Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

МӮҚАЛАМ БАР ДАСТИ РАССОМЕ РАСАД




Аз вафову меҳр пайғоме расад
Доимо бар дӯстдорони ҳаёт!..
Мӯқалам бар дасти рассоме расад,
Ки даруни сина дорад ҳиссиёт!

Тиннати поке бувад рассомро –
Мӯқалам ҳусни баҳорон мекашад.
Дида истиқболи ин айёмро,
Сурати аслии ёрон мекашад!

Ботини рассом агар бошад сиёҳ,
Равшаниро тира мебинад мудом.
Бо дили каҷ мекунад ҳар сӯ нигоҳ,
Бар намакдон ҳам надорад эҳтиром...

Санъати халқ аз бадон гардад халос,
Ҳаст вай дар инкишофи мунтазам.
Кун ҳаёти неки моро инъикос
Бо ҳазорон рангу бӯ, эй мӯқалам!

Номи санъаткор мебошад баланд,
Кори рассомон ба халқ ояд писанд –
Партия бар он башорат медиҳад,
Он ба дилҳо бас ҳарорат медиҳад!

Аз зафар ҳар лаҳза пайғоме расад,
Кишвари мо кард кашфи коинот...
Мӯқалам бар дасти рассоме расад,
Ки даруни сина дорад ҳиссиёт!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »