Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ҚАДАҲЕ АЗ БУЛӮР ДАР ДАСТАТ



Қадаҳе аз булӯр дар дастат,
Гӯиё, ҷоми нур дар дастат.
Давраи дӯстони беҳамтост,
Тори дил гашта ҷӯр дар дастат.

Сухане гӯй – шодӣ афзояд,
Гираҳу банди сина бикшояд.
Қадаҳе аз булӯр дар дастат,
Сӯҳбатат давраро биорояд.

Сухане – номи он қадаҳ бошад,
Қадаҳе, ки пур аз фараҳ бошад.
Фараҳе то зи дил шавад ҷогир,
Ҷо дар он дил, ки бегунаҳ бошад!

Боз фасли баҳор меояд,
Боз савти ҳазор меояд...
Қадаҳи ту ба пешвози гул
Баҳри рафъи хумор меояд.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »