Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

СУРУДАМ АЗ САДОҚАТ БОЛ ДОРАД



Суруди ман даруни дил чароғ аст,
Ки дар он шодии сад боғу роғ аст.
Баҳори ҷовидон дорад диёрам,
Зи бӯи ҳар гули он хуш димоғ аст!

Ҳавои хуррами иқбол дорад –
Сурудам аз садоқат бол дорад.

Ба шаъни шаҳри ҷонон ман сароям,
Сафои ҳар хиёбон ман сароям.
Биноҳои базебаш мебарад дил,
Ки бо шавқи баҳорон ман сароям.

Ҳавои хуррами иқбол дорад, –
Сурудам аз садоқат бол дорад.

Ман аз имрӯзу аз оянда болам,
Зи даври шӯҳратафзоянда болам.
Фидокорам, вафодорам ба халқам,
Ман аз ин толеи поянда болам!

Ҳавои хуррами иқбол дорад, –
Сурудам аз садоқат бол дорад!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »