Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БОБИ ЯКУМ



Нишаста рӯи айвон модари пир,
Нигаҳ медӯзад ӯ бар роҳ дилгир.

Фақат раҳ бинаду ӯ роҳ пояд,
Писар, шояд, барои дидан ояд.

Гузашт аз байн се соли расое,
Ду чашмаш хира шуд аз роҳпоӣ.

Дили модар на аз санг аст, охир,
Аз ин аҳвол дилтанг аст, охир.

Дар ин се сол се хат аз Муродаш,
Фаромӯш ӯ намуд оё зи ёдаш?

Нишаста рӯи айвон модари пир,
Нигаҳ медӯзад ӯ бар роҳ ҳозир.

"Ман акнун бемадору хаста ҳастам,
Ба ёдаш рӯзу шаб пайваста ҳастам.

Зи маҳҷуреш доим ашк резам,
Гаҳе оям ба худ, гоҳе ситезам.

Варо дар ҷони худ парварда будам,
Ба дил ман орзуҳо карда будам!

Расад бар воя, ботадбир гардад,
Асои пирии ин пир гардад.


Набошад ин дами бишкуфтани ман,
Намеояд барои дидани ман.

Равам, аз заъфи пирӣ тарс дорам,
Мабодо, дар раҳурӯ ҷон супорам.

Наход, охир, Муроди ман дигар шуд?
Кунун дар шаҳр шахси мӯътабар шуд?

Ҳамин қишлоқи кӯҳӣ зодгоҳаш,
Аз ин ҷо ибтидо гардид роҳаш.

Намеояд, намедонад, ки пирам,
Намебинад, агар ногаҳ бимирам.

Намебинам магар ман тӯи ӯро?
Бубинам, кош, ҳоло рӯи ӯро!"

Ба зону такя карда хест аз ҷой,
Бисулфиду базӯр истод бар пой...

Асо бар даст бигрифту равон шуд,
Пас аз чанде сари роҳи калон шуд.

Нишаст ӯ рӯи сангеву кашид оҳ,
Ду чашмаш буд танҳо ҷониби роҳ.

Баногаҳ, духтараш аз пеш омад,
Ба пеши модари дилреш омад.

Ба дасти худ газети тоза дорад,
Ба некӣ духтарак овоза дорад.

Қади мавзуну чашмони сиёҳе,
Ду гесӯи сияҳ, рӯи чу моҳе.

Лабонаш буд доим пуртабассум,
Баногаҳ шуд табассум аз лабаш гум.

– Шумо, эй оҷаҷон, ин ҷо чароед,
Чаро маъюсу гирён менамоед?

– Латофат, духтари сабзинарӯям,
Туӣ ҳам бахти ман, ҳам обрӯям.

Саҳар рафтию фикрам ким-куҷо рафт,
Ба сӯи он Муроди бевафо рафт.

Гумон кардам, ки меояд, умедам,
Раҳи мошингузар, ин ҷо расидам.

– Биёед, очаҷон, рафтем хона!
Намудам бар акоям хат равона.

Пичингу таънаи бисёр гуфтам,
"Каме инсоф ҳам даркор" гуфтам.

Агар меомад ӯ, хат мефиристод,
Баровардаст моёнро вай аз ёд.

– Аҷаб не, кору бори ӯ зиёд аст.
– Каси бемеҳр, акои ман, Мурод аст,

Ба даҳ мактуби ман, баҳри савобе,
Нагардонад акоям як ҷавобе.

Магар ин кораш аз инсоф бошад?
Фақат касбаш ғуруру лоф бошад.

Мана, дар ин газета сураташ ҳаст...
Акоям, дар ҳақиқат, одами паст.

Ягона модараш муштоқи дидор,
Ба фикри ким-кадоме ӯ гирифтор.

Зи дунболи ягон гесӯбурида,
Магар гаштаст ӯ ҳар сӯ давида?!

– Латофатҷон, нагӯй ин тавр, азизам,
Мадад кун, то ки ман аз ҷой хезам!

Канӣ, расми варо бар ман нишон деҳ,
Ба ҷисми ман мадори ҷовидон деҳ.

Латофат он газетро зуд бикшод,
Ба модар ҷои он сурат нишон дод.

Ба зери расм ин сон ҳарфҳо буд,
Ки "Соли хониши нав ибтидо шуд.

Мурод Одил ба вақти дарси аввал!"
Дили модар фурӯзон шуд, чу машъал.

Муродашро ба назди баччагон дид,
Ба тан зӯру мадори бекарон дид.

Газетро дар канораш сахт бифшурд,
Гирифт ӯ дар дилаш на шодии хурд.

Газета дар канораш, сӯи хона
Зи паҳлӯи Латофат шуд равона.

Накард ӯ такя дигар бар асояш...
Латофат нест розӣ аз акояш.

Латофат ҳақ,
Валекин чашми модар,
Шуд аз дидори сурат ҳам мунаввар.

Дили модар ба фарзандон ҳамеша,
Дили фарзандҳо дар кӯҳу беша.

Дар ин се сол се мактуб, афсӯс,
Писар оё надорад ору номус?..



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »