Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

МАКТУБ

Ба писарам Ҷовид


Туро ман ёд кардам, ёд кардам,
Дилу ҷонам, ҷигарбандам, писарҷон!
Баҳори умри худ бунёд кардам –
Гули рӯи ту чун бишкуфт дар он...

Баҳори умри ман хушрӯй бо туст,
Шукуфон аз рухат боғи ҳаётам.
Гули бахтам чунон хушбӯй бо туст,
Димоғам болад, афзояд нишотам.

Набинам гар туро як рӯз, ҷонам,
Напурс аз бедимоғии дили ман.
Зи дуриат ба ҷон роҳат надонам,
Чу бе дидори ту дил нест равшан.

Ту бо ду дасти хурду нозуки худ
Бигирӣ гардани манро дар оғӯш,
Чи сон бахти бузурге бошад ин? Зуд
Ғами олам шавад аз ман фаромӯш!

Замоне ман ба ишқи модари ту
Куҷо донӣ, азобе мекашидам.
Калон гардиву ояд бовари ту...
Кунун ман роҳаташро аз ту дидам.

Ниҳодам номи ту – Ҷовид, умедам,
Ки бар иқболи ман ҷовид бошӣ.
Ҷигарбандам, ба пирӣ чун расидам,
Ту болои сарам хуршед бошӣ!

Миёни кӯҳҳо бо ёди рӯят
Даво гирам ба ҷони дардмандам.
Ба ман аз ҳар гиёҳ оварда бӯят,
Насими кӯҳ созад сарбаландам.

Тамоми ҳастии кӯҳҳо дилафрӯз,
Ки ҳар як санг дорад дилрабоӣ.
Калон гардию хонию ягон рӯз,
Аҷаб не, сирри онҳоро кушоӣ.

Ту ҳоло хурдиву бар номахонӣ
Надорӣ иқтидор, эй умри шодам.
Бихонад модарат, гӯяд ниҳонӣ,
Ки ман дар хат дили худро ниҳодам!

Навиштам нома, дилро шод кардам,
Вагарна дурӣ аз ту – нест осон...
Туро ман ёд кардам, ёд кардам,
Дилу ҷонам, ҷигарбандам, писарҷон!
1957





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »