Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ ДУЮМ



Мурод аз кори худ баргашт бегоҳ,
Ба Афзал рӯ ба рӯ шуд дар сари роҳ.

Бигуфт Афзал: – Салом, эй холазода,
Зи дидори ту мамнунам зиёда.

– Салом, Афзал! Ту хело камнамоӣ.
– Надонам ман, худат охир куҷоӣ?

Намеоӣ ба манзилгоҳи моён,
Магар дурӣ намояд роҳи моён?

Ба як шаҳрем, ҳам хешу таборем,
Валекин рафтуомад мо надорем.

Гирифтам роҳ ҳоло ҷониби ту,
Дар ин ҷо диданам шуд боз некӯ.

Туро мехост бинад модари ман...
– Намедонӣ чӣ мехоҳанд гуфтан?

– Биё, рафтем, мефаҳмӣ худи ту,
Магар бо хеш бегона шудӣ ту?!

– Маро дар хона Роҳат интизор аст,
Ба ғайр аз ин, каме дар хона кор аст.

Мабодо холаам пай бурда бошанд?
– Чунин пинҳон намудан, гӯй, то чанд?

Нагуфтам, пеша бинмудам хамӯшӣ,
Ба доман офтоб, охир, напӯшӣ.

– Биё, Афзал, равем аввал ба хона,
Ки пурсам рухсате бо як баҳона.

Пас аз он холаро ман рафта бинам,
Каме сӯҳбаткунон он ҷо нишинам.

Чаро бошад, яке Афзал бихандид,
Вале ин хоҳиши ӯро писандид.

Чаро хандидӣ, Афзал, ростро гӯй!
– Шудӣ дигар тамоман ту пас аз тӯй...

Ба назди холаи худ рафтани ту
Бувад рустиву дуздӣ аз зани ту.

Чаро, охир, аз ин тӯи ниҳонат
На модар донаду на хоҳаронат?!

– Тамоман то ба як вақти муайян.
– Аз ин корат ба ҳайрат мондаам ман.

Равон буданд ин ду холазода
Қадам оҳиста-оҳиста ниҳода.

Ба ҳам наздику монанд аст чандон
Қаду қомат, қадаммонии онон.

Либоси ҳар ду ҳам якрангу хушрӯ,
Аҷоиб, ҳар ду ҳам пайвастаабрӯ.

Ба зоҳир фарқашон набвад казоӣ,
Намуди зоҳирӣ дорад расоӣ.

Вале дар ботину эҳсос фарқ аст,
Ки Афзал дар чунин андеша ғарқ аст:

"Дар ин кори Муроди мо чӣ асрор?
Муаммо ҳал намудан кори душвор.

Зи тӯяш модараш ҳам бехабар монд,
Тамоми ақрабо дур аз назар монд.

Магар ҳоло муаммо ҳал намоям,
Ки рози сарчигилро то кушоям?!

Даруни дил ҳамеҷӯяд баҳона,
Ки то гирад иҷозат ӯ зи хона.

Наметарсид ӯ аз модари худ,
Ҷафо бигрифт акнун бар сари худ".

– Хаёлат дар кадомин бора, Афзал?
Муаммои туро ман мекунам ҳал.

– Муаммои маро?
– Ҳа, холазода!
Намедонам, тавонам ман кушода?

– Касе рози дил аз модар напӯшид,
Барои маслиҳат бо ӯ бикӯшид.

Ҳар он кас қадри модарро надонад,
Худаш дар ҳолати мушкил бимонад.

– Гумонам, файласуфи зӯр ҳастӣ,
Ки аз гапдониат мағрур ҳастӣ!

– Худат андеша кун, модар бимирад,
Касе ҷои варо ҳаргиз нагирад.

Надорӣ азми рафтан, се баҳор аст,
Ба назди модарат, к-ӯ интизор аст.

Ба тӯят ҳам нагуфтӣ, модари ту
Магар бори гароне бар сари ту?

– Биё, Афзал, намо мавзӯъ дигар,
Бубин, Роҳат ситода дар паси дар.

Ба чашмони Мурод Афзал назар кард,
Дигар бар лаб ягон ҳарфе наёвард.

Даме онҳо ба назди дар расиданд,
Рухи пурхандаи Роҳат бидиданд.

Ду кокулро ба сар чанбар намуда,
Ба рӯ атру упоро барфузуда...

Миёни химчаю чашмони оҳу,
Ато карданд оё бар худи ӯ.

Ду рухсораш ба монанди анор аст,
Ду чашмаш пур зи ноз асту хумор аст.

Ба гӯшаш гуфтаи шавҳар зи кайҳост,
Намедонад, ки Афзал хеши онҳост.

Ҳама ворид чу андар хона гардид,
Мурод он ҷо яке мактубро дид.

Чаро бошад, ки андак шуд хавотир,
Вале Афзал нишаст осудахотир.

Дар ин асно саволе дод Роҳат:
– Муроди ман, нав оё ин Латофат!

Ту мегуфтӣ ба ман, ёре надорӣ,
Ба ҷуз ман бо касе коре надорӣ.

Дурӯғат баҳри ман гардид равшан,
Намекардам умеде инчунин ман.

Мана, ин нома омад аз кӯҳистон,
Худат дар назди ман бикшою бархон!

Аҷаб не, ин зани бе ЗАГС бошад,
Намак рӯи ҷароҳатҳо бипошад!

– Биё, Роҳат, каме осудаам мон,
Худат бар дасти худ бигрифтаву хон.

Ба курсӣ чун Мурод оҳиста биншаст,
Сари худро ниҳод ӯ бар кафи даст.

Папиросе гприфт Афзал, ба лаб монд,
Дар ин дам Роҳат он мактубро хонд:

"Салом аз кӯҳсори мо, акоҷон,
Зи ҷӯши чашмасори мо, акоҷон.

Салом аз модари як по лаби гӯр,
Ки аз дурии фарзанд аст ранҷур.

Салом аз ҷӯйбору ҳар ниҳоле,
Салом аз хоҳари ошуфтаҳоле.

Шуморо нест вақти нома хондан,
Суханро мекунам кӯтоҳтар ман.

Вале мехостам баҳри савобе,
Бигирам бар ҳамин хат як ҷавобе.

Ба фикрам, шаҳр хело дилпазир аст,
Ҳама кунҷу канораш беназир аст.

Фаровон аст ҳар чизе, ки хоҳӣ,
Фақат коғаз набудасту сиёҳӣ.

Агар хоҳед, аз ин ҷо фиристам,
Сипас ман интизори нома истам.

Каме инсоф ҳам даркор, охир,
Тамоман модарам нотоб ҳозир.


Заифу лоғаранду бемадоранд,
Фақат дидоратонро интизоранд.

Асо дар даст то қишлоқи поён
Раванд он кас ба истиқбол, акоҷон.

Чӣ мешуд, ки шумо боре биёед
Ва модарро ба ин шодон намоед?

Ҳамин модар шуморо тарбият кард,
Ҳамин модар ба ҷони хеш парвард.

Шумо олуфтаи шаҳред акнун,
Намепурсед "ҳоли модарам чун?"

Агар дар дил ягон эҳсос доред,
Хулоса аз суханҳоям бароред.

Магар ишқи ягон маҳрӯи шаҳрӣ
Шуморо кард аз қишлоқ қаҳрӣ?

Агар Афзал ако ҳар бор оянд,
Ба назди модарам ҳатман дароянд.

Шумо боқии гап пурсед аз он кас!
Дар ин ҷо нуқта мемонам. Сухан бас".

Мурод ин ҳарфҳоро гӯш мекард,
Хаёлашро ғаме оғӯш мекард.

Миёни хона Роҳат буд хомӯш,
Ки канд аз сар варо ҳам ақлу ҳам ҳуш.

Хамӯшӣ хонаро бигрифт як дам,
Чуноне, дар сари тобути одам.

Ба ҳар ду чашми Роҳат ашк аён шуд,
Ки сӯи хонаи дигар равон шуд.

Мурод аз пушти Роҳат рафт тозон,
Шитобид фикри Афзал то кӯҳистон!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »