Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ТУ ДАР ҶОНУ ВУҶУДИ ТОҶИКОНИ НЕК ҶО ДОРӢ



Самарқанди азиз, аз Панҷакент овардамат пайғом,
Ки бошад ин саломи Тоҷикистони муборакрӯз.
Дар оғӯшат гирифта Рӯдакии покдил илҳом,
Дар оғӯши ту авлодони вай буданд дарсомӯз!

Ту дар ҷону вуҷуди тоҷикони нек ҷо дорӣ,
Ки дар васфат сухан дорад Низомии самарқандӣ!
Расонидӣ ба воят он қадар мардони ғамхоре,
Ҳама доранд онҳо баҳри ту сад меҳри фарзандӣ.

Зиёратгоҳи бобоёни бебокам – ту мебошӣ,
Ки акнун хоки онҳоро зиёрат менамоям ман.
Ба ҳар як омадам дар дидаи ман нур мепошӣ,
Зи рӯи меҳр ҳар як зарра хокатро сароям ман.

Ту акнун ид дорӣ, иди нек... аз баҳри табрикат
Дилам мехост: бобоёни ман аз хок бархезанд.
Барои меҳрубонию барои ҳурмати некат
Гули садҳо баҳоронро ба пеши пои ту резанд!

Самарқанди азиз, аз пойтахти мулки тоҷикон
Ба номи ту саломи оташине мефиристонам,
Басо фарзандҳоят гашта ин ҷо соҳиби даврон,
Ки аз ин рӯ туро ман соҳиби ҳар кор медонам.

Агар мебуд Деҳотии устодам, – ба номи ту
Ғазалро ё сурудеро ба тарзи хубтар мегуфт.
Юсуфӣ – аз замири худ барои эҳтироми ту
Суханҳои пур аз меҳре дар оҳанги зафар мегуфт!

Вале ман дарднокам, дардноки зодагони ту,
Ки дар ин рӯзи некат шеърҳои нав намехонанд.
Улуғбеки фалактасхир бошад достони ту,
Сурудатро ба номи зодагонат – халқ медонанд.

Агар рӯихате бинвисам – олам пур мегардад,
Биё, як нуқта бигзорам, ки меҳри беҳисобам ту.
Накӯномет ҳаст, он дар ҷаҳон машҳур мегардад...
Ҳаётам ту, ҷаҳонам ту, баҳорам ту, китобам ту!

Ту, охир, муттакову ёдгори суғдиён ҳастӣ,
Дуруди ман – суруди бекарони рӯзгорон аст.
Баҳори беғаше ҳастию ҷонию ҷаҳон ҳастӣ,
Ба ҳар сӯят назар бинмуда мебинам: баҳорон аст!

Самарқанди азиз, аз Панҷакент овардамат пайғом,
Ки бошад ин саломи Тоҷикистони муборакрӯз.
Дар оғӯшат гирифта Рӯдакии покдил илҳом,
Дар оғӯши ту авлодони вай ҳастанд дарсомӯз!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »