Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ЗАБОНИ КӮҲРО МАН ДӮСТ ДОРАМ



Маро ҳамраъй бишморед, ёрон,
Ки ҳастам зодаи ин кӯҳсорон,
Сароям иқтидори рӯзгорон.

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам!

Кунун бар кӯҳ агар ошиқ набошам,
Ба мавҷи руди он содиқ набошам, –
Ба ҳарфи некатон лоиқ набошам...

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам.

Ҳазор оҳанги садҳо тор дорад,
Дил аз меҳру сари саршор дорад,
Ҳавои беғаши гулзор дорад –

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам.

Чу тифли нотавон будам – парастид,
Гули пажмурдаҷон будам – парастид,
Забони безабон будам, – парастид.

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам!

Ман акнун бо хаёлаш барфурӯзам,
Ба ҳар як резасангаш чашм дӯзам,
Зи меҳраш олами ғамро бисӯзам, –

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам!

Тамоми ҳарфи он дар гӯш гирам,
Ғамаш бошад агар, – бар дӯш гирам,
Вуҷудашро ба ҷон оғӯш гирам...

Ҷаҳони рӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам.

Ҷаҳони кӯҳ пурасрору зебост,
Дили пурганҷи он зӯру тавоност!
Забонаш баҳри ҳар кӯҳзод фаҳмост,

Ҷаҳони кӯҳро ман дӯст дорам,
Забони кӯҳро ман дӯст дорам.

Касе бошад – забони он нафаҳмад?
Нафаҳмад, лаззати даврон нbrbrbrафаҳмад,
Суруди форами кайҳон нафаҳмад!..

Забони кӯҳро ман дӯст дорам,
Ҷаҳони кӯҳро ман дӯст дорам!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »