Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

СУРАТИ ПОКИ ҶАВОНИИ ДИЁР



Сурати марди наҷибе пеши ман,
Дар нигоҳи ман табассум мекунад.
Ин дили пурсабру дурандеши ман
Бахтро дар худ таҷассум мекунад!

Сурати марди наҷибе пеши ман, –
Бинам аз рухсораи ӯ офтоб.
Ҳаст бо меҳраш басо ташвиши ман,
Ки дар он дидам шукӯҳи инқилоб...

Сурати марди наҷибе пеши ман,
К-аз нигоҳаш нури фардо дидаам.
Баҳри тавсифаш ҳамеҷӯям сухан,
Ҳарфи некеро, ки худ санҷидаам.

Сурати марди наҷибе пеши ман,
Бо хаёле ман тамошо мекунам.
Ҳар қадар гул чидам аз кӯҳу даман,
Лек фикри рӯзи фардо мекунам.

Водии мову ту, ҳам водии ӯ
Аз ҳамин сурат ба худ сурат гирифт.
Дастёри ин ҷаҳони орзу –
Аз ҳавои меҳри ту қиммат гирифт!

Тоҷикистони саодатёри мо
Корҳои безаволе кардааст,
Буди мо,
Нобуди мо,
Хуш кори мо
Дар дилу ҷон меҳри нав парвардааст!

Дар суруди тоҷики дплбохта
Ишқ ҳасту
Ноз ҳасту
Роз ҳаст!
Дар вуҷуди тоҷики дилбохта
Меҳр ҳасту
Сеҳри як овоз ҳаст!

Офарин гӯем дар рӯзи саид
Пахтакорони муборакрӯзро!
Роҳашон чун пахтаҳо бошад сафед,
Таҳният бодо дили фирӯзро!..

Дӯстон, аз коратон шодем мо,
Мардиву мардонагӣ ҳам ин бувад.
Аз шумо хушҳолу ободем мо,
Саъю кӯшиш баҳри мо оин бувад!

Сурати марди наҷибе пеши ман,
Сурати поки ҷавонии диёр.
Ин дили пурсабру дурандеши ман
Аз чунин сурат намояд ифтихор!

Дар вуҷуди тоҷики дилбохта –
Меҳр ҳасту
Сеҳри ин овоз ҳаст...
Дар суруди тоҷики дилбохта: –
Ишқ ҳасту
Ноз ҳасту
Роз ҳаст!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »