Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ХАНДИДА БИЁ...



Дар пеши ҷамоли ту ғазалхон атлас,
Бар қомати мавзуни ту ларзон атлас,
Дар субҳи висол зеби майдон атлас,
Пӯшидаи онро тую – хандон атлас!
Хандида биё, ки хандаат дар ҷон аст,
Хандида биё, ки оламе хандон аст!

Ҳар як нахаш аз шуои ишқ аст, бидон,
Нури саҳари ҳавон ишқ аст, бидон,
Ҳар як нахаш аз шуои ишқ аст, бидон,
Ҳуснаш дили пурбаҳои ишқ аст, бидон!
Хандида биё, ки хандаат дар ҷон аст,
Хандида биё, ки оламе хандон аст.

Бар қомати мавзуни ту ларзон атлас,
Дар пеши ҷамоли ту ғазалхон атлас,
Пӯшидаӣ онро тую – хандон атлас,
Дар субҳи висол зеби майдон атлас!
Хандида биё, ки хандаат дар ҷон аст,
Хандида биё, ки оламе хандон аст!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »