Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

САРЧАШМАИ ҲАЁТИ МО ДАР ҚУЛЛАИ ВАФОСТ



Бахти баланди халқи ман аз як ситораест,
Аз он ситорае, к-аз он, дар ҷон, шарораест!
Бар он ситораи умед афзун навораест,
Зеро ки он нишонаи иқболи бобақост!

Чун корҳон неки дил мақбули давр шуд,
Меҳри дили ҷаҳониён бар наҷми мо фузуд,
Оинаи хаёл ҳам рахшандагӣ намуд,
Охир, ҳамин ситорае рашки дили самост!

Шаъну шукӯҳи кишвари моҳо бақо пирифт,
Боғу баҳори одамӣ ҳусни расо гирифт.
Аз интиҳои ғуссаҳо умр ибтидо гирифт,
Бо нури он ситорае, к-он дар замини мост!

Ҳар зарра хоки ин замин дар дил шарораест,
Ҳар боғу роғи ин замин ҷои назораест,
Бахти баланди халқи ман садҳо ситораест,
Сарчашмаи ҳаёти мо дар қуллаи вафост!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »