Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Сарвати дил - Ш Е Ъ Р Ҳ О

ДИЛ НАЗДИК



Муддате хоҳӣ буд дар Москав?
Мекунам орзуи роҳи нек!
Москва дур не, саломат рав,
Дур аз дидаву ба дил наздик.

Меҳрубонам, ту дар вафо бошӣ,
Дили ман бо ту, дон, ки ҳамроҳ аст.
Дар чунин даво, ҳар куҷо бошӣ,
Роҳи байни ману ту кӯтоҳ аст!
1957





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »