Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДАР НАБАСТАМ



Дар набастам,
Дидаам дар роҳ буд.
Аз дилам танҳо дилам огоҳ буд.
Менишастам...
Хестам бо ёди ту,
Дар фазо дидам,
Ки хандон моҳ буд.
Моҳ буду ошиқонро хуррамӣ,
Нури он бар боғу деҳу кӯҳ буд.
Хуб.
Ишқ асту вафои одамӣ,
Шавқ оташ буд,
Оташ рӯҳ буд!
Дар набастам,
Менишастам беқарор,
Аз барои ту ҷаҳон оростам.
Дар набастам,
Аз дарам омад баҳор,
Ман ба истиқболи ту бархостам!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »