Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ СЕЮМ



Бари тиреза истодаст Роҳат,
Басо ғамгину ношод аст Роҳат.

Дили ӯ синаашро мефишорад,
Ба чизе шавқ ё рағбат надорад.

Чароғон аст боғу растаи шаҳр,
Дурахшон аст боғу растаи шаҳр.

Аҷаб хушбаҳраву зебост берун,
Ҳаловат-овари дилҳост берун.

Ҷавонон ҳар тараф андар равуо,
Зи роҳу раста, ҳамчун мавҷи дарё.

Муроду Роҳат, охир, дина бегоҳ
Зи байни раста мерафтанд ҳамроҳ.

Вале имрӯз он мактуб омад,
Ба табъи Роҳат он нохуб омад.

Бари тиреза истодаст Роҳат,
Басо ғамгину ношод аст Роҳат.

Мурод андар диван биншаста ҳоло,
Сари худро намебардошт боло.

Ба даст афтодаву шарманда гардид,
Ба назди Афзалу зан ханда гардид.

Намедонист бар Роҳат чӣ гӯяд,
Гуноҳи кардаашро чун бишӯяд?

Пичингу таънаи пурнеши хоҳар
Гузаштанд аз дили вай мисли наштар.

Падар ё модари Роҳат бидонанд,
Каси бемазааш ҳатман бихонанд.

Чу шахси бекас онро тӯй карданд,
Аҷоиб тӯяки хушрӯй карданд.

Пас аз даҳ рӯзи тӯи пурсаховат
Фиристодандашон баҳри саёҳат.

Ваю Роҳат ба ҳар шаҳре расиданд,
Аз онҳо ёрию имдод диданд.

Агар фаҳманд акнун, ҷониби он
Набинмоянд ҳаргиз рӯи хандон.

Мурод ин гуна фикри беш мекард,
Худашро дар дилаш коҳиш ҳамекард.

Вале якбора Роҳат рӯй овард,
Ба сӯи шавҳараш хело нигаҳ кард.

– Мурод, охир, чаро пинҳон намудӣ?
Ба ин корат маро ҳайрон намудӣ.

Ба ман гуфтӣ, ки бе хешу таборӣ,
Худат танҳоиву модар надорӣ.

Чӣ сон дигар ба ту бовар намоям?
Кунун душвор ислоҳи хатоям.

Гумон кардам, каси озодаӣ ту,
Кунун донам – фиребам додаӣ ту.

Ниҳоли боғи уммед ин самар дод,
Тамоми мақсади ман рафт барбод.

Фақат шаш моҳ ман осуда будам,
Даромад ҳасрату ғам дар вуҷудам.

Зи боди ғам парешонхотирам ман,
Ба чашмонам сияҳ шуд рӯзи равшан.

Чӣ мешуд гар бигӯӣ ҳаққи гапро?
Ман аз ту карда будам ин талабро.

– Барои хотири ишқи ту Роҳат,
Нагуфтам рози худро, ғайри одат.

Гуноҳи ман, ки пинҳон кардам аз ту,
Ба ҷонам ғусса мепарвардам аз ту.

– Чаро аз ман? Дурӯғи нав биёрӣ?
Магар нодону гӯлам мешуморӣ?

– Чунин андешаҳоро аз сарат гир,
Шунав арзи маро як лаҳза, охир.

Ман аз рӯзе шудам побанди ишқат,
Дилу ҷонам бишуд пайванди ишқат.

Намедонистам аввалҳо, ту донӣ,
Ягона духтари шахси калонӣ.

Накун Роҳат, азизи ман, ситеза,
Ки мегардад дили ман реза-реза.

Шунидам аз забони хостгорон,
Диҳандат бар каси бе ёру хешон.

Талабгорони ту бисёр буданд,
Ҳама шахсони модардор буданд.

Падар ҳам модарат чун шарт монданд,
Ба ин як шарт онҳоро биронданд.

Мани дилбастаи ҳусну ҷамолат,
Ки як дам ҳам набудам бе хаёлат,

Фузун рӯзу шабон андеша кардам;
Чунин як роҳро пас пеша кардам.

Дили ошиқ барои дилбари худ
Гузашт аз баҳри хешу модари худ.

– Ба айбат мешавӣ иқрор акнун,
Бубинӣ чашми ман хунбор акнун.

Забони ишқ лолу дидааш кӯр,
Азобаш бе ҳад аз андозае зӯр.

Умедам буд – модаршӯ набинам,
Фалак партофт болои заминам.


Аз аввал аҳду қасди ман чунин буд,
Намедонистам аз пешомади худ.

Ба роҳи макр аз ман дил рабудӣ,
Ту хело одами пурмакр будӣ.

Бигуфт инрову Роҳат гиря сар кард,
Рухи болиштро аз ашк тар кард.

Нафас ӯро баногаҳ шуд гулӯгир,
Ки он ҷо шавҳараш меҷуст тадбир.

Ба сӯи шавҳари худ рӯ наметофт,
Мурод оҳе кашида чора мекофт.

– Азизам, меҳрубонам, Роҳати ман,
Туӣ бахту умеду шавкати ман.

Каме осуда шав, ашкат нарезон,
Канӣ, бар ҷониби ман рӯй гардон!

Чунин ғам хӯрданат, охир, раво нест,
Тариқи зиндагонӣ бе хато нест.

Туро боре магар озор додам?
Ҷавобе додаву бинмой шодам.

Бишуд се сол ҷонам, назди модар
Нарафтам аз барои ту, чӣ дигар?

Вай аз мову ту хело дур бошад,
Барои чӣ дилат ранҷур бошад?

Барои ман ба олам як ту ҳастӣ,
Ғамам ҳам, шодиам ҳам як ту ҳастӣ...

Сари худ Роҳат аз болишт бардошт,
Табассум дар лабону чашми тар дошт.

Мурод аз чашми тар бӯсид бо меҳр,
Зи рӯю мӯю сар бӯсид бо меҳр.

Пас аз он, бе ягон фикру хаёле,
Ба Роҳат дод ин сон як саволе:

– Ба модаршӯ чаро тоқат надорӣ,
Варо нодида ин сон бад шуморӣ?

– Ту медонӣ, Муродам, холаи ман
Ба шавҳар рафт чун як рӯзи равшан,

Зи дасти модари шӯ гиря мекард,
Ба назди модарам ӯ гиря мекард.

На як бор инчунин ҳолат бидидам,
Шикоятҳои ӯро мешунидам.

Аз он дам гаштааст ин одати ман,
Зи модаршӯ биёяд нафрати ман.

Даруни синаи худ аҳд кардам,
На ёри шахси модардор гардам.

Мурод аз ин сухан бо завқ хандид,
Ки Роҳат хест аз ҷо, сахт ранҷид.

Бари тиреза рафту сӯи берун
Назар андохту гардид маҳзун.

Насим аз тарфи кӯҳу наҳр омад,
Шаби хушбаҳра сӯи шаҳр омад.

Ба ёди як писар дар ким-куҷое
Нишаста модаре, бо роҳпоӣ!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »