?!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »