Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ХУБ ҲУСНЕ, КИ ӮСТ МОДАРЗОД!



Чашм дар роҳи ту нишастам дӯш,
Гоҳ бо замзама, гаҳе хомӯш.
Шарфаи пои ҳар киро шунавам,
Ҷаста аз ҷой менамудам гӯш.

Чунки дил тез диданат мехост,
Ҳолати он ба ошиқон фаҳмост.
Шояд онро ту низ пай бурдӣ –
Ин мулоқоти аввалини мост.

Дпда будам туро нахустин бор
Ба сари дастгоҳ, вақти кор.
Ба рухат – холи хурдакак дидам,
Ки туро буд зинати рухсор.

Он ба ҳусни ту ҳусн меафзуд,
Дил ба он ҳусни тоза моил шуд...
Омадӣ, обу ранг дар рӯят,
Ки аз он холи хурдакак нанмуд.

Андаке шуд дилам аз ин ношод,
Чӣ зарур аст обу ранги зиёд?
Ҳаст ҳар корро як андоза,
Хуб ҳусне, ки ӯст модарзод!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »