Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

БАХШИШ



Маро дар сина як дил ҷо гирифтаст,
Дар он дил меҳри ту маъво гирифтаст.

Чунон меҳри бузургу пойдоре,
Ки дар корам диҳад он дасти ёрӣ.

Чунон меҳре, км мислаш дар ҷаҳон нест,
Ба ҷуз меҳри ту меҳри ҷовидон нест.

На хуршеду на моҳи оламоро
Ба зӯри меҳри ту ҳастанд доро.

Ба гармӣ – ончунон гарм аст меҳрат,
Ба нармӣ – ончунон нарм аст меҳрат!

Агар номи ту ояд бар забонам,
Фароғат менамояд ҷисму ҷонам.

Агар номи туро бар кӯҳ гӯям,
Сари таъзим меорад ба сӯям.

Шунида номи ту – дарё хурӯшад,
Тамоми чашмаи кӯҳсор ҷӯшад.

Шунида номи ту мурғони беша
Бубахшандат суруди худ ҳамеша.

Шунида номи ту – моҳу ситора
Намоянд аз фазо сӯят назора.

Шунида номи ту – боғи баҳорӣ
Ба поят менамояд гулнисорӣ.

Ба олам чун ту шахси мӯҳтарам нест,
Агар бошад, намедонем, он кист?!

Асоси қисмати одам ту ҳастӣ,
Тамоми ҳастии олам ту ҳастӣ!

Мувофиқ баҳри ташбеҳат сухан нест,
Намедонам, ва ё дар табъи ман нест?

Ба ту чизе намеояд баробар,
Худат ташбеҳи хуби хеш – Модар!

Агар фарзандҳо қадрат бидонанд,
Туро дар курсии заррин нишонанд!

Намонандат, ки шӯрию ситезӣ,
Наранҷонандат – аз чашм ашк резӣ.

Ту, охир, модарӣ, номат азиз аст,
Тамоми ҳарфу пайғомат азиз аст.

Ба олам қаҳрамонон додаӣ ту,
Бузургони ҷаҳонро зодаӣ ту!

Вале афсӯс, сад афсӯс, Модар,
Набошад панҷаҳо бо ҳам баробар.

Чӣ мавҷуданд дар байни аҳолӣ
Ҷавонони сатанги майнахолӣ.

Туро дар назди зан, аз бетамизӣ,
Ҳамедонанд монанди канизе.

Намегӯянд: мӯи ту сафед аст,
Таги ҳаштод ҳам синнат расидаст.

Агар авқотро даррав наёрӣ,
Арӯсу бачаат бидҳанд хорӣ.

Агарчи модарӣ ту, модарӣ ту,
Гаҳе муште биёяд бар сари ту.

Дилат нарм аст, тоқат мекунӣ ту,
Ба фарзандон саховат мекунӣ ту...

Туро, охир, чунон як қудрате ҳаст,
Наё назди чунин фарзандҳо паст!


Бидидам ҳоли нангинро на як бор,
Дилу ҷони маро бинмуд афгор.

Намудам инчунин, Модар, кунун азм,
Якеро то кашам дар риштаи назм.

Дар ин корам ту бар ман роҳ бинмой,
Хато гӯям агар, ислоҳ бинмой.

Ба дил қувват, ба чашмон нур ҳастӣ,
Назарногир ҳастӣ, зӯр ҳастӣ!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »