Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДОНИШГАҲИ МАН



Донишгаҳи ман!
Боз дар оғӯши ту ҳастам,
Бар шавқи дили ман набувад ҳеҷ каноре.
Ман нуру сафоят ба дилу дида парастам,
Сар бар фалак афрохта бо меҳри баҳорӣ!

Донишгаҳи ман,
Боз дар оғӯши ту ҳастам,
Дар ҳастии ман субҳсифат сидқфизоӣ!
Ман равнақи ҳар кор ба номи ту бубастам,
Зеро ту ба ҳар кор маро роҳнамоӣ!

Ҳар аҳсану табрик ба ҳар ҷой шунидам,
Онҳо ҳама аз меҳри туву марҳамати туст.
Бар қуллаи мақсуд агар имрӯз расидам,
Фарзанди ту ҳастам, ҳама аз тарбияти туст!..

Бо матлабу бо мақсади омӯхтани илм
Ман аз деҳи кӯҳсор шудам роҳсипорат.
Бо мақсаду бо матлаби омӯхтани илм
Ман омада будам, ки гирифтӣ ба канорат.

Шуд роҳи ҳаётам зи ҳамон рӯз муайян,
Устоди муборакдили маҳбуб сабақ дод.
Хонандаи саркаш нашудам, толеи равшан
Омад ба сарам аз дили покизаи устод!

Чун аз ту гирифтам ҳамаи буду набудам,
Чун аз ту гирифтам сари ин роҳи дарозам, –
Овардаам имрӯз ба номи ту сурудам,
Дар пардаи меҳри ту ман онро бинавозам!

Сар бар фалак афрохтам, дил бисарояд:
Фарзанди фидокори ту монам ҳамаи умр.
Имсол бар оғӯши ту фарзанди ман ояд, –
Шогирди вафодори ту монам ҳамаи умр!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »