Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ЯК ПОРА ОТАШ



Нигоҳаш буд чун як пора оташ,
Табассум дар лабонаш – мавҷи дарё.
Рухаш садбарги софе буду беғаш,
Хаёлаш офати ҷону дили мо.

Ба ҳазлу шӯхию ҳозирҷавобӣ
Ҷавононро асири хеш мекард.
Ҷамолашро бубинад офтобе,
Дили худро ҳазорон реш мекард.

Гули софи баҳори зиндагонӣ,
Шукуфту дар тароват бебаҳо шуд.
Аҷоиб духтари ширинзабоне,
Ҷавонеро шарики бовафо шуд.

Ба паймонаш вафо карду вафо дид,
Саодат баҳри вай бикшод оғӯш.
Баногаҳ вай садои тифл бишнид
Зи байни нағмаҳои ишқи пурҷӯш.

Дилаш болиду табъаш бол бикшод,
Хаёлаш ким-куҷо якбора биштофт.
Баҳори ишқаш аз ҳосил дарак дод,
Зи рӯи шавҳараш ҳам шавқ дарёфт.

Дами субҳи муборак, субҳи фирӯз,
Бишуд як кӯдаки зебо таваллуд.
Чӣ сон, охир, наболад вай дар ин рӯз?
Худаш модар, шарики ӯ падар шуд!

Ҳама ҳусну ҷамолашро бубахшид
Ба он кӯдак, ба он навзоди дилкаш.
Бақои умр ҳаст ин, дорад уммед,
Ки гулхан гардад он як пора оташ!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »