Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ПИРОНИ ҶАҲОНДИДА СУХАН МЕГӮЯНД



Пирони ҷаҳондида сухан мегӯянд,
Бояд ҳамаро аз дилу ҷон гӯш кунем.
Пирони ҷаҳондида сухан мегӯянд,
То шамси мунирро дар оғӯш кунем.

Саъю ҳаракат зиёдтар мебояд,
Савганди вафои худ набояд бишикаст.
Иқбол на бо пои худаш меояд,
Оранд варо ба азму кӯшиш бар даст.

Уммеди дилу роҳи фалакпаймоӣ
Сарриштаи рӯзгори ояндаи мост.
Бо ҷаҳд агар бастараҳе бикшоӣ, –
Ин марҳамати ҷаҳони пояндаи мост.

Тақдири замона чун ба дасти ману туст,
Роҳи шарафи умр ба мардум ту бидеҳ.
Коре бинамой то бигӯянд: Дуруст!
Бо сидқу вафо кушой ту бастагиреҳ!

Аз нохуни пой то ба сар – гӯш шавем,
Пирони ҷаҳондида сухан мегӯянд.
Бо ҳастии хеш бояд онро шунавем,
Чун ҳарфи муҳаббати Ватан мегӯянд!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »