Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - МОДАР НИГАРОН БУД

ГУЛШАН



Ҳама атроф хамӯш, осуда шуд
Аз қадаммонии одамҳо роҳ.
Деҳаро баски дар оғӯш намуд
Шаби хушбаҳраи фасли тирамоҳ.

Фақат аз шохи дарахтон кам-кам
Ба замин барги хазон мерезад.
Занад оромии шабро барҳам
Агар аз кӯҳ шамоле хезад.

Моҳ хам хӯрда, ба рӯи дарё
Сояи кӯҳ азамат меёбад.
Шӯълавар лампа дар ин дам ҷо-ҷо,
Чун ситора ба назар метобад.

Дар ҳамин гуна шаби деҳаи мо
Ду ҷавон аҳди муҳаббат бастанд.
Ҳар ду дилҳои ҷавони худро
Чун сими барқ ба ҳам пайвастанд.

Лек аз ин кист, ки воқиф бошад?
Аҳли қишлоқ ба роҳат ҳама хоб.
Аз сари кӯҳ зиё мепошад
Бори дигар, дами рафтан маҳтоб!
I.


Ин пагоҳӣ ба ҳама тунд вазид
Соиқосо хабари ҳузновар:
Гум шуда духтари марҳум Рашид
Бе ягон ному нишон, вақти саҳар.

Янгааш инчунин амре додаст,
Ки шитобон раваду об орад.
Лаби дарё сатилаш истодаст,
Худи ӯ нест, ягон гап дорад.

Ҳар кӣ з-ин воқеа дар фикре буд:
"Бурдааст об!" – яке мегӯяд.
Дигаре бар амаки ӯ фармуд,
Ки ҳама ҳавлии деҳро ҷӯяд.

Амаки монда ба ҳайрат, нолон
Гуфт: "Охир, ҳама ҷоро дидам.
Нест дар деҳа аз ӯ ному нишон".
Мекашид оҳ амак пур зи алам.

Баччае аз лаби дарё тозон
Омаду гуфт: "Ана рӯмолаки ӯ!"
Дида рӯмолак, амак аз чашмон
Ашк резонд басо дар бари рӯ.

Ашки вай дидаву шӯрид яке:
"Ту гунаҳгор ба ин кор, амакаш.
Зада бас лоф зи қарзи амакӣ,
То ҳамин вақт шудӣ садди раҳаш.

Ӯ зи модар-ку надид осоиш,
Падарашро ҳам аҷал тез рабуд.
Мешунид аз занат афзун коҳиш,
Ана, бо айби ту ин ҳодиса шуд.

Ҳар касе, ки шавад аз ҷонаш сер,
Оташу об яке бозичаест.
Ҷасадашро ақалан ҷӯй, охир,
Амаки духтари "бадбахт", наист!"

Набуд он лаҳза рухи хандоне,
Ҳама з-ин ҳодиса буданд хиҷил.
Лек дарё зада бас туғёне,
Пош мехӯрд ба санги соҳил!..
II.


Деҳаи хурдакаки кӯҳиро
Барқи ленинӣ мунаввар бинмуд.
Дар сари хони ҳама – дар ҳама ҷо
Гуфтугӯ воқеаи Гулшан буд.

Амаки духтари гумгашта фақат
Дар ҳамин лаҳза ба манзил омад.
Бори андӯҳу хаёлу ғурбат
Ҷой карда ба сару дил, омад.


Ҷустуҷӯ карда қади дарёро,
Ҳама деҳоти ҷамоатро кофт.
На зи кӯҳу на зи дашту саҳро
Дараки гумшудаашро ӯ наёфт.

Дохили хона шуд... Аз ҷояш хест
Кулчарухсора зани фарбеҳе.
Дод зад: "Дар ту ба ҷуз раҳме нест,
Ки надодеш ягон танбеҳе.

Оқибат худсарие карда, ана,
Ба сари мову ту кулфат овард.
Ҳама гӯянд, ки: "Ин кори занат".
Музди некӣ, ана, бадномам кард.

Оҳ, фарзанди дигар кас ҳаргиз
Мисли фарзанди худат нест, ки нест.
Ояд аз ҳар сухане қаҳраш тез,
Сабаби худсарии Гулшан чист?!"

Амак аз ин суханон афзунтар
Шуд парешону ба фикре афтод.
Дар ҳамин вақт варо пеши назар
Сурати додаракаш меистод.

Ногаҳон пайкари ӯ ларзида,
Дидаи хеш ба атроф бидӯхт.
Ғами вай боз фузун гардида,
Оташе шуд, ки зи ботин месӯхт.

Гуфт: "Акнун чӣ илоҷе ҳам ҳаст,
Ғайри як фотиҳа бар вай хондан?
Гулшани додари ман рафт аз даст,
Дам фурӯ бар нафасе, хап шав, зан!"
III.


Ҳо, ҳамон ҳавлии болоии роҳ,
Ки зи паҳлӯш равон оби ҷӯст,
Аз ҳама ҳолати Гулшан огоҳ,
Чунки он ҷой таваллудгаҳи ӯст.

Буд сесола, ки аз он манзил
Ҷасади модари ӯро бурданд.
Ба дили хок варо биспурданд,
Шуд аз он рӯз ба Гулшан мушкил.

Хотири духтари худ бинмуда,
Падараш ҳеҷ дигар зан нагирифт.
Ҳар кӣ восита ба ин кор шуда
Маслиҳат дод, ба гардан нагирифт.

Марди ғамхор буд ӯ, тарбия кард
Духтарашрову ба мактаб хононд.
Шуд ба Гулшан падараш ҳам модар,
Меҳри ҷону дили худ бар ӯ монд.

Лек дар синаи худ дарде дошт,
Аҷаб ин аст, ки бепарво буд.
Сари худ ҳеҷ ба болин нагзошт,
Ногаҳ ӯро аҷал аз байн рабуд.

Ин ба Гулшан ғаму дард афзуда,
Ногаҳон зарбаи мудҳиш овард.
Синфи даҳум тамом бинмуда,
Баъди се рӯз азодорӣ кард...

Аз гапи талху пичинги янга
Ботинан Гулшан азобе бикашид.
Аз гапи талху пичинги янга
Қариб омад, ки шавад мӯш сафед.

Гап кушояд, ки: "Ба хондан биравам",
Менамуд коҳиши бисёр амак.
Янгаашро сухан ин буд: "Шавӣ
Садқаи некии мо, кӯрнамак!"

Ҳо, ҳамон ҳавлии болои роҳ,
Ки зи паҳлӯш равон оби ҷӯст.
Аз ҳама ҳолати Гулшан огоҳ,
Чунки он ҷой – таваллудгаҳи ӯст...
IV.


Бори андӯҳ, ки аз марги падар
Ба сари Гулшани наврас афтод,
Муддате аз дилу фикри духтар
Шодию шавқи варо барҳам дод.

Дар ҳаёти падараш хонданро
Мақсади олии худ медонист,
Баъди фавти падараш гуфт: "Чаро
Хонам, аз ман ба падар фоида нест.

Мурда ҳаргиз нашавад зинда дигар,
Аз нав оташ надиҳад хокистар.
Бо падар буд умедам бисёр,
Рафт аз ман ҳама – чун нест падар.

Дили ман ҳамраҳи ашки чашмам
Пора-пора ба замин рехта шуд,
Буд дар дил ҳамаи мақсад ҳам,
Ки ба ҳар порача омехта шуд!"

Ана, Гулшан ба ҳамин фикру хаёл
Ғарқ гашта, ба ситам тоб овард.
Янгааш менамуд афзун ҷанҷол,
Ӯ шикоят ба ягон ҷой накард.

Ҳар дилеро тирамоҳ асту баҳор,
Буд рӯзе чу баҳори дили ӯ.
Беруни деҳа бишуд роҳсипор,
Ғазале хонда ба савти дилҷӯ:

"Дар ишқи ту кас ёди саломат накунад,
Андешаи фардои қиёмат накунад.
Ҳар кас, ки зи дарди ишқ дорад аламе
Бори дигар ишқро маломат накунад..."

Бари кӯҳу сари санге биншаст,
Дур аз янгаву дур аз дигарон.
Месуруд гоҳ баланду гаҳ паст
Аз дилу аз ғами дар дил пинҳон.

Охир, он ҷой ягон шахс набуд,
Лек як санг зи наздаш ғелид.
Сангро дидаву ӯ ҳайрон шуд,
Ба қафо гашта, ҷавонеро дид:

Қад баланду нигаҳаш чун оташ,
Чашми ӯ дида – дилашро бинӣ.

Ҳар ду абрӯи сиёҳаш дилкаш,
Дар лабаш хандаи бас ширине.

Дили Гулшан, ки даме беғам буд,
Гӯӣ, чун мум дар оташ афтод,
Лек аз шарм сари ӯ хам буд...
Он ҷавон беҳаракат меистод.

Дилрабо ҷингилаи мӯи сараш,
Буд чун сурмаю чун мушк сиёҳ.
Хилъати кӯҳканон ҳам ба бараш,
Сӯи Гулшан бинамуд гарм нигоҳ.

Пайкари нозуки Гулшан ларзид,
Дар дилаш ҳисси наве пайдо шуд.
Аввалин бор вай ин ҳолат дид...
Ин ҷавон таҷрибаомӯзе буд.

Гулшан аз меҳру вафо сӯи ҷавон
Як нигаҳ карду қади дарё рафт.
Ғазали ишқи дилашро ба забон
Додаву бо сари пурсавдо рафт.

"Ман шамъаму оташ ба сарам месӯзад,
Парвона шавам болу парам месӯзад.
Доғе ту ниҳодаӣ даруни дили ман,
То даври қиёмат ҷигарам месӯзад!"

Гулшан аз пеши назар шуд пинҳон,
Он ҷавон ҳам зи паи ӯ биштофт.
Хост изҳори муҳаббат бикунад,
Баҳри ин ҳарфи муносиб мекофт.

"Эй дӯст, агар меҳри ту бар мо бошад,
Моро зи раҳи дур чӣ парво бошад?
Хоки раҳи ту шавем рӯзе, ки агар
Як гӯшаи хотири ту бар мо бошад!"

Кори дипломии ӯро мавзӯъ
Маъдани кӯҳи ҳамин деҳа шудаст.
"Баҳри дипломи ҳаётам, – гуфт ӯ, –
Махзани тоза – ҳамин духтар бас!.."


Номи Равшан, ки ҷавон дошт ба худ,
Ҳамчу номаш дили вай равшан буд.
Гулшан аз дида, ки пинҳон гардид,
Равшан он ҷой варо ҷӯён шуд.

Вай ба худ гуфт: Магар буд парӣ,
Ки яке аз назарам шуд ғоиб?
Ту куҷо, гӯё, аё кабки дарӣ?
Аҷабо, чашм ва ё дод фиреб?

Дили Гулшан ба хурӯш омада буд,
К-аз паси санг сараш боло кард.
Дар дилаш ишқ чу оташ зада буд,
Он ҷавон рӯҳи наве пайдо кард...

Ба латофат рухи Гулшан – гулшан,
Гулшани ҳусну ҷавонию ҳаё.
Аз муҳаббат дили Равшан – равшан,
Равшании саҳари меҳру вафо.

Он ҷавон бо дили пур аз ҳаяҷон
Гап намеёфту гулшан медид.
Ин қадар ин дараи кӯҳистон
Ғарқи ҳусн аст чу дар рӯзи ид!

Аз ҳавояш дилу ҷон меболад,
Ин насим аст ва ё манбаи рӯҳ?
Ду дили пурҳаяҷон меболад
Дур аз шаҳр, дар оғӯши кӯҳ.

Аз чӣ бошад, ки забонҳо лоланд?
Гулшан он дам дили равшан медид.
Ҳар ду аз бахт басе хушҳоланд,
Равшан он ҷо рухи гулшан медид...

Як шабе буду шаби зебо буд,
Шаби хушбаҳраи фасли тирамоҳ.
Чӣ шабе буд, ки беҳамто буд,
Ду дил аз мақсади ҳам шуд огоҳ!

Баъди он дар лаби дарё, бари кӯҳ
Гулшан аз нав ба сурудан сар кард.
Дошт овози ғизобахш ба рӯҳ,
Ки фузун шавқ ба дил мепарвард.

Он ҷавон рафт ба донишгоҳаш,
Лек дилро ба ҳамин деҳа ниҳод.
Дар сари роҳ ба дилогоҳаш
Гуфт: то омаданаш монад шод!

Лек Гулшан натавонист дигар –
Монад ин ҷой ба ёраш нигарон.
Янга аз таъна яке зад ништар,
Ки шуд аз дидаи ӯ об равон.

Пас надода хабаре Равшанро,
Ана, он воқеаро фикр намуд.
Амакаш кофт басе Гулшанро,
Лекин аз вай дараке ёфт нашуд...

Дарди ишқ аз ҳамаи дард, ки зӯр,
Каси дилбохтаро гирёнад.
Чун шавад ҳолати Равшан, раҳ дур,
Гар касе ҳодисаро фаҳмонад?
V.


Духтари моҳрухи мӯйсиёҳ,
Ки қаду қомати мавзуне дошт,
Пеш бигрифт ба як мақсад роҳ,
Пушти сар деҳаи худро бигзошт...

Аз раҳи пасту баланди кӯҳӣ
Меравад мошинаи боркашон,
Шӯхдарё чу каманди кӯҳӣ
Зери он морсифат ҳаст равон.

Як ҷавонмард ва як мӯйсафед –
Се нафар яъне дар он мошинаанд,
Ғарқ дар сӯҳбату дар гуфтушунид...
Сеюмин ҳаст ба фикри худ банд.

Чашми шаҳлои худаш дӯхта буд
Ба ҳамон сӯ, ки аз он меояд.
Дар ҳамин лаҳза ба он чашм намуд
Ғурбати янгаи бадгап шояд.


Буд аён аз нигаҳи равшани ӯ –
Мақсадаш дар дили вай пинҳон аст.
Рӯймоле ба сараш, дар тани ӯ
Куртаи дӯхти кӯҳистон аст.

"Кӯҳҳо, деҳаи модарзодам, –
Гуфт дар дил, – зи шумо дур шудам.
Ман аз он янгаи худ ношодам,
Ки ба ин воқеа маҷбур шудам.

Яку ним сол пас аз марги падар,
Ман гунаҳгор, ки бе суд гузашт.
Чун набурдам ба ягон ҷой хабар,
Ба дилам ғусса бияфзуд, гузашт.

Ҳар кӣ аҳволи маро мепурсид,
"Нағз! – мегуфтаму хомӯш будам.
Аз забонам кӣ шикоят бишнид?
Ҳастам иқрор, ки ин айби худам...."

Дар ҳамин лаҳза фаромад мошин
Аз раҳи ағба ба роҳи ҳамвор.
Зиндадил мӯйсафед аз хӯрҷин
Бигирифт думбураи кунгурадор.

Як назар карда ба сӯи духтар
Гуфт: "Аз чӣ ту парешонҳолӣ?
Ба куҷо меравӣ? Дар роҳи сафар
Дур кун фикр... Ту бояд болӣ.

Гӯш бинмой, суруде хонам,
Ки дилатро бинамояд хурсанд!
Ман зи ҳоли ту басе ҳайронам.
Хандаву завқ намо, эй фарзанд.

Писарам, ман бинавозам, ту саро,
Хотири ҳамсафари мо болад.
Ё ҳамовоз шавем, аз дили мо
Кӯҳ хандон шуда, саҳро болад!.."

Карда худ думбураро ҷӯр он пир
Шавқаш афзудаву нохун мезад.
Ҷаста овози хуш аз таҳти замир,
Гӯиё, дакка ба гардун мезад.

"Дар сабза нишин, ки сабза гулзори ман аст,
Ҳар лола зи хуни дили афгори ман аст.
Ҳар ҷо, ки равию ҷои сергул бинӣ,
Он ҷо манишин, ки манзили ёри ман аст.

Дурӣ зи ману зи ман саломат бодо,
Ҷону дили ман фидои номат бодо!
Ман бе ту нафас намекашам дар олам,
Бе ман ту нафас кашӣ, ҳаромат бодо!"

Ҳар қадар буд фараҳбахш суруд,
Балки овози сарояндаи он,
Ҳолати духтар аз ин беҳ нашуд,
Бо ҳамон хотири ношод бимонд.

Гуфт он пир: – Магар тарсидӣ,
Нобалад ҳамсафарон, эй ҷонам?
Номи ман Нур, магар нашнидӣ?
– Ҳофизи халқ Шумо... Медонам.

– Мо равонем чу оби дарё,
Ки равад ҷониби баҳр, эй фарзанд.
Санъати мардуми кӯҳистонро
Баҳри дар шаҳр намоиш додан.

Ту куҷо меравию дардат чист?
Шарм нокарда ба моён фаҳмон!
То нафаҳмам ба дил оромам нест,
Духтарам, шарм накун аз моён.

– Қасд кардам, ки ба марказ биравам, –
Гуфт он духтару пас гирён шуд.
Гиря бигрифт гулӯяш он дам,
Пири ғамхор аз ин ҳайрон шуд.

– Падарат садди раҳат буд магар?
Модарат ё ки намехост равӣ?
– Кош мебуд падар ё модар!
Нур гуфто ба ҷавон: – Мешунавӣ?


Меҳрубонию навозиш бинмуд
Нур он духтари гирёншударо.
– Ғаму дарди ту ба ман равшан шуд,
Падарат нест, "падар" гӯй маро!

Ғам нахӯр, ин Ватани пуршафқат
Менавозад ҳамаро модарвор!..
Мошини боркашон бо суръат
Пеш мерафт ба роҳи ҳамвор!
VI.


Амаки Гулшан азо доштагӣ,
Ҳар чӣ бошад, дили вай ғамгин аст.
Зани он хархаша бардоштагӣ,
Кор дар хона магар вазнин аст.

Пеш Гулшан ҳамаашро мекард,
Буд Гулшан – ба занак осон буд.
Мекашад янга басо оҳи сард,
Хизмати хона бавай мушкил шуд.

Амак аз хоб шабе тарсон хест:
Додараш ҳамла намудаст ба ӯ.
Гуфтааст он, ки аз ӯ норозист,
Пурсидаст он, ки "Бигӯ, Гулшан ку?"

Ҷустуҷӯ кард яке муллоро,
Ки ба арвоҳи вай оят хонад.
Лек нанмуд чунин кас пайдо,
Худи ӯ хонд, ҳар он чӣ донад...
VII.


Мебарад чашм, чи хуш, пӯшидаст
Шаҳр аз барф ба тан пироҳан.
Кӯча бо мавҷи касон ҷӯшидаст,
Бо ҳамин мавҷ равон шуд Гулшан.

Монд аз байни ҳаваскорон ӯ
Бо қарори жюрӣ андар шаҳр.
Гӯӣ, ҳамроҳ бишуд оби ҷӯ
Аз сари кӯҳ гузашта дар баҳр.

Мактаби мусиқавӣ оғӯшаш
Баҳри ин духтари хушхон бикшод.
Дида овози накӯи дилкаш
Саҳна ҳам дар бағал ӯро ҷо дод!
VIII.


Дар газета амаки Гулшан дид
Суратеро ба тамоми қаду баст.
Рӯи он ҷониби ӯ механдид,
Ки амак "оҳ" бигуфту биншаст.

Дар ҳамин вақт фақат бовар кард,
Ки каси гумшудааш зинда будаст.
Он газетро ба зани худ овард,
Гуфт: "Гулшан, ана, артис шудаст."

Зани вай дида, басе шуд дар қаҳр,
Гуфт: "Эй мард, ту нанге дорӣ?
Шарт, бояд, ки равию аз шаҳр
Задаю кӯфта ӯро орӣ!

Тирмизакро нигар, аз сурати худ
Беибо ҷониби кас механдад!"
Расмро бо ғазаб ӯ пора намуд,
Рафт, то тӯшаи раҳро бандад.
IX.


Як мақоле зи куҳан машҳур аст,
Ки пур аз ҳикмати бемисли ҳаёт:
Захми сад теғ равад аз тани кас,
Лек захми сухани бад... Ҳайҳот!

Ду нафар дӯсти Гулшан, к-имшаб
Дер дар хонаи ӯ биншастанд.
З-ӯ иҷозат бинамуданд талаб,
Ҳар ду бар хонаи худшон рафтанд.

Дохили хона бимонд ӯ танҳо,
Радиоро нафасе гӯш намуд.
Ногаҳон бар сари Гулшан зи куҷо
Таънаи янгаи ӯ омад зуд:

"Беҳаё, кӯр кунад ҳаққи намак.
Бо ҷавоне ту ғазал мехондӣ?
Шуда як бори гароне ба амак,
Бад набошӣ, зи падар мемондӣ?.."

Ҳеҷ ин гап наравад аз ёдаш,
Чунки барҳам задани он мушкил.
Он қадар янга азобе додаш,
Монд ӯро фақат, ин гап дар дил.

Некии Нур, ҳамон мӯйсафед,
Низ ҳаргиз наравад аз ёдаш.
Вай нишон дод ба ӯ роҳи сафед,
Чун падар кӯмаку ёрӣ додаш.

"Чоп шуд сурати ман, – гуфт ба худ, –
Инчунин кор басе беҳуда шуд.
Гар бифаҳмад, амакам меояд,
Ки барад ҳамраҳ аз ин ҷоям зуд!"

Лек ин лаҳза ба чашмони азиз,
Тофт иқболи дурахшони азиз.
На амак, ҳомии ӯ мебошад
Партия, давлати ҷонони азиз!
X.


Амак аз деҳа ба марказ биштофт,
Роҳ гум кардаву бо сарсонӣ,
Кӯчаҳо гашта ба саргардонӣ,
Оқибат, хонаи Гулшанро ёфт.

Гулшан ин бегаҳӣ дар хона набуд,
"Дар театр!" – бигуфтанд ба ӯ.
Роҳ паймуд амак бар он сӯ,
Лек ноёфта саргардон шуд.

Дод як мард ба вай роҳ нишон,
Ки даромад ба театр хомӯш.
Дид ором ба зал пиру ҷавон,
Дода бар лаҳни яке духтар гӯш.

Бо қадаш куртаи чун барф сафед,
Туфлии пошнадоре дар пой.
Чашм ноканда ба ногаҳ аз ҷой
Гашт нимхез амаки мӯйсафед.

Андаке монд, ки гӯяд: "Гулшан,
Шуд ҳамин касб писандидаи ту?
Тирмизак, баҳри ту сарсонам ман!"
Лек аз шарми касон биншаст ӯ...

Дигар аз ҷой нашуд ӯ боло,
Дигар ин фикр наёвард ба сар.
Ана, ду қатраи ашкаш ҳоло
Хат кашиданду бишуд рӯяш тар.

Чунки овози пурошӯб асар
Ба дили санг намояд ҳатто.
Ашки ӯро бинамуд афзунтар
Мавҷи пурғулғулаи қарсакҳо.

Навбати Гулшан иваз шуд, он гоҳ
Хест аз ҷой амаки ғарқи хаёл.
Ҷустуҷӯ карда ба назди ӯ роҳ,
Ба паси саҳна гузашт он дарҳол.

Як ҷавон ҳам ба бараш гулдаста,
Номи Гулшан ба забонаш мебурд.
Ёфту ҳадя намуд оҳиста,
Сахтакак дасти варо пас бифшурд.

Дар ҳамин лаҳза амак ҳам бирасид,
Гулшан аз дидани ӯ шуд ҳайрон.
Бо тааҷҷуб лаби худро бигазид,
"Мебарад, – гуфт, – маро акнун он?"

Амакаш ин гапи ӯро бишнид,
Ҳалқа зад ашк ба чашмонаш зуд.
Гулшан ин ҳоли амакро чун дид,
Даст бар гардани ӯ ҳалқа намуд.

Саъй бинмуд, ки назди Равшан
Ашки худро бинамояд пинҳон –
Лек, афсӯс нашуд ин, Гулшан
Ашк дар китфи амак мерезонд.


– Духтарам, – гуфт амак дар охир, –
Омадам, ки барамат ҳамроҳам.
Дида дар саҳна туро ман ҳозир,
Гаштам аз мақсаду аз ин роҳам.

Чор деворчаи ҳавлии мо
Шуд ба овози ту монеъ даме.
Амакатро ту кунун авф намо,
Айби ман ҳам шуда будаст каме...

Гулшан аз ин суханон болида,
Бӯса зад бар ришу бар рӯи амак.
Равшан аз таҳти дилаш хандида,
Дӯхт чашми сияҳаш сӯи амак.
XI.


Аз театр шуда берун онҳо,
Биниҳоданд қадам шодона.
Шаҳр дар баҳри чароғон зебо,
Ҳамчунонест, ки дар афсона.

Омад ин лаҳза ба ёди Гулшан
Деҳаву як шаби хуби тирамоҳ.
Фикр мекард ҳамонро Равшан,
Дили Гулшан магараш кард огоҳ?..

Буд ҳамроҳу намеёфт хабар
Амак аз шавқи дили ду дилдор.
Дар ҳамон саф, Ба димоғи ду нафар
Омад аз пеш, хушо, бӯи баҳор!

1955-1956, ш. Сталинобод.







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »