Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ҲАРОРАТСАНҶ



Намерафтам ба духтурхона зинҳор,
Набуд, охир, ба духтур ҳеҷ тобам.
Ту ҳам духтур шудӣ, имрӯзҳо ман,
Чӣ бошад, ки ба наздат мешитобам?

Ҳама ёру рафиқон, дӯстонам
Ба ҳайрат монда аз ин хел рафтор.
Ту боре бадгумон гардида, гуфтӣ:
"Чаро, охир шумо ҳар рӯз бемор?"

Ту ҳар гоҳе, ҳароратсанҷ монда,
Ҳароратро намекардӣ муайян.
Тааҷҷуб менамудӣ пай набурда,
Ки беш аз чил ҳарорат дар дили ман.

Азизам, бори дигар наздат оям,
Ҳароратсанҷи худ як сӯй бигзор.
Ба чашмонам нигар,
дардам аз он бин,
Вагарна бо ҳароратсанҷ душвор!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »