Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ИН ЧӢ НИГОҲЕ?



Даври ману даврони ту, оҳубараи ман,
Дастури вафо дода ба мо... Ин чӣ нигоҳе?!
Чашмони ту, чашмони ту, оҳубараи ман,
Афсун бинамуданд маро дар сари роҳе.

Афсун бинамуданду забонам бигирифтанд,
То рози дили худ ба ту гуфтан натавонам?
Гӯё, ҳамаи тобу тавонам бигирифтанд,
Он гуна, ки ҳарфи ту шунуфтан натавонам...

Дар мактаби афсунгарӣ оё ту бихонӣ?
Дар назди ту истодаам, аммо зи чӣ лолам?
Огоҳ кун, охир, ту аз ин сирри ниҳонӣ,
Бикшой даме ту гираҳи банди хаёлам!

Бо як нигаҳ оё ту маро хоб равондӣ?
Бар ростии қавли дилам боварат ояд?..
Ин таҷрибае буд, ки бо ман гузарондӣ?..
Бигзор, дилам ҳастии худ бар ту кушояд!

Ҷуз меҳри бузургат набувад дар дили покам,
К-онро худи ту, рости гап, хуб бидонӣ.
Ту оинаи бахтию ман зарраи хокам,
Бо номи ту омӯхтаам завқи ҷавонӣ!

Дар цирк туро дида, асират шуда будам,
Қоил ҳамаро кард дар он дам ҳунари ту.
Дар шеър на як бор туро ман бисурудам,
То дил бишавад шӯълаи шому саҳари ту!

Даври ману даврони ту, оҳубараи ман,
Дар ишқ нахоҳад на дурӯию сипоҳӣ...
Чашмони ту,
Чашмони ту, оҳубараи ман,
Афсун бинамуданд маро... Хоҳӣ-нахоҳӣ!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »