Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДИЛБАРИ ТОҶИКИ МАН



Меҳрубонам, шодию имони дил,
Ғунчаи дил, ғунчаи хандони дил,
Ҳусни ту ҳусн аст бар чашмони дил,
Меҳри ту дар ҷони дил!

Ман асири наргиси хуммори ту,
Шоду мамнунам зи ҳар гуфтори ту,
Дидаам авҷу ривоҷи кори ту, –
То абад ман ёри ту!

Духтари шоистаи боғи Ватан,
Сӯям ойӣ куртаи атлас ба тан,
Гул бирезам бар сари роҳи ту ман
Шодмону бе сухан.

Бовафо ёри ба ҷон наздики ман,
Равнақи корат умеди неки ман.
Рӯзи идат кун қабул табрики ман,
Дилбари тоҷики ман!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »