Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДИЛИ ХУДРО БА РӮИ КАФ БАРОРЕМ



Магар ин моҳи равшан, ин ситора
Табассум дар лабони ёри мо буд?
Дили шабро намуда пора-пора,
Ба субҳи васли ҷонон роҳ бикшуд.

Сафо дар руҳи субҳи бениёз аст,
Вафо дар мағзи ҷони дилбари мост.
Даруни ҳар гулу ҳар бутта роз аст,
Ки бӯяш шодию болу пари мост.

Дили худро ба рӯи каф барорем,
Ба боди субҳ он ҳамроҳ гардад.
Пас онро дар раҳи ҷонон гузорем,
Суруди муддао оғоз гардад.

Насими мушкбӯ аз кӯҳ ояд,
Навозиш карда ҳар гулбуттаеро.
Ба ҷисми гулпарастон руҳ ояд
Фано бинмуда ҳар ношустаеро.

Дили шабро намоям пора-пора,
Барояд гармрӯ хуршеди масъуд...
Магар он моҳтобу он ситора
Табассум дар лабони ёри мо буд?




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »