Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

АЗ ШУМО ҲАР СУХАН ЧӢ ШИРИН АСТ



Дӯстон, дӯстон! Шумо хубед,
Дили пуроташи накӯ доред.
Ин қадар бовафою маҳбубед,
Ин қадар меҳрубону ғамхоред!

Омадед, ин барои ман бахт аст,
Шод бошед бо саодати умр.
Зистан бе шумо аҷаб сахт аст,
Бо шумо бошадам шаҳомати умр.

Бо шумо, дӯстони ҷоноҷон,
Аз дари хонаам баҳор омад.
Хуш, баҳори рафоқату паймон,
Хуш, баҳори шарафнисор омад!

"Меравам, меравам" нагӯетон,
То саҳар гуфтугӯй месозем.
То зи авҷи суруди пуртуғён
Ҳалқа дар гӯши моҳ андозем!

Шаби ин шаҳр пурсафо бошад,
Бӯи гул бар машоми мо резад.
Хоби ин субҳ то куҷо бошад?
Мон, ки вай аз садои мо хезад!

Оҳ, ин хона шуд басо рахшон,
Баски бо нури худ даромадаед.
...Меравед? Ин чӣ омадан, ёрон?
Магар аз баҳри оташ омадаед?

Наравед! Илтимоси ман ин аст,
Ки дилам боз ҳам кушода шавад.
Аз шумо ҳар сухан чӣ ширин аст,
Давлати дӯстон зиёда шавад!

Дӯстон, дӯстон! Шумо хубед,
Дили пуроташи накӯ доред.
Ин қадар бовафою маҳбубед,
Ин қадар меҳрубону ғамхоред!



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »