Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

БАР ҶОНИБИ ХУРШЕД ТУ ПАРВОЗ КУНӢ



Сад парда,
Ҳазор парда дорад дили ман,
Дар тори вуҷуди ман навоз, эй дилбар!
Мизроб бар он туро шуморад дили ман,
Бинвоз маро ба меҳру ноз, эй дилбар!

Мағрур машав,
Ки вақти мағрурӣ нест,
Бар ҷониби хуршед ту парвоз кунӣ.
Оромию осудагиат чун олист,
Болу пари худ зи ишқи ман соз кунӣ!

Ҳар ҷо бирасӣ –
Суол бинмой аз ман,
Ман шому саҳар ба ту каромат хоҳам.

Аз ёд мабар,
Хаёл бинмой аз ман,
К-аз ҷону дилам ба ту саодат хоҳам.

Парвоз намо,
Замони парвоз аст ин,
Аз қалби ҳаёт бишнавам овозат.
Парвоз намо, маро зи афлок бубин,
Фикрам ҳама умр аз паят метозад.

Ту мепарию мебарӣ афкори дилам,
Ин кори ту эъҷоз шуморад дили ман.
Баргашта биё, навоз дар тори дилам,
Сад парда,
Ҳазор парда дорад дили ман!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »